Print

Муроҷиатномаи ҷавонони шаҳри Истиқлол ба ҷавонони шаҳри Хоруғ

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Шукри Истиқлолияту шукри Ваҳдати миллӣ, ки моро ба сўи ормонҳои хеш ва ба қуллаҳои муроди ҳазорсолаи ҳамрайъӣ ва муттаҳидӣ оварда расонидааст. Аввалан соҳиби Ватан будан ҷойи ифтихору сарбаландист, зеро имрўзҳо барои якчанд миллатҳое, ки орзуи он доранд ин муяссар нашудааст.

Барои ҳамин мо бояд ба қадри ҳар як зарраи хоки муқаддаси Ватани азизамон бирасем ва чуноне ки бузургони мо гуфтаанд ватандорӣ як гўшаи имондорист.

Тинҷиву оромӣ, сулҳу субот, сарҷамъиву муттаҳидӣ ба мо имкон медиҳад, ки сарбаландона дар куҷое набошад фаъолият намоем. Барои мо ҳамин басанда аст.

Мо ҷавонони шаҳри Истиқлол имрўзҳо аз он шод ҳастем, ки зери дастуру супоришҳо ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи ободонию созандагӣ гомҳои устувори хешро ниҳода истодаем. Ифтихор аз он менамоем, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгири мо ҷавонон буда, дар ҳама баромадҳои худ ҷавононро ояндаи миллату давлат мешуморанд. Ва дар ҳақиқат мо ҷавонон бояд бидонем, ки ояндаи ҷомеаи мо, ҳифзи марзу буми он ва муаррифии кишвари азизамон дар арсаи ҷаҳон дар дасти мо мебошад.

Муҳтарам ҷавонони шаҳри Хоруғ!

Мо барои ватандӯстиву ватнапарварии ҳар яки Шумо эътимоди калон менамоем ва итминон бар он дорем, ки Шумо ҳам дар радифи ҷавонони дигар шаҳру навоҳии кишвари азизамон Тоҷикистон камари ҳиммат баста, барои ҳифзи ҳар зарра хоки он, рушду таррақиёт ва ояндаи неки он саҳмгузор ҳастед.

Аз ин рӯ мо ҷавонони шаҳри Иститқлол ба Шумо муроҷиат намуда, даъват ба амал меоварем, ки барои пешгирии ҳар гуна ҷиноятсодиркуниҳо дар байни ҷавонон ва даст назадан ба амалҳои номатлуб, бо кулли ҷавонони кишварамон ҳамақидагии хешро роҳандозӣ менамоед.

Ба бархе аз ҷавононе, ки имрӯз даст ба ҷинояткорӣ задаанду фирефтаи иғвои душманони мо гардидаанд бояд, таъкид намоем, ки ин гуна амалҳо ба ояндаи ҷомеаи мо созгор набуда, метавонад подоши ҳузнангезе ба бор оварад.

Дар хотир дошта бошед, ки он ҷавонони бонангу номуси Хоруғ, ки ҳамраъйии моро қабул медонанд, алайҳи ҷинояткорону силоҳбадастон ва нафароне, ки ниятҳои ғаразнок доранду оромии моро хушбин нестанд, муборизаи беамон мебаранд ва теша бар решаи душманон мезананд! Аз хотир фаромӯш накунед, ки амалҳои ҷиноятӣ ба фоидаи ягон инсон дар рӯйи замин набуду нест.

Ба гуфти халқ: Бад макун, бад маяндеш, то бад наоядад пеш!

Share