ИСТИҚЛОЛИЯТ- БУНЁДГУЗОРИ ДАСТОВАРДҲОИ АЗИМ ДАР КИШВАР
Санаи 5 сентябр дар толори Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Истиқлолият- бунёдгузори дастовардҳои азим дар кишвар" бахшида ба 33- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Истиқлол Ниёззода Муҳаммад, намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Миркамолов Маҳкамҷон ва омӯзгорону хонандагон ширкат намуданд.
Дар конференсия директори муассиса Исфандиёр Ниёзов, Миркамолов Маҳкамҷон, Муҳаммад Ниёззода ва чанде дигарон дар мавзӯҳои ба Истиқлолияти кишвари азизамон вобаста баромад намуданд.
Ҳамзамон дар рафти конференсия ба якчанд омӯзгорони хонандагони муассиса Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин барномаи консертӣ бо иштироки овозхони маъруф Маҳками Баҳриддин пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.