шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

САФАРИ ДАВЛАТИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ БА ТОҶИКИСТОН

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон давоми ду рӯз 9 ва 10 марти соли 2018 идома ёфта, зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он беш аз 40 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Дар доираи ин сафари давлатӣ Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуд.

 

Руйдоди муҳим, ки бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омад, ифтитоҳи Гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани “Ғалаба-Амузанг” мебошад.

Мавриди зикри хос аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо наздики 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд, ки мардуми ташнаи дидорро ба висоли дӯст, хешу табор ва ҳамсояи нек расонд. Акнун шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои дӯстию хешутабории онҳо таърихи чандинасра дорад, бемамониат рафтуомад мекунанд.

Баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” аз тадбирҳои муҳиму хотирмони фарҳангӣ буд, ки дар он Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев самимитарин суханонро дар бораи дӯстию бародарӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муносибатҳои хешутабории ду мардум, инчунин кушодани дилҳо, дарҳо, сарҳадҳо ва оғуши гарми якдигар барои идомаи равобити ҳасана баён доштанд.

Барномаи рангину пурмуҳтавои консертии тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳо бошад, ба мардум муҷдаи оғози марҳилаи нави муносибатҳои неку бобарорро расонд.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки акнун мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон бо шарофати сиёсати неку ояндадор ва бобарору сулҳофари Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ин пас ҳам дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва дигар ормонҳои чандинасраи хеш зиндагӣ мекунанд.

Умед аст, ки ин ташрифи Президенти кишвари ҳамсоя ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва хешутабории ду халқи бузург заминаҳои мусоид фароҳам меорад.

Маросими қабул ва гусели меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон чун расми истиқболи расмӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса, бо садои карнаю сурнай, оро додани майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию ҳамсоягии нек сурат гирифт.

Баръало эҳсос мегардид, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати ҳамроҳаш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти нек ба Ватан бармегарданд, зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик бо риояи анъанаи накуи аҷдодӣ - меҳмоннавозӣ ва инсондӯстӣ онҳоро қабул, меҳмондорӣ ва гусел намуданд

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1054
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1198
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5551
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ2252
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4070106

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.