шаблоны joomla

Матни равон
"1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
"Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳисоботи раиси шаҳри Истиқлол оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар соли 2017

(0 votes, average 0 out of 5)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол давоми соли 2017дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳоти мухталифи хоҷагии халқи  шаҳр, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст.

Барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва пайванди онҳо ба самтҳои фаъолият Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурдааст. Гузашта аз ин, татбиқи амалии сиёсати пешгирифта ва амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,иҷрои санадҳои меъёриюҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии мо  дар ин давра маҳсуб ёфтаанд.

Ҳамзамон баъди аз ҷониби Сарвари кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонэълон гардидани «Соли 2017-Соли ҷавонон» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлолҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, дастгирии ташаббусҳои неку созандаи ҷавонон, дастгирии ин табақаи ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстона ва  ваҳдату ягонагии мардум корҳоро пурзӯртар намуд.

 

Боиси ифтихору сарбалиндии кулли сокинони шаҳр аст, ки ҳамасола таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар барои рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ равона гардида истодааст, ки яке аз ин иқдомҳои шоиста баистифодадиҳии корхонаи азими металлургӣ мебошад. Ба истифода додани корхонаи мазкур, ки дар арафаи таҷлили 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, иқдоми арзандаест барои болоравии истеҳсолоти саноатии кишвар ва  рушди минбаъдаи шаҳр, ки аз сиёсати хирадмандонаву оқилона ва ояндасози  Шумо, муҳтарам Пешвои миллат шаҳодат медиҳад.

Дар давоми соли 2017 дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонмуайяншуда  муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии шаҳр таъмин гардад.

1.Рафти иҷрои амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва сафарҳои кории  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд

Давоми марҳилаи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷиҳати иҷроиамру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдор қабул намуда, иҷрои ононро зери назорати қатъӣ қарор дод.Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси вилояти Суғд, қарор ва амрҳои раиси шаҳр бобати масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ба тавсиб расида, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикргашта, шуъбаю бахшҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассиса  ва ташкилотҳо фаъолияти худро ба роҳ монданд.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” қарори раиси шаҳр аз 10-уми феврали соли 2017, таҳти №37 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2016“Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ зикр гардидаанд”  ба тавсиб расид. Нақшаи чорабиниҳои қарори мазкурро иборат аз 22  банд таҳия намуда, рафти амалишавии он дар шаҳр зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуд.

Инчунин ҷиҳати иҷрои дастуру  супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳо, ки аз сафарҳои кории  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар бармеоянд нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида ахбороти иҷрои онҳо мунтазам ба мақомотҳои болоӣ пешниҳод карда мешаванд.

Ҳолати риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр ва кумитаи маҳаллаҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ гардонидани Қонуни мазкур ташкил карда шуда, айни замон комиссияҳо фаъолияти худро тибқи низомнома ва нақшаи корӣ ба роҳ мондааст. Иҷрои ин санади меъёриву ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани масъулияти волидайн  ва муассисаҳои таълимӣ дар таълим ва тарбияи ноболиғон мусоидат намуда истодааст.

Ҷиҳати иҷрои  Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон“Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, тибқи нақшаи корӣ мунтазам оиди татбиқи Қонуни мазкур корҳои фаъмонидадиҳӣ ва санҷишҳо дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳрӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳамаи корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ риояи Қонуни мазкур ва муқаррароти имлои забони тоҷикӣ ба таври ҳатмӣ риоя карда мешавад.

Баҳри баланд бардоштани дониши имловии кормандон, риояи забони давлатӣ ва ташкили номгузорӣ бо забони давлатӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 25 адад китоби “Феҳрасти номҳои миллии тоҷикӣ” ва 40 адад китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” харидорӣ карда шуда, дастраси мутахассисон гардонида шуд.

То имрӯз номи 34 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр бо риояи меъёри забони тоҷикӣ иваз карда шуданд.

Дар панҷ муассисаҳои таълимашон ғайритоҷикӣ 49 адад синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ кушода шуд, ки баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат менамояд.

Истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳоккимияти давлатии шаҳр дар шароити кунунӣ барои беҳтар намудани фазои корӣ мусоидат намуда истодааст. Сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва  почтаи электронӣ таъсис дода шудааст ва айни замон чораҳо бобати амалисозии унсурҳои “Ҳукумати электронӣ” андешида шуда истодааст.

 

 

2.Маълумот оиди иҷроиши буҷет

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети маҳаллӣ нақшаи қисми даромади буҷет ба санаи 1 январи соли 2018148,8 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 5 миллиону 805 ҳазор сомонӣ ба буҷет 8миллиону 638ҳазор  сомонӣ маблағ ворид шуд. Қисми даромад аз рӯи 9 намуди андозҳо зиёда аз 100 фоиз иҷро гардида, аз ҳамин ҷиҳат ба буҷети маҳаллӣ иловатан 2 миллиону 833 ҳазор  сомонӣ маблағ ворид гардид, ки барои корҳои ободониву созандагӣ ва рушди маҳал масраф мегардад.

