шаблоны joomla

Матни равон
"1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
"Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ТАБРИКИ РАИСИ ШАҲР ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ

(0 votes, average 0 out of 5)

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори умум, аҳли эҷоди шаҳр!

Ҳамаи шуморо ба Рӯзи матбуот табрику таҳният намуда, бароятон саодатмандии рӯзгор ва аз ҳама муҳим хомаи созандаро ба нафъи давлату миллат таманно дорам.

Яксаду шаш сол пеш, яъне 11-уми марти соли 1912 аввалин рӯзнома бо номи «Бухорои шариф» аз ҷониби фарзандони барӯманди халқ Мирзосироҷи Ҳаким, Мирзо Муҳиддин, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Фитрат ва чанде дигарон таъсис дода шуд ва ин иқдоми онҳо дар бедории халқ ва талошҳо дар пойдории давлатӣ дар таърихи мардуми мо бо хатҳои заррин сабт ёфтаанд.

 

Хотиррасон менамоям, ки фарзанди фарзонаи халқ, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар ташкили матбуоти даврӣ, бахусус рӯзномаҳои «Шӯълаи инқилоб» ва «Овози тоҷик», ки яке аз аввалин рӯзномаҳо низ маҳсуб меёбанд нақши босазо гузоштаанд. Баъди ташкили ин рӯзномаҳо роҳи фарох барои рӯзноманигорону публитсистҳо кушода гардид ва дар саросари сарзамини халқи мо рӯзномаҳо пайдарпай таъсис дода шуданд.

 

 

Баъди соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон мавқеи воситаҳои ахбори омма дар низоми давлатдорӣ ҷойи намоёнро ишғол намудааст ва таваҷҷӯҳи Хукумати кишвар дар пешрафти фаъолияти матбуот назаррас аст. Яке аз ин таваҷҷуҳҳо бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтани Академияи ВАО мебошад, ки барои тайёр намудани мутахассисони соҳавии варзида фаъолият намуда истодааст.

 

Ҳамчунин аз ҷониби Хукумати кишвар «Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017» қабул гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як баромадашон бахшида ба Рӯзи матбуот чунин қайд намуданд: “Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, дар таъмини фазои иттилоотӣ, ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавзӯъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ фароҳам месозад”.

Дар шаҳри Истиқлол низ давоми чор сол аст, ки рӯзномаи маҳаллии «Навиди Истиқлол» бо мақсади инъикоси ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии хоҷагии халқ аз нав таъсис дода шуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми ин се соли фаъолият барои пешбурди фаъолияти рӯзнома чораҳои муассир андешидааст. Соли равон низ аз буҷаи маҳаллӣ барои пешрафти кори рӯзнома зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Аз ин рӯ, масъулини рӯзномаи маҳаллиро зарур аст, ки оянда низ фаъолияти хешро дар самти инъикос ва пешниҳоди иттилои тоза, саҳеҳ, саривақтӣ, рӯи чоп овардани маводу мақолаҳои мувофиқ ба завқи муосир ва барои баланд бардоштани маърифату маданияти мардум кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро дар шароити кунунӣ фазои иттилоотии муосир дар ҳаёти сокинон нақши муҳим дорад.

Бори дигар ба Рӯзи касбӣ намояндагони воситаҳои ахори оммаро табрику муборакбод намуда, бароятон фаъолияти пурсамар дар роҳи таъмини иттилои босифатро таманно дорам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз328
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта626
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2050
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта5445
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36253
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта28589
mod_vvisit_counterҲамагӣ1077376

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.