РӯЗИ АХБОРИ СИЁСӢ
Дар корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ахбори сиёсӣ бо иштироки ҳайати тарғиботчиёни вилоятӣ ва маҳаллӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Ниёззода Муҳаммад, намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Аъзам Ҳотамӣ, намояндаи КИ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Умар Ҳабибуллоев, намояндаи шӯъбаи дар шаҳри Истиқлолбудаи РКДАМ ҶТ дар вилоят Давлатшоҳ Асадуллоев баромад намуда оид ба гиромидошти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифз ва эҳтироми муқаддасоти давлатӣ, рушди соҳаи саноат дар кишвар, дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, пешгирии сокинон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву терористӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз баромад намуданд.