шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ХУДОЙНАЗАР АМОНЗОДА: ЗИЁИЁН НИГАҲБОН ВА ТАРҒИБГАРИ АРЗИШҲОИ МАЪНАВИИ ХАЛҚ МЕБОШАНД

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз дар саросари кишварамон, яъне 20-уми март Рӯзи зиёиёни эҷодкор таҷлил карда мешавад. Вобаста ба ин, бори дигар фарорасии Наврӯзи хуҷастапай ва Рӯзи зиёиёни эҷодкорро ба шумо аҳли маърифат ва посдорандагони анъанаҳои неки ниёгон табрику муборакбод намуда, бароятон тани сиҳату хотири осуда, хонаи обод ва илҳоми тозаи фаъолият дар самти баланд бардоштани маънавияти ҷомеаро орзу менамоям.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамеша ташаббусҳои неку созандаи Шумо фаъолони муҳтарамро дастгирӣ намуда, баҳри рушди тамоми соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр кӯшиши беш аз беш дода истодааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб шумо - аҳли зиёиёни эҷодкорро даъват менамоям ки дар ҳамоҳангӣ бо фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бештар ташаббускор бошед, зеро мардум дар ҳамаи давру замонҳо ба аҳли зиё ҳамчун табақаи воқеан равшанфикр ихлос карда, ба сухани онҳо гӯш мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиёни кишвар чунин қайд намуда буданд, ки аҳли зиё метавонанд дар ислоҳи нуқсу камбудиҳои ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, коррупсия, одамфурӯшӣ, нашъамандӣ ва зарари он барои ҳаёти инсон ва генофонди миллат, танзими оила ва расму оинҳо кори зиёдро анҷом диҳанд.

Ба ҳамин хотир, Шумо бояд рисолати аслии хешро дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишу ҷаҳонбинии сокинони шаҳр, аз ҷумла маърифати сиёсиву ҳуқуқии табақаҳои гуногун, тарғиби тарзи солим ва оқилонаи ҳаёт, тарбияи насли босавод ва ба талаботи замона ҷавобгӯй, ташкили рӯзгори сарфакорона ва оилаҳои пешрафта иҷро намоед.

Бо боварии комил метавонам қайд намоям, ки аҳли зиёиёни шаҳр нерӯи раҳнамо ва ҳидоятгари ҷомеа мебошанд ва минбаъд низ баҳри тарғиби фикру андешаи умумимиллӣ, ғояи ваҳдату дӯстӣ ва сарҷамъӣ байни сокинон кӯшиш менамоянд.

Дар охир, ҳамаи шумоёнро бори дигар бо фарорасии Наврӯзи Аҷам ва Рӯзи зиёиёни эҷодкор табрик гуфта, бароятон саломатию сарбаландӣ, файзу баракати идона, нерӯю ғайрати офаранда ва барори корро орзу менамоям.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1024
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1198
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта5521
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ2222
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4070076

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.