Печать

“Қаҳрамонҳо”-и наҳзат

(0 votes, average 0 out of 5)

Бегоҳи рӯзи чоршанбе аз шабакаи телевизионии Ҷаҳоннамо навореро таҳти унвони “Решаҳои ноаён” тамошо кардам. Аз таассуфхӯриҳову пушаймониҳои яке аз фаъолони ҳизби террористии наҳзат Қиёмиддини Ғозӣ дидан карда, кас дар ҳайрат мемонад. “Ҷенерол”-и мардумӣ чун гурги тирхӯрда аз рафторҳои ношоистаи худашу ҳамҳизбонаш, ки боиси марги садҳо ҳазор нафар сокинони кишвар гардидааст изҳори нигаронӣ карда, ҳизби наҳзатро хатокор, фирефташуда, хиёнаткор меҳисобид.

Маҳкумшуда Қиёмиддини Ғозӣ аз сафари оғоҳои эронӣ ба кишварамон Тоҷикистон чӣ ҳангоми ҷанги шаҳрвандиву чӣ баъди ваҳдати миллӣ, пешкаш намудани долларҳо барои вайрон кардани суботи кишвар, ташкили корҳои тарғиботӣ, бахусус эронгароиву шиъанамойӣ, нақшакашиҳои тахрибкорона бар зидди давлату миллат ва дигар рафторҳои хиёнаткоронаи наҳзатиҳоро як-як дар ин навор гуфта дод. Ҳатто соли 2006 ин афрод, яъне наҳзатиҳо бо дастгирии оғоҳои эронӣ ҷамъ омада, нақшаи даҳсолабаъди ташкили амалҳои террористонаи худро кашида будаанд ва оқибат баъди 9 сол ин нақшаашон амалӣ шуду террорист ҳоҷӣ Ҳалим бо кумаки Кабирӣ хост таҳаввулотро ба миён орад, вале тирашон хок хӯрд, аксар безарар карда шуданд. Ба чуз якчанд нафар чоплус ва душмани халқ, дигар нафаре Ҳалими экстремистро дастгирӣ накард, зеро мардум медонистанду имрӯзҳо медонанд, ки онон хатокоранду даъвати онон ғайриисломӣ ва ғайримаърифатӣ буду ҳаст.

Дар он навор ҳоли зори ҳаммиллатону ҳамватанони мо дар кишвари бегона, ғарибиву гуруснагӣ ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар нишон дода шуд, вале аз он рӯзи сахти тоҷику тоҷикистонӣ наҳзатиҳо бо дурӯғи кӯмак ба гуруснагон аз душманони пасипардагӣ маблағ меситонидаанд. Дар рӯзи бади душман ҳатто хушнудӣ раво нест, аммо дар мулки дигар ҳаммиллату давлати худ хун мехурду, инҷо наҳзатиҳо “нулашон дар равған”. Хаймадӯстдориҳои наҳзатиҳо собиқа дошта будааст.

Навореро аз баромадҳои соли 93-юми Ғозӣ тамошо карда будам. Хандаовар он аст, ки ҷавононро насиҳат мекард, ки боимон бошед, намоз хонед ва ғайраву ва ҳоказо! Лекин чуноне ки дар навори “Решаҳои ноаён” шогирдаш гуфт Ғозӣ намоз намехонд, вақте пурсон шуданд, яке аз хидматгузорон гуфтааст, ки “устод”яксола намозашонро дар Макка хондаанд, ин кадом дину мазҳаб ҳаст? Ин тавр ибодат дар мазҳаби Ғозисохта раво ҳасту халос!

Дар умум, амалҳои нобакоронаи наҳзатиҳо оҳиста – оҳиста ифшо шуда истодааст. Чуноне ки Ғозӣ дар охири баромадаш дар “Решаҳои ноаён” қайд кард, узр хост то халқу Худо ӯро аз рафторҳои ҷинояткоронааш бубахшад, даҳҳо афроди саркардагони дигари наҳзат ҳастанд, ки чунин мехоҳанд. Рӯзе мерасад, ки онон низ шармандаву шармсор аз рафтори хеш бо сари хам дигар асрорҳои наҳзатро хоҳанд гуфт.

Албатта навори “Решаҳои ноаён” бояд давом ёбад ва парда аз болои рафтори хунини наҳзатиҳоро бардорад, то ҷавонон аз тарғиби дурӯғини онон боз ҳам маълумотҳо пайдо намоянд.

Бузурге фармудааст:

Накӯ гуфт донандаи офият,

Ки баддин бувад мардуми бадният!

Беҳрӯзи Некхоҳ

Share