Дар давоми соли 2017 нақшаи  андози  иҷтимоӣ зиёда аз 114,3 фоиз иҷро гардид. Ҳамчунин нақшаи ғайрибуҷетӣ  дар давраи ҳисоботӣ  2 миллиону 220 ҳазор сомонӣ  буда, ба буҷет3 миллиону 155 ҳазор  сомонӣ ворид гардид, ки ба ҳолати 1-уми январи соли 2017, 142,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ба санаи 1-уми декабри соли 2017  бақияпулиҳои андози солҳои пешина маблағи975   ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз аввали солто имрӯз  ба маблағи 333,8 ҳазор  сомонӣ кам гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, аз рӯи нақша 13 миллиону 591 ҳазорсомонӣ буда, ба маблағи зиёда аз 13 миллиону 522 ҳазор  сомонӣ, ё ин ки баробари 99,5 фоиз нисбат ба нақша иҷро гардида, қарз аз пардохтҳои бандҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар шаҳр вуҷуд надорад.

3. Таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Барои афзун гардонидани иқтидори иқтисодии шаҳр ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоягузорони дохиливу хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Айни замон дар шаҳр 2 лоиҳаи инвеститсионии хориҷӣ, яъне лоиҳаи «Озуқаворӣ барои маориф» ва «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон» амал мекунанд.

Бо дастгирии лоиҳаи инвеститсионии «Озуқаворӣ барои маориф» аз аввали татбиқ то айни замон зиёда аз 126,01 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ карда шуда, дар давоми соли равон 7 ҳазору 100 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Инвестори ин лоиҳа ташкилоти байналхалқии БОҶ ТММ мебошад.

Аз аввали татбиқи лоиҳаи инвеститсионии «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон» зиёда аз 1 миллиону 123 ҳазору 500 доллари ИМА маблағ ҷудо карда шуда, дар соли равон 234 ҳазору 700 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Инвестори лоиҳаи мазкур Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд мебошад.

Сохтмони корхонаи металлургӣ моҳи октябри соли равон ба анҷом расонида шуда, маблағи сармоягузории хориҷӣ барои бунёди корхонаи металлургӣ 72 миллиону 604 ҳазору 700 долларро ташкил медиҳад.

Дар  давраи ҳисоботӣ ба шаҳр сармоягузорони хориҷӣ ба маблағи 69 миллиону 114 ҳазору 200 сомонӣ  маблағгузорӣ намуданд.

Ҳамзамон сармояи дохилӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ барои ташкили корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳр  ворид гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 3 миллиону 925 ҳазор сомонӣ аз тарафи сектори хусусӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,8 маротиба зиёдтар мебошад. Инчунин аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 3 коргоҳи истеҳсолӣ бо ташкили  13 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд.

Дар шаҳр шумораи соҳибкорони хурду миёна 205 нафар (занон зиёда аз 30 фоиз) буда, аз ин шумора 44 нафар соҳибкорон дар асоси “Шаҳодатнома” ва 161 нафар дар асоси патент фаъолият мебаранд.

 

4. Маълумот оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ (рушди соҳаи кишоварзӣ)

Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол заминҳои кишоварзӣ мавҷуд намебошанд. Гарчанде соҳаи кишоварзӣ дар шаҳр вуҷуд надошта бошад ҳам, бобати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои шаҳр корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни сокинони шаҳр ба роҳ монда шуданд. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣдар хоҷагиҳои аҳолӣ истеҳсол карда шуда маблағи 1 миллиону 462 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 100,4 фоиз иҷро гардид. Аз он ҷумла, растанипарварӣ 82,1 ҳазор сомонӣ, нисбат ба соли гузашта 89,7 фоиз ва чорвопарварӣ 101,1 фоиз ба маблағи 1 миллиону 380 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.

5. Вазъи соҳаи саноат ва  энергетика

Сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саноатчиён диққати асосиро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисон ба кор, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи иқтидорҳои бозистода равона намуданд.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ  бошад дар ин давра дар шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ зиёда аз 27 миллиону 882 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2016, 135,8фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ (4 адад) ба маблағи 22 миллиону 323 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро нисбати ҳамин давраи соли 2016 ба 130,5 фоиз баланд бардоштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 4 миллиону 362 ҳазор сомонӣ аз тарафи сектори хусусӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 маротиба зиёдтар мебошад. Инчунин аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 3 коргоҳи истеҳсолӣ бо ташкили зиёда аз 13 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд.

Аз тарафи аҳолӣ зиёда аз 1 миллиону 197ҳазор сомонӣ барои хизматрасонии характери саноатидошта, яъне барои обу ташноб ва барқ пардохт карда шудааст.

Корхонаи шабакаҳои барқ баҳри интиқоли бемайлони қувваи барқ, пардохти маблағи ҳаққи истифодаи он кӯшиш ба харҷ дод. Баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳо ҷиҳати пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ситоди доимоамалкунанда ташкил гардид. Дар давоми соли 2017 аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳр пардохти истифодаи қувваи барқ 108 фоизро ташкил дода,  аз тарафи аҳолӣ бошад 103,6фоиз пардохт гардидааст.

6. Рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон

Маблағгузории капиталӣ дар соли 2017 ба маблағи 647 миллиону 973 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта131,5 маротиба зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аҳолии шаҳр барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор саъю талоши зиёд ба харҷ дода, корҳои ободониву созандагиро боз ҳам пурзӯр намуданд.

Дар давоми сол фондҳои асосӣ ба маблағи 644 миллиону 845 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 283 маротиба зиёд мебошад.

Дар маҳалҳои аҳолинишин 21 адад хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 3813,7 метри мураббаъ сохта шудаанд.

Дар шаҳр 5 корхонаҳо иҷозатномаи корҳои сохтмонӣ-пудратиро доранд. Ин корхонаҳо аз аввали соли равон ба маблағи зиёда аз 26,5 миллион сомонӣ корҳоро ба иҷро расонидаанд.

7.Рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр ҳамагӣ ба масоҳати 28 километр роҳҳо мумфарш ва  таъмиру тармим карда шуданд, ки аз он 14 км пурра мумфарш шуда, 9 км таъмири ҷорӣ ва 5 км роҳҳои маҳаллаҳои аҳолинишин шағалпӯш карда шуданд.

Роҳҳои автомобилии  маҳаллии истифодаи умум ба талаботҳои меъёрӣ ҷавобгӯй мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 600 метри мураббаъ   роҳравҳои кӯчаи марказии шаҳр бо тахтаҳои сафолӣ (брусчатка) рупӯш гардида, зиёда аз 2800 ҳазор метри мураббаъ деворчаҳои муҳофизатӣ сохта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо нақлиёти автомобилӣ 27,3 ҳазор тонна бор ва 42,9 ҳазор нафар мусофирон кашонида шудааст.

8. Рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Дар шаҳри Истиқлол хизматрасонии алоқа аз тарафи ҶСК “Тоҷиктелеком”, ки дар ҳудуди шаҳр минтақаи истифодабарӣ доранд ба роҳ монда мешавад. Ғайр аз ин хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби ширкатҳои “Тсел”, “Мегафон”, “Биллайн” ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.

Бо ин сабаб ҳисоби ҳаҷми хизматрасонии алоқа дар алоҳидагӣ дар шаҳр ба роҳ монда намешавад.

9. Рушди соҳаи иҷтимоӣ ва таъмини рушди нерӯи инсонӣ

Дастгирии мақсадноки аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Масъалаи мубрами рӯз ин вуҷуд доштани ҷойҳои холии корӣ, нарасидани мутахассисон ва бекорӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Дар соли 2017 ба бахши шаҳрии Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 662 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки аз онҳо 339 нафарашон занҳо мебошанд.Аз шумораи умумии  бақайдгирифташудагон 443 (аз ҷумла занон 233) ҳамчун корҷӯянда ба қайд гирифта шуда, 277 аз ҷумла 128 нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Баҳри ҳарчи бештар фаро гирифтани сокинон бо ҷойи кори доимӣ соли равон 15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки аз ҷониби корхонаву муассисаҳои шаҳр зиёда аз 300 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шуда тавассути ярмарка 62 нафар корҷӯён бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гаштанд.

Инчунин аз ҳисоби шаҳрвандони корҷӯянда ва бекор 120 нафар ба тариқи роҳхати Филиали  маркази таълимии калонсолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар шаҳр фаъолият дорад ба касбомӯзонӣ ба ихтисосҳои қолинбофӣ, дӯзандагӣ, адрасбофӣ, дӯзандагӣ ва кафшергари газу барқ ҷалб карда шуда, 352 нафар тариқи худмаблағгузорӣ дар гурӯҳҳои танзимгари компютер, дӯзанда, ронанда, кафшергари газу барқ, барқчӣ, тайёрӣ барои фаъолият дар муассисаҳои томактабӣ, корманди ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳосиб фаро гирифта шуданд.

Шумораи расман ҳамчун бекор ба қайд гирифташуда дар шаҳр 120 нафарро (57 нафар занҳо) ташкил медиҳад.

Музди миёнаи меҳнат аз аввали сол 993 сомону 63 диреамро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2018 қарзи музди маош дар  шаҳр  вуҷуд надорад.

Бо мақсади эҳёи асбҳои мардумӣ ва ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ шумораи 40 нафар шаҳрвандон бо касбҳои атласу адрасбофӣ, дӯзандагӣ ва  қолинбофӣ ҷалб карда шуданд.

Дар самти ҳифзи меҳнати кормандон якчанд маротиба семинару машваратҳо ташкил ва гузаронида шуд. Давоми соли равон 42 адад шартномаҳои коллективӣ дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баста шудааст.

