МИЗИ МУДАВВАР ДОИР БА ПЕШВОЗИ 33 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Китобхонаи марказии назди бахши фарҳанги шаҳр бо иштироки намояндагони МИҲД- и шаҳр, намояндагони КДАМ ҶТ ва ШВКД ҶТ дар шаҳри Истиқлол, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, зиёиёну адибон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва хонандагону омӯзгорон мизи мудаввар доир ба пешвози 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагон доир ба аҳамият ва самари Истиқлолияти кишвар, ватандустиву хештаншиносӣ, саҳм барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи насли наврас, пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, донишомузӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба масъалаҳои дар боло қайдгардида иброз доштанд.
Ҳамчунин аз ҷониби иштирокчиен қироати шеъру суруд, андешаҳо бобати ватандӯстӣ ва якдилӣ дар зери партави сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамагон ироа гардид.
Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр чорабиниҳои фарҳангӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ва муассисаҳои зертобеи бахш бахшида ба таҷлили 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза ҷараён дошта, кормандони бахши фарҳанги шаҳр барои ташкили суҳбату вохуриҳо, чорабиниҳои адабӣ, мизҳои мудаввар ва консертҳои идона барои фароғати сокинон кӯшиш менамоянд.