шаблоны joomla

Матни равон
"1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
"Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Таҷлили Рӯзи Модар дар шаҳр

(0 votes, average 0 out of 5)

Бахшида ба Рӯзи Модар субҳи 7-уми март мулоқоти раиси шаҳр Худойназар Амонзода бо 15 нафар бонувони собиқадор, ки солҳои тулонӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр фаъолият намудаан ташкил ва гузаронида шуд.

Дар мулоқот раиси шаҳр доир ба таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан-модар суханронӣ намуданд. Ҳамзамон оид ба саҳми бонувон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии шаҳр андешаронӣ намуда, изҳори қаноатмандии хешро аз кору пайкори бонувони фаъоли шаҳр баён намуданд.

 

Дар охири мулоқот аз ҷониби бонувон низ изҳори миннатдорӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии самти кор бо занон ва оила баён карда шуда қайд гардид, ки оянда низ барои ободиву созандагӣ дар шаҳр саҳми худро хоҳанд гузошт.

 

Чун рамзи муҳаббат ба зан-модар ва бахшида ба Рӯзи модарон ба ин бонувон-собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Ҳамзамон дар золи Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ташкил ва гузаронида шуд.

Сараввал Раиси шаҳр аз растаҳои муассисаҳои таълимӣ, ки бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар даромадгоҳи золи Қаср омода карда шуда буд дидан намуданд.

раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода табрики хешро ба Рӯзи Модар қироат намуданд. Сипас ба 10 нафар занони фаъоли корхонаву муассиса ва ташкилотҳо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби раиси шаҳр тақдим карда шуд.

Барномаи театркунонидашуда ва чорабинии консертӣ барои болидахотирии бонувон аз ҷониби ҳунармандони Қасри фарҳанги шаҳр пешкаш гашт.

Баъди анҷоми чорабинӣ ба 200 нафар занон аз корхонаву муассисаҳо туҳфаҳо аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастрас гардид.

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модар дар сатҳи баланди сиёсӣ ва маънавӣ ташкил шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз332
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта626
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2054
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5445
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36257
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28589
mod_vvisit_counterҲамагӣ1077380

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.