Ҳамзамон 366 нафар муҳоҷирон ба  курсҳои таълими касбу ҳунар ва забономӯзӣ ҷалб карда шуданд.Дар давоми соли равон  2000 нафар сокинони шаҳр (аз ҷумла занон 409 нафар) аз муҳоҷират баргашта, 1415 нафар (аз ҷумла 181 нафар занон) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.

Айни замон дар шаҳр 237 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои фаъолият дар Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой ва 1 нафар аз Бритониёи Кабир ба ҳайси роҳбари ҶДММ “Нуқрафом” кору фаъолият доранд.

Дар ҳудуди шаҳр муҳоҷирони дохилии экологӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол 1133 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд. Андозаи нафақаи миёна аз рӯи ҳисоботи оморӣ 245 сомону 98 дирамро ташкил медиҳад.

Талаботи  нафақа  бошад, дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиону 521 ҳазору 176 сомониро ташкил медиҳад, ки  он пурра пардохт гардидааст.

Кӯмаки иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазир, аз ҷумла ба нафақахӯрони маъюб дар соли 2017  221 ҳазору 186 сомониро ташкил дод, ки пурра пардохт карда шуд.

10. Рушди соҳаи маориф

Дар ҳудуди шаҳр 6 муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 литсейи касбӣ-техникӣ фаъолият дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2517 нафар хонандагон таълим мегиранд, ки аз онҳо 1254 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар маркази таҳсилоти иловагӣ 431 нафар хонандагон ба 16 маҳфилҳои гуногун ҷалб гаштаанд.

Дар ин муассисаҳои таълимӣ 222 нафар омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва мураббияҳо ба наврасону кӯдакон таълим медиҳанд.

Дар шаҳр кӯдакони аз таҳсил дур монда вуҷуд надорад.  Дар муассисаҳои таълимии шаҳр норасогии кадрҳои омӯзгорӣ вуҷуд дошта, 10 нафар омӯзгорон аз фанҳои забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ), риёзӣ, физика, кимиё ва дигар фанҳо намерасад.

Дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 2517 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Ҳамаи муассисаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, иҷроиши барномаҳои соҳавӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро гардида, ба 6 нафар хонанда 1 компютер рост меояд.

Аз 95 нафар хонандагон, ки ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар супориданд, 67 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ дохил гардиданд. Ҳамзамон 10 нафар тариқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуданд.

Соли 2017 103 нафар хонандагон литсейи касбии техникии шаҳрро хатм намуданд.

Дар ҳафт маҳфили Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр 89 нафар хонандагони боистеъдод фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон ва беҳтар гардонидани шароити зиндагонии онҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дода мешаванд. Ва ҳамзамон дар чорабиниҳои ҷашнӣ омӯзгорони ҷавон ҳавасманд карда мешаванд.

Ҳамаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сару либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошанд. Дар соҳаи маориф ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ назорат пурзӯр карда шудааст.

Ҳамзамон ду нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо аз бахши забон ва адабиёти рус ва бахши тиб иштирок намуда, сазовори ҷойи якум гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи дониши хонандагони макотиби шаҳр ба ҳисоби миёна 3,2 балро ташкил дод.

Тибқи нақша ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр аз аттестатсия ва аккредитатсия гузашта, фаъолияти худро тибқи Оиннома ва нақшаи кории худ ба роҳ монда истодаанд. Дар ин давра 68 нафар омӯзгорони мактабҳои шаҳр ба курсҳои такмили ихтисос фиристонида шуда, донишу малакаи худро баланд гардониданд.

Дар ин давра бо мақсади беҳтар гардони шароити таълим муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр бо тахтаҳои электронӣ ва таҷҳизотҳои нурафкан таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон бинои шӯъбаи маориф, маркази таҳсилоти иловагӣ ва 2 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дастгирии молиявии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Баҳри иҷрои Барномаи ташаккули муассисаҳои томактабӣ дар бинои кӯдакистони №8-и шаҳр корҳои таъмирӣрафта исдодааст, ки дар соли 2018  фаъолияти хешро оғоз хоҳад кард. Дар ин кӯдакистон 300 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дар соли 2018 сохтмони мактаби намуди нав дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳр ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон бо қарори раиси шаҳр қитъаи замин барои бунёди мактаби мазкур ҷудо гардидааст.

11. Самти тандурустӣ ва тарзи ҳаёти солим

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятнок диққати махсус медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба густариши минбаъдаи ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.

