ВОХӮРИҲО ИДОМА ДОРАНД
Имрӯз дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами дуи шаҳр вохӯрӣ бо сокинони шаҳр доир гардид.
Дар вохӯрӣ сараввал директори муассиса Аҳмадзода Шӯҳрат оид ба масъалаҳои соҳаи маориф, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", тарбияи фарзанд ва дигар масъалаҳо баромад кард.
Ҳамзамон муовини раиси шаҳр Ниёззода Муҳаммад Ниёз оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, хатари терроризм ва экстремизм ба ҳаёти мардум, татбиқи қонунҳои миллӣ, шукргузорӣ аз фазои осоишта дар кишвар, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дигар масъалаҳо ибрози назар намуд.
Сипас Ниёззода Муҳаммад Ниёз сокинонро ба муносибати ҷашни 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.