шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ТАБРИКИ РАИСИ ШАҲР ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Модарону хоҳарони арҷманд!

Дар оғози фасли баҳор фаро расидани Рӯзи Модар, ки ҷашни барои ҳамаи мо бисёр азиз аст, ба кулли сокинони шаҳр, бахусус модарону бонувон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Дар ситоиши зан-модар то имрӯз ҳазорон асари саршор аз меҳру муҳаббат эҷод гардида, симои зан ҳанӯз дар аввалин китобҳои мардуми кӯҳанбунёди мо ҳамчун фарди зебову зебоипараст, донишманду фарҳангдӯст, ватандору ватанпараст, ҳунарманд ва алалхусус тарбиятгар тасвир ёфтааст.

 

Гузашта аз ин, зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад. Пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар фарди солимфикр ва бонангу номус аст. Маҳз модар метавонад аз овони тифлӣ наҷибтарин хислатҳои инсониро дар замири фарзандаш бипарварад.

 

Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва ҳаловатбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд кардаанд: “Модар барои ҳар инсон азизтарин шахс аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро бо мафҳуми модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд”.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонидааст. Дар баробари ин, мавқеи устувори занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барояшон майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномиро муҳайё сохтааст.

Дар ин замина, ғамхорӣ дар ҳаққи занон ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани онҳо ба корҳои роҳбарӣ ҳамеша дар мадди назари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ қарор дорад. Боиси сарбаландист, ки имрӯз занони мо дар ҳамаи сохторҳои давлатӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд. Мо бо занону бонувоне, ки дар самтҳои гуногун бо меҳнати худ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд, ифтихор мекунем.

Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст.

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ба ин маънӣ, бояд занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.

Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳуввияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.

Имсол Рӯзи Модар дар пиромуни “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҷлил мегардад, ки ин ҳам як нишонаи баланди арҷгузорӣ ба номи муқаддаси модар ва талоши ин табақаи бонуфузи ҷомеа дар соҳибкасб гардонидани фарзандон мебошад. Умедворам, ки дар ин соли накӯ кору пайкори шумо модарону бонувони азиз, боз ҳам фаъолтар гардида, ҳар яки шумо тамоми нерӯ ва заковати хешро барои ҷалби ҷавонону наврасон ба ҳунаромӯзӣ сафарбар мекунед.

Дар ин роҳи ниҳоят пурифтихор ба ҳар кадоми шумо барори кор орзу менамоям.

Бигзор, Рӯзи модарон ба ҳар пиру барнои диёр, занону бонувони азиз, хушрӯзиву саодатмандӣ насиб гардонад!

Ид муборак, бонувону модарони гиромиқадр!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз7
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта764
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта4597
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8220
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36293
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта46742
mod_vvisit_counterҲамагӣ4025489

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.