шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳисоботи раиси шаҳри Истиқлол оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр барои семоҳаи аввали соли 2018

(0 votes, average 0 out of 5)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол давоми семоҳаи аввали соли 2018 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст.

Ҳамзамон баъди аз ҷониби Сарвари кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани «Соли 2018- Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷиҳати тарғиби касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби ҷавонон ва махсусан бонувони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва барои дастгирии табақаи ҳунарманди ҷомеа кӯшиш ба харҷ намуда истодааст.

1. Маълумот оиди иҷроиши буҷет

 

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети маҳаллӣ нақшаи қисми даромади буҷет ба санаи 1 апрели соли 2018 130,6 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 1 миллиону 963,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет 2 миллиону 564,5 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Қисми даромад аз рӯи 8 намуди андозҳо зиёда аз 100 фоиз иҷро гардида, аз ҳамин ҷиҳат ба буҷети маҳаллӣ иловатан 2 миллиону 432,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки барои корҳои ободониву созандагӣ ва рушди маҳал масраф мегардад.

 

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андози иҷтимоӣ зиёда аз 101,2 фоиз иҷро гардид. Ҳамчунин нақшаи ғайрибуҷетӣ дар давраи ҳисоботӣ 874– ҳазор сомонӣ буда, ба буҷет 954,8 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ба ҳолати 1-уми апрели соли 2018, 109,2 фоизро ташкил медиҳад.

 

Ба санаи 1-уми марти соли 2018 бақияпулиҳои андози солҳои пешина ба маблағи 927 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз ба маблағи 23 ҳазор сомонӣ кам гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, аз рӯи нақша 2 миллиону 971,1 ҳазор сомонӣ буда, ба маблағи зиёда аз 2 миллиону 920,7 ҳазор сомонӣ, ё ин ки баробари 98,3 фоиз нисбат ба нақша иҷро гардида, қарз аз пардохтҳои бандҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар шаҳр вуҷуд надорад.

2. Таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Барои афзун гардонидани иқтидори иқтисодии шаҳр ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоягузорони дохиливу хориҷӣ корҳои муайян ба сомон расонида шуданд. Айни замон дар шаҳр 2 лоиҳаи инвеститсионии хориҷӣ, яъне лоиҳаи «Озуқаворӣ барои маориф» ва «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» амал мекунанд.

Бо дастгирии лоиҳаи инвеститсионии «Озуқаворӣ барои маориф» аз аввали татбиқ то айни замон зиёда аз 127,6 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ карда шуда, дар давоми семоҳаи аввали соли 2018 4 ҳазору 100 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Инвестори ин лоиҳа ташкилоти байналхалқии БОҶ ТММ мебошад.

Аз аввали татбиқи лоиҳаи инвеститсионии «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон» дар шаҳри Истиқлол, ки дар се марҳилла мешбинишудаааст то ҳол 1 миллиону 123 ҳазору 500 доллари ИМА маблағ ҷудо карда шудааст. Инвестори лоиҳаи мазкур Бонки Аврупоии “Таҷдид ва Рушд” мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шаҳр сармоягузорони хориҷӣ ба маблағи 4 ҳазору 100 сомонӣ маблағгузорӣ намуданд.

Ҳамзамон сармояи дохилӣ ба маблағи 254 ҳазор сомонӣ барои харидории мебел ва таҷҳизотҳои ёрирасон дар шаҳр ворид гардидааст.

Дар шаҳр шумораи соҳибкорони хурду миёна 202 нафар (занон зиёда аз 30 фоиз) буда, аз ин шумора 43 нафар соҳибкорон дар асоси “Шаҳодатнома” ва 159 нафар дар асоси патент фаъолият мебаранд.

3. Вазъи соҳаи саноат ва энергетика

Сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саноатчиён диққати асосиро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисон ба кор, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи иқтидорҳои бозистода равона намуданд.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бошад дар ин давра дар шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ зиёда аз 5 миллиону 317 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 137,5 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ (4 адад) ба маблағи 3 миллиону 614,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро нисбати ҳамин давраи соли 2017 ба 131,1 фоиз баланд бардоштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 1 миллиону 310 ҳазор сомонӣ аз тарафи сектори хусусӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 маротиба зиёдтар мебошад. Инчунин аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 1 коргоҳи истеҳсолӣ бо ташкили зиёда аз 3 ҷои нави корӣ таъсис дода шуд.