Хизматрасонии тиббию санитариро ба аҳолии шаҳр беморхонаи марказии шаҳр, Маркази саломатии шаҳрӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мерасонанд. Хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитариро ба аҳолии шаҳр Маркази саломатӣ ва Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мерасонад. Маркази саломатӣ барои қабули 750 бемор дар як баст пешбинӣ карда шудааст. Дар назди Маркази саломатӣ як нуқтаи тиббӣ дар маҳаллаи Табошари кӯҳна, шӯъбаи дандонпизишкӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ, ҳуҷраҳои солимии репродуктивӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар ҳуҷраҳои мутобиқшуда фаъолият мебаранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 299 нафар кӯдаки зиндатаввалуд ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2016  26 адад кам (2016-325)  мебошад. Нишондиҳандаи таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ  18,0  мебошад, ки нисбати соли 2016 (19,5) ба 1,5 нишондиҳанда кам шудааст. Дар ин даврачорҳодисаифавтикӯдаки то 1-сола бақайдгирифташудааст. Аз ҷумлафавтиантенатеналиибармаҳал 3 адад. Нишондиҳандаифавтиперинаталӣба 13,3 промилбаробармебошад, кинисбатиҳаминдавраи соли 2016 (10) ба 3,3 промилзиёдшудааст. Дар давраиҳисоботӣбосабабҳоибеморӣвадигарҳодисаҳо 67 нафар  (соли 2016- 67 нафар) аз қайдиҳаётгузаштанд. Нишондиҳандаифавт ба 1000аҳолӣ   4,0   мебошад. Ҳаминтариқафзоишитабиӣаҳолӣ дар ин давра ба 14   баробармебошад. Фавтимодарбақайдгирифтанашудааст.

Дар муассисаҳоисоҳаитандурустиишаҳр 31 нафардухтуронва 103 нафарҳамшираҳоитибфаъолиятмебаранд. Таъминотиаҳолӣ ба 10000 нафараҳолӣбодухтурон ба 20 вабоҳамшираҳоитиб  ба 65,3 баробармебошад. Муассисаҳоисоҳа ба духтуронитиббиоилавӣ, сироятшинос, рентгенолог, нарколог, духтур-озмоишгар, ҷарроҳ, стоматолог варавоншиносниёздоранд.

Аз моҳи майи соли равон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали  соли 2017, № 90 «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2017-2019», қарори Раиси вилояти Суғд аз 17.03.2017 сол, №128 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2017-2019 дар вилояти Суғд», қарори Раиси шаҳр аз 11.04.2017 сол, №89 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2017-2019 дар шаҳри Истиқлол” муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ ворид карда шуд.

Баҳри иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2016, №690 «Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №374 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» корҳои муайян ба сомн расонида шуд. Дар давоми соли 2017 182 нафар ниқоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд. Тибқи фармоиши мазкур ниқоҳшавандагон аз флюрографияи қафаси сина, таҳлили хуну пешоб, таҳлили хун барои RW, ВНМО, гепатитҳо бо тестҳои оҷилӣ ва аз муоинаи табиби оилавӣ мегузаранд. Ҳангоми гузаронидани муоина бемориҳои музмин ва бо роҳи ҷинсӣ гузаранда дарёфт карда нашудааст. Ҳамагӣ як ҳодисаи бемории гепатити “С” ба қайд гирифта шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар  ҳуҷраи солимии репродуктивӣ 387 (соли 2016- 449)  ҳомиладорон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 372  (2016- 432)  нафарашон то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ аввалин маротиба ташриф овардааанд, ки 96 (2016-96)  фисадро ташкил менамояд.  306 ҳомиладорон дар мӯҳлат, 4 нафарашон пеш аз мӯҳлат таваллуд карда, 10 нафарашон исқоти ҳамл карданд. Аз шумораи умумии ҳомиладорон 359 (2016- 412)  нафарашон таҳлили RW 93 % (2016-92%),  387 нафарашон як маротиба 100 %  ва 207 нафарашон ду маротиба таҳлили СПИД-ро гузаштанд. Дар вақти гузаронидани таҳлилҳо 5 ҳодисаи бемории гепатити «С» ва як ҳодисаи ВНМО ба қайд гирифта шуд. Таҳлилҳо ба тариқи ройгон гузаронида шудааст. Тестҳои оҷилӣ аз тарафи МСРВ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Маркази саломатӣ харидорӣ карда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр бемориҳои махсусан хавфноки сироятии домана, исҳоли хунин, вараҷа, сухтанӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин давра 50 ҳодисаи беморшавии зардпарвини «А», 10 ҳодисаи захмбардорӣ аз ҳайвонот, 1 ҳодисаи беморшавии ВНМО, 8 ҳодисаи беморшавии сил ба қайд гирифта шудааст, ки нисабти ҳамин давраи соли сипаригашта дар як сатҳ қарор дорад.

11 а. Соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, таҳти №155 “Дар бораи Барномаи милли тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”  қарори раиси шаҳр аз санаи 3-юми марти соли 2017 таҳти №55 “Дар бораи Барномаи милли тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ба тавсиб расид, ки тибқи он корбарӣ мунтазам идома дорад.

Дар соли ҷорӣ ба 1408 нафар маъюбон ба маблағи 68 ҳазору 381 сомонӣ хизматҳои тиббӣ расонида шуд.

Шумораи маъюбон дар шаҳр 159 нафар (азҷумла занон 145) буда, аз ин шумора маъюбони то синни 18 сола 34 нафар мебошанд, ки  30 нафарашон духтаронмебошанд.

Дар шаҳр шумораи  оилаҳои камбизоат ва дар ҳолати зиндагии душворқарордошта 181 нафар мебошанд.

