шаблоны joomla

Матни равон
"1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
"Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Хабари маркази матбуоти Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

(0 votes, average 0 out of 5)

 

ДУШАНБЕ, 30.12.2021. /АМИТ «Ховар»/30 декабри соли 2021 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Хоруғ, муваққатан дар Федератсияи Россия ғайриқонунӣ иқомат дошт, бо қарори Суди ноҳияи Останкинои шаҳри Москва барои қонуншиканиҳои маъмурӣ ва дағалона вайрон намудани қоидаҳои будубош, зери хатар мондани ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ба маблағи калон ҷаримабандӣ гардида, аз ҳудуди Федератсияи Россия хориҷ карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хабар дод.

 

Бино ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки нисбати Чоршанбиев Ч.А. моҳи майи соли 2014 аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ барои ҷинояти дуздии моликияти шахсии сокини шаҳри Хоруғ Мамадкаримов Абулназар бо моддаи 244 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, моҳи ноябри соли 2014 Қонуни авф татбиқ гардидааст. Вале номбурда аз ин хулосаи зарурӣ набароварда, мунтазам ба қонуншиканиҳо идома додааст (қонуншиканиҳои Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович дар Федератсияи Россия, нигаред ба сайтҳои шабакаҳои телевизионии «Россия-24», «Россия-1», НТВ).

Ӯ ҳамчун блогер тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, хусусан саҳифаи шахсиаш «chchorshanbiev_pm» пайваста баромадҳои иғвоангез намуда, ба барангехтани кинаву адовати миллию маҳалгароӣ ва даъват барои ташкил кардани бетартибиҳои оммавӣ машғул шудааст.

Нисбат ба Чоршанбиев Ч.А. дар асоси маводҳои мавҷуда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо моддаҳои 189 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва номбурда дастгир карда шуд. Тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Чоршанбиев Ч.А. аз лаҳзаи дастгиршавӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вакили дифоъ таъмин шудааст.

Ба хешовандони наздики Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович дар бораи дастгир кардани ӯ ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷиноятҳои мазкур расман хабар дода шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз3456
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта4784
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3456
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта29251
mod_vvisit_counterҲамин моҳ112924
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта124216
mod_vvisit_counterҲамагӣ2688742

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.