шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ИФРОТГАРО Ё ИФРИТ - ҲАРДУ ҲАММАЪНО

(0 votes, average 0 out of 5)

Чуноне ки медонем имрӯзҳо бархе аз гумроҳон дар дигар кишварҳо, ки барои муҳоҷирати корӣ, яъне барои дарёфти қути лоямут мераванд ва дониши казоӣ надоранд ба доми ифротгароён меафтанд ва бо гумони беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ ба бало гирифтор мешаванд. Ва бурун шудан аз ин чоҳи фиреб бисёр мушкил аст, зеро ҳаракату фаъолияти хешро ифротгароён ба гумроҳ нафарон тариқи эътиқоди дурӯғини динии худ таҳмил мекунанд. Ва аксар ҷавонони ҷоҳил наметавонанд фаъолияти тундравонаи ононро бифаҳманд. Аксар гумон мекунанд, ки дар иҷрои “аҳкоми динӣ” ба ҷое расидаанд. Намефаҳманд, ки баръакс амал кардаанд, одам куштаанд, ғорат кардаанд ва хулоса мардумозориро ба рӯи фарзанди инсон раво дидаанд, ки баддарин аъмоли инсонист.

Дар фарҳанги забони тоҷикӣ маънои ифрот аз ҳадди даркорӣ гузаштан ё зиёдаравӣ аст ва бештар дар “эътиқоди динӣ”-и бархе аз камсаводон дида мешавад, ки нисбати дин нигоҳи тунд ва танг доранд. Дар бисёри вақт ифротгароён моҷароҷӯйӣ ва усулҳои фитнаро дар ҷомеа таҳмил менамоянд ва ақидаҳои ифротиро ба мардум дар унвони сарчаш-маҳои худашон чоп карда ё бофта ҳарф мезананд. Дар рӯ ба рӯйи ҳадафи онҳо ба таври ҳамешагӣ нафарони камсавод меистанд ва ба гуфторҳои заҳромези онон моил мешаванд.

Маънои ифрит бошад дар Фарҳанги забони тоҷикӣ мавҷу-ди зишту нопок, дев, аҳриман аст ва ифротгароён чун ифрит, дев ё аҳриман ҳамеша ба ҳаёту зисти инсонҳо зарар мерасонанд. Чун маънои зист ва таърихи ҳаёт исбот кардааст, некӣ бар бадӣ ҳамеша ғолиб аст ва аҳли фаъоли ҷомеа бояд дар мубориза алайҳи ифротгароӣ ва ифритҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Аз ҳама муҳим он аст, ки инсонҳои комил метавонанд баҳри ҳифзи арзишҳои милливу мазҳабӣ кӯшиш намоянд. Хушбахтона, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арҷ гузоштан ба фарҳангии динии мардуми кишвар аз нигоҳи қонунгузорӣ чораандешӣ намудааст ва барои озодии виҷдон ва иттиҳо-дияҳои динӣ шароит фароҳам оварда истодааст.

Дар ин замина, мо бояд ҷиҳати пешгирии тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар ҷомеа ва бахусус ҷиҳати шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ кӯшиш намоем ва барои дар ҷомеа тарғиб намудани идеяҳои солим аз тамоми имконот истифода намоем то ифритҳо ба ифротгароӣ машғул нашаванд.

М.Ниёзов

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз662
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1992
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7151
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ3852
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4071706

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.