Ҳаҷми маблағе, ки аз буҷаи маҳаллӣ дар соли 2017 барои ҳифзи иҷтимоӣ пешбинӣ ва ҷудо шудааст 10 ҳазору 520 сомонӣ мебошад.

Дар шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафаи идҳои милливу касбӣ ва санаҳои таърихӣ аз шароити зисту зиндагонии собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони яккаву танҳо, барҷомондагон, кӯҳансолон ва маъюбон дидан намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад.

Дар давоми давраи ҳисоботӣ оилаҳое, ки фарзанд ва ё саробонашонро дар барқароркунии сохти конститутсионӣ гум кардаанд, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони гурӯҳи 1, маъюбони то синни ҳаждаҳсола, собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва камбизоаттарин, оилаҳои ду ва зиёда маъюбдошта ва дигар шахсони эҳтиёҷманд, ҳамагӣ  1713 нафар  аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр, корхонаву муассиса ва шахсони алоҳида аёдат карда шуда, ба ҳар яке  кӯмаки моддӣ ба тариқи маводи хӯрока ва кӯмакпулӣ ба маблағи 198 ҳазор сомонӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин ба 104 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи 11 ҳазору 800 сомонӣ кӯмаки яквақтаина дода шуд.

12. Маълумот оиди вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ҷодаи фарҳанг низ барои ҳарчӣ бештар фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати бофароғати меҳнаткашон, такмилу густариш додани чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи санъаткорону ҳунармандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ корҳои мушаххас ва назаррас ба сомон расонида шуд. Дар шаҳр Қасри фарҳанг, мактаби мусиқии бачагона, осорхона ва китобхонаи оммавӣ фаъолият мебаранд.

Дар ин давра Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Иди Ғалаба,Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, Рӯзи Ваҳдатӣ миллӣ, ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Рӯзи шаҳр, Рӯзи Рудакӣ, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои давлатӣ дар сатҳи баландифарҳангиву сиёсӣ таҷлил гардиданд.

Ҳамчунин санаи 21-уми июл чорабинии ҷумҳуриявии “Бӯстон-2017” дар Қасри фарҳанги шаҳр ташкил ва гузаронида шуд, ки ҳунармандони шаҳр фаъолона ширкат варзиданд.

Фонди китобхонаи оммавӣ 30 ҳазору 630 китобро дарбар мегирад, ки 270 нусха китобҳо аз таъмир бароварда шуданд, инчунин китобхона бо интернет пайваст карда шудааст.

Телевизион ва радио яке аз воситаҳое мебошанд, ки дар тарғибу ташвиқи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар нақши арзанда доранд.

Масъалаи пахши  барномаҳои телевизион  ва радио дар шаҳрқаноатбахш буда, мардум аз пахши барномаи телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шабакаи аввал” 100 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 100 фоиз, “Сафина” 100 фоиз ва телевизиони вилояти Суғд ҳамагӣ 100 фоиз ва барномаҳои якуми радио 80 фоиз, барномаҳои сеюми радио 50 фоиз, барномаҳои радиои «Фарҳанг» 50 фоиз, барномаҳои радиои Суғд 100 фоиз истифода мебаранд.

Рӯзномаву маҷалла яке аз воситаҳое мебошад, ки дар тарғиби сиёсати давлат мусоидат менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” ҳар ҳафта як маротиба ба нашр расид, ки дар он маводу мақолаҳо оиди масъалаҳои рӯзмарра, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии мамлакат ва чорабиниҳои ҷашниву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ рӯи чоп омаданд.

13. Таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

Баҳри таъминоти аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ дар пойгоҳи  обкашии №5, воқеъ дар маҳаллаи якуми шаҳр ду ҳавз ҳавзи ғунҷоишаш 1000 метри мураббаъ  сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон хати  марказии обтаъминкунӣ дар маҳаллаи якуми шаҳр аз нав шинонида шуда, дар масофаи 7 км қубурҳо аз нав насб карда шуданд. Ҳамчунин дар хонаҳои баландошёнаи маҳаллаи мазкур хати нави об аз нав насб гардида, айни замон ҳуҷраҳои сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд. Айни замон шаҳр бо оби нушокӣ таъмин гардидааст.

Аз тарафи минтақаи обтаъминкунии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ хизматрасонии пулакӣ ба маблағи 520,8 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуда, ҷамъоварии маблағ 75,7 фоизро ташкил дод. Аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 377,1 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ карда шуд, ки  61,2 фоиз мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади расонидани хизматҳои коммуналӣ аз ҷониби КДФ  “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” корҳои назаррас ба роҳ монда шуд. Ҳамаи кӯчаҳои асосии шаҳр чароғон карда шуда, бо чароғакҳои гуногуни ороишӣ оро дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 37 шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 23 ҳазору  400 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Баҳри ободиву тозагии шаҳр  13 ҳазор  метри кубӣ партовҳо бароварда шуд.

