шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Истиқлол дар нимсолаи якуми соли 2024

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

9 июли соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳр таҳти раёсати Раиси шаҳр Қаюмҷон Маҳмудзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2024 баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Инчунин дар ҷаласаи мазкур муовинони Раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагон ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилот ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.Дар кори маҷлис натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли 2024 ва андешидани чораҳои зарурӣ вобаста ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.Вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якуми соли равон муовини Раиси шаҳр Ниёззода Муҳаммад Ниёз маърӯза намуд.Гуфта шуд, ки дар ин давра, бо мақсади тарғибу ташвиқи бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар нақшаи мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда шуда, бо тамоми ҷомеаҳои меҳнатии соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва сокинони маҳаллаҳои шаҳр мулоқоту сӯҳбатҳои гуруҳҳои корӣ ташкил ва баргузор  гардид. Инчунин намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, доир ба рушди соҳаи саноат, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ суханронӣ намуд.Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир ба нишондодҳои иҷтимоӣ иқтисодии шаҳр дар нимсолаи якум, аз ҷумла иҷрои супоришҳо дар партави Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъмини шароити арзанда барои кору зиндагии сокинон суханронӣ намуда, ба фаъолони шаҳр дастур дод, ки ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҳамаҷониба мусоидат намоянд.Дар охир Раиси шаҳр баромад намуда, ҷиҳати пешбурди фаъолияти самаранок ва баҳри иҷрои нақшаҳои пешгузошта, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва дигар омилҳои номатлуб ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

 

 

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Ошибка: Не выбраны статьи для показа

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1051
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1468
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2519
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8303
mod_vvisit_counterҲамин моҳ16682
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта35587
mod_vvisit_counterҲамагӣ4401298

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.