шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

БАҲСИ ТОҶИК БУДАН Ё НАБУДАНИ БАДАХШОНИҲОРО БАС КУНЕД!

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Савганд ба тамоми муқаддасот, ки баҳси сунъии ба кадом миллат дахл доштани бадахшониҳоеро, ки забонҳояшон шарқиэронист, ба дилам задааст.

Тоҷик будани ин мардум ҳақиқатест равшантар аз оина!

Ин мардум асрҳои аср тоҷик будаанд ва дар ягон марҳалаи таърих ба тоҷик буданашон на онҳо шубҳа кардаанд, на ягон миллати дигар.

Агар дар ин бобат шубҳае ҷой медошт, дар айёми сахти табартақсими Осиёи Миёна ҳатман садо баланд мекарданд ва худро тоҷик наменавиштанд ва бузургтарин намояндаи ин халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур бо он ҷасорату донише, ки дошт, барои таъсис додани давлати тоҷикон ин қадар ҷонбозӣ намекард ва ҳадди ақал худро тоҷик намегуфт! Ё ҳатман аз байни халқи Шуғнон, Рӯшон, Вахон, Язгулом ва Ишкошим одамоне пайдо мешуданд, ки ин масъаларо ба миён меандохтанд. Аммо ягон ҳуҷҷат ва ҳатто ривояте дар даст надорем ё нашунидаем, ки кадом нафаре аз ин мардум худро тоҷик надонистааст ва изҳори норозигӣ карда бошад.

Помирӣ миллат нест! Он мафҳуми ҷуғрофиест, ки бо омадани русҳо аз тариқи роҳи Помир (Мурғоб) ба Бадахшон дар забони мардуми олам уфтод ва на ҳамчун мансубияти миллӣ, балки ба сифати мансубияти ҷуғрофии маскунини ин сарзамин ба кор бурда мешуд.

Як хатои бузурге, ки дар нимаи қарни 20 ҳукумати ИҶШС ба он роҳ дод, ин аст, ки Помири таърихиро соли 1932 ба муносибати 40-солагии ба деҳачаи Марғов омадани фавҷи нахустини аскарони рус ва мустақар гаштан дар сарҳади Чин, Мургаб ном ниҳоданд ва бо ҳамин номи ҳақиқиаш - Марғовро ба талаффузи худ мутобиқ карда Мургаб (баъдан тоҷикони мо онро аз русӣ ба тоҷикӣ Мурғоб тарҷума карда, ба дасти худашон вайрон) карданд ва ба ин восита номи Помирро аз байн бурда, ба даҳони як зумра ҳувиятбохтагони бесаводи маҳалгарои оянда ба воситаи маъруф гардондани ин номвожа калима гузоштанд.

Ба хотири аз байн бурдани ин баҳси нанговар пешниҳод мекунам, ки:

а) Номи маснуии ноҳияи Мурғоб ба номи таърихии он – Помир иваз карда шавад, то ин гурӯҳи худбехабари миллатситез ба таври аёнӣ бинанд, донанд ва эҳсос намоянд, ки Помир (айни ҳол ноҳияи Мурғоб) як қисми хоки Бадахшон аст ва ба қавму миллат ҳеч рабте надорад.

б) Онҳоеро, ки миллати худро "помирӣ" меноманд ва таҳти ин ном ҳадафҳои шовинистӣ ва ҷудоиандозии худ ва давлатҳои ба Тоҷикистон нодӯстро фаъолона амалӣ месозанд, барои вурудашон ба хоки Тоҷикистон таҳрим ҷорӣ гардад.

в) Дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон баҳси тоҷик будан ё набудани бадахшониҳо қатъ карда шавад ва ҳар расона ё шахсе, ки ба ин баҳс даст мезанад, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Бо асаби бадахшониҳо бозӣ кардан бас аст!

Дигар айбу шарм аст бо чанд нафар шӯрандозе, ки аслан кирои таваҷҷуҳ намекунанд, дар атрофи як мавзуе, ки кайҳо исбот шудааст, баҳсу мунозира барпо доштан ва ба ҳамин восита онҳоро реклама кардану дар назари мардум рақиби сазовор ба ҷилва овардан!

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз710
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2293
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7141
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11884
mod_vvisit_counterҲамин моҳ19025
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта125886
mod_vvisit_counterҲамагӣ4260871

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.