Дар ин давра ба масоҳати 1150 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматии баландошёна шиферпӯш карда шуда, ба масофаи 450 метр қубурҳои ташноби биноҳои истиқоматӣ иваз карда шуд.

Ҳамзамон якчанд бинои хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ  таъмир гардида, рангубор карда шуданд.

Аз тарафи Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар давраи ҳисоботӣ хизматрасонии пулакӣ ба маблағи 811 ҳазор сомонӣ  ба роҳ монда шуда, ҷамъоварии маблағ 69 фоизро ташкил дод.  Аз он ҷумла, аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 549,1 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки 69 фоиз мебошад.

14.Таъмини устувории экологӣ ва рушди устувор

Баҳри пешгирӣ ва бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода «Нақшаи чорабиниҳои асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар соли 2017» таҳия гардидааст.

Дар давоми моҳҳои сипаригардида дар ҳудуди шаҳр ягон ҳодисаҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта нашудааст.

Дар миқёси шаҳр 11 адад паноҳгоҳ, 3 адад паноҳгоҳи зиддирадиатсионӣ вуҷуд доранд, ки 6 адади он таъмир карда шудааст.

Ҳамзамон барои рафъи ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Барои беҳтаргардонии фаъолияти Сидод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Истиқлол таҷҳизоти тақвияти алоқаи мобилӣ харидорӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аҳолии шаҳр барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор саъю талоши зиёд ба харҷ дода, корҳои ободониву созандагиро боз ҳам пурзӯр намуданд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 1875 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, 1100 бех сафедор ва  60000 (шаст ҳазор) бех гулҳои гуногун  шинонида шуданд.

15.Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватанпарастӣ, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушди иҷтимоии ҷавонон, рушди саломатии ҷавонон аз ҳадафҳои асосии мақомот дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон дар соли 2017, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли ҷавонон” эълон гардидааст Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр якчанд тадбирҳои муассирро барои дастгирии ҷавонон андешид.

Дар ин давра вохӯриҳои раиси шаҳр бо ҷавонон якчанд маротиба доир гардид, ки дар натиҷа ба 111 нафар ҷавононе, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳуриявию вилоятӣ таҳсил менамоянд туҳфапулиҳо тақдим карда шуд.

Ҳамзамон ба 190 нафар ҷавонони фаъол, ки дар соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр фаъолият доранд тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Яке аз самтҳои дастгирии ҷавонон ин ҳамасола таъсис додани идрорпулии раиси шаҳр мебошад, ки соли равон  теъдоди гирандагони идрорпулӣ 35 нафарро ташкил дод, яъне имтиёзи идрорпулӣ нисбати соли гузашта 10 адад зиёдтар мебошад.

Варзишгарони шаҳрамон дар давраи ҳисоботӣ дар 14 мусобиқаҳои гуногуни вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 28 ҷойи якум, 27 ҷойи дуюм ва 35 ҷойи сеюм,  дар  9 мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 20 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 20 ҷойи сеюм гардиданд.

Барои рушди иҷтимоӣ, саломатии ҷавонон ва тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ, ташкили чорабиниҳои гуногун барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим дар ин давра аз буҷаи маҳаллӣ 82 ҳазор  сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Аз ҷониби сарпарастон ва соҳибкорон то ин давра 20 ҳазор сомонӣ маблағ барои пешбурди соҳаи варзиш ҷалб гардиданд.

16.Рушди соҳаи сайёҳӣ

Шаҳри Истиқлол аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ дар доманакӯҳҳои Қурама ҷойгир буда, дар фасли баҳор диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Моҳҳои апрел-май шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф барои сайри лола меоянд ва баҳри истироҳати бофароғат дар табиат шароит муҳайё карда шудааст. Инчунин истироҳатгоҳи «Уқобак», ки дорои 9 га месоҳат мебошад дар ҷойи хушманзара воқеъ буда, барои истироҳаткунандагон омода шуда, дорои 25 адад хонаҳои дуошёнаи тариқи аврупоӣ сохташудааст.

17.Масъалаҳои баробарии гендерӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро тибқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ба роҳ монда, ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

Яке аз самтҳои афзалиятноки бахши кор бо занон ва оила ин пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷомеа, алалхусус байни занону духтарон мебошад. Дар ин самт 62 вохӯрию мулоқот байни аҳолӣ ташкил ва доир карда шуда, байни занони миллатҳои гуногуни шаҳр оиди мустаҳкам намудани дӯстӣ ва гиромидошти урфу одатҳо, риояи либоси миллӣ ва расму оинҳои  миллатҳои гуногун гузаронида шуд.

Инчунин дар самти солимии занон ва тарбияи маънавии онон чорабиниҳои гуногун амсоли фестивал-озмуни “Гулдухтарони суғдӣ”, “Кадбонуи беҳтарин”, «Оилаи беҳтарин», Фестивал-озмуни “Атласу адраси Суғд-2017”  ва дигар озмуну чорабиниҳо бо иштироки бонувони маҳаллаҳои шаҳр, духтарони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯдухтарон гузаронида шуд, ки барои зинда гардонидани суннатҳои миллӣ ва тарғиби сару либос ва симои миллии занони шаҳр мусоидат намуд.