Аз тарафи аҳолӣ зиёда аз 393 ҳазор сомонӣ барои хизматрасонии характери саноатидошта, яъне барои обу ташноб ва барқ пардохт карда шудааст.

Корхонаи шабакаҳои барқ баҳри интиқоли бемайлони қувваи барқ, пардохти маблағи ҳаққи истифодаи он кӯшиш ба харҷ дод. Баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳо ҷиҳати пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ситоди доимоамалкунанда ташкил гардид. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳр пардохти истифодаи қувваи барқ 87 фоизро ташкил дода, аз тарафи аҳолӣ бошад 88,3 фоиз пардохт гардидааст.

4. Рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон

Маблағгузории капиталӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба маблағи 1 миллиону 360 ҳазор сомонӣ ташкил дод.

Дар давраи ҳисоботӣ аҳолии шаҳр барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор саъю талоши зиёд ба харҷ дода, корҳои ободониву созандагиро боз ҳам пурзӯр намуданд.

Дар давоми сол фондҳои асосӣ ба маблағи 1 миллиону 357 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 фоизро ташкил дод.

Дар маҳалҳои аҳолинишин 4 адад хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 465 метри мураббаъ сохта шудаанд.

5. Рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр ҳамагӣ ба масоҳати 5,5 километр роҳҳо таъмиру тармим карда шуданд ва 4,8 км роҳҳои маҳалҳои аҳолинишин шағалпӯш карда шуданд.

Роҳҳои автомобилии маҳаллии истифодаи умум ба талаботҳои меъёрӣ ҷавобгӯй мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 500 метри мураббаъ роҳравҳои кӯчаи марказии шаҳр бо тахтаҳои сафолӣ (брусчатка) рупӯш гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо нақлиёти автомобилӣ 5,1 ҳазор тонна бор ва 10,8 ҳазор нафар мусофирон кашонида шудааст.

8. Рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Дар шаҳри Истиқлол хизматрасонии алоқа аз тарафи ҶСК “Тоҷиктелеком”, ки дар ҳудуди шаҳр минтақаи истифодабарӣ доранд ба роҳ монда мешавад. Ғайр аз ин хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби ширкатҳои “Тсел”, “Мегафон”, “Биллайн” ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.

6. Рушди соҳаи иҷтимоӣ ва таъмини рушди нерӯи инсонӣ

Дастгирии мақсадноки аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Масъалаи мубрами рӯз ин вуҷуд доштани ҷойҳои холии корӣ, нарасидани мутахассисон ва бекорӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 72 нафар аз ҷумла 34 нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Баҳри ҳарчи бештар фаро гирифтани сокинон бо ҷойи кори доимӣ соли равон 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки аз ҷониби корхонаву муассисаҳои шаҳр зиёда аз 60 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шуда тавассути ярмарка 20 нафар корҷӯён бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гаштанд.

Инчунин аз ҳисоби шаҳрвандони корҷӯянда ва бекор 40 нафар ба тариқи роҳхати бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзонӣ ба ихтисосҳои қолинбофӣ ва дӯзандагӣ ҷалб карда шуданд.

Шумораи расман ҳамчун бекор ба қайд гирифташуда дар шаҳр 113 нафарро (66 нафар занҳо) ташкил медиҳад.

Музди миёнаи меҳнат айни замон 791 сомону 30 дирамро ташкил медиҳад. Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2018 қарзи музди маош дар шаҳр вуҷуд надорад.

Бо мақсади эҳёи касбҳои мардумӣ ва ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ шумораи 40 нафар шаҳрвандон бо касбҳои қолинбофӣ ва дӯзандагӣ ҷалб карда шуданд.

Дар самти ҳифзи меҳнати кормандон якчанд маротиба семинару машваратҳо ташкил ва гузаронида шуд. Давоми семоҳаи соли равон 42 адад шартномаҳои коллективӣ дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳо баста шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ 480 нафар сокинони шаҳр (аз ҷумла занон 155 нафар) аз муҳоҷират баргашта, 192 нафар (аз ҷумла 61 нафар занон) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд.

Айни замон дар шаҳр 263 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои фаъолият дар Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой ва 1 нафар аз Бритониёи Кабир ба ҳайси роҳбари ҶДММ “Нуқрафом” кору фаъолият доранд.

Дар ҳудуди шаҳр муҳоҷирони дохилии экологӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол 1117 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд. Андозаи нафақаи миёна аз рӯи ҳисоботи