Дар ин давра дар вазифаҳои роҳбарикунанда 38 нафар занҳо фаъолият намуда, дар интихоботи гузашта 8 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардиданд.

Инчунин 5 нафар дар захираи кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.

18. Ҳолати кор дар самти дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Риояи қатъии муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст.

Дар давоми соли 2017 89 маротиба вохӯрию сӯҳбатҳо  оид ба танзими баргузории тӯю маъракаҳо,  пешгирии ифротгарии динӣ, терроризим, худкушӣ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, зарари никоҳи хешу таборӣ,  пешгирии шомилшавии мардум ба ҷараёнҳои ифротӣ гузаронида шуд. Дар  ин вохӯриҳо  гурӯҳи тарғиботчиён дар ҳайати масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, табибон ва имомхатибони масҷидҳова  адибони шаҳр иштирок намуда, доир ба масъалаҳои дар боло зикргардида суханронӣ ва баромадҳо карданд.

Дар  давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 156 адад  маъракаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз  онҳо 118  адад тӯйи домодиву арусӣ, маъракаҳои  чил 21 адад, сол 6 адад ва хатнасур 11 адад баргузор гардидаанд. Барои баргузории ҳамаи маъракаҳо 624 ҳазор  сомонӣ   маблағ сарф гардидааст.

Гарчанде, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳр бобати татбиқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуда бошанд, ҳам имрӯзҳо баъзе шаҳрвандон дидаю дониста талаботҳои Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро вайрон менамоянд. Дар ин давра 2 нафар сокинони шаҳр барои дағалона вайрон намудани моддаҳои  8 ва 14 қисми 1-и Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, яъне зодрӯз ва вайрон кардани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим аз тарафи ҳунармандон дар тӯю маърака аз ҷониби масъулини сохторҳои дахлдори шаҳр боздошт гардида, мутобиқи  моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати онҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба яке ба андозаи 100 ва ба дигаре ба андозаи 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шудааст.

Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 1 масҷиди ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта амал мекунад, ки онҳо аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, назорати фаъолияти онҳо дар мадди аввали назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ягон нафар истиқоматкунандагони шаҳр дар хориҷи кишвар дар муассисаҳои динӣ набуда, пайравони мазҳабу ҷараёнҳои бегона ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон ягон нафар ноболиғон дар масҷид ба намозҳо иштирок надошта, барои нарафтани онҳо дар якҷоягӣ бо  сохторҳои дахлдор чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Имомони  масҷидҳои шаҳр пайваста дар  вақтҳои   намозгузорӣ  доир ба ваҳдату ягонагӣ ва дастгирии ятимону бепарастор ва оилаҳои камбизоат суханронӣ намуда, намозгузоронро бобати гуфтаҳои боло ҳидоят менамоянд.

19.Рушди соҳаи хизматрасонии пулакӣ

Хизматрасонии молиявӣ ба аҳолии шаҳр аз ҷониби Филлиали БДА “Амонатбонк” ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ “Эсхата” ва “Имонинтерншнл” пешниҳод карда мешаванд. Дар соли 2017 интиқоли пулӣ ба воситаи ин бонкҳо маблағи181миллиону 440 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 115 фоиз зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ аз рӯи ҳамаи соҳаҳо дар соли 2017 12 миллиону 918 ҳазор аст, ки нисбат ба соли гузашта 101,4 фоиз мебошад.Ғайр аз ин ҳаҷми хизматрасонии тарабхонаҳо ва ошхонаҳо  1 миллиону 390 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 148 % афзоиш ёфтааст.

20.Пешгирии ҳолатҳои ҷиноятӣ ва коррупсия

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Дар ин давра дар маҷлисҳои машваратии назди раиси шаҳр бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъалаҳои гуногуни мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пардохти андоз, ӯҳдадории умумии ҳарбӣ, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷомеа аз қабили терроризм, ифротгароии динӣ, худкушӣ ва ғайраҳо муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар миқёси шаҳр миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 34 ададро ташкил медиҳад.

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»  Ситоди дружиначиёни ихтиёрӣ таъсис дода шудааст, ки шумораи онҳо 42 нафарро ташкил медиҳад. Аъзоёни ин ситод дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ дар қатори кормандони милитсия фаъолона навбатдорӣ намуда, барои риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми худро мегузоранд. Баҳри пешгирии содиршавии ҷиноят ва қонунвайронкуниҳо аз тарафи масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ҳисоботӣ дар ташкилоту корхонаҳо муассисаҳои таълимӣ ва дар маҳалҳо бо аҳолӣ пай дар пай вохӯриҳо баргузор карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дар оянда низ ҷиҳати рушди соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз797
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2077
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2874
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15350
mod_vvisit_counterҲамин моҳ13877
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта59623
mod_vvisit_counterҲамагӣ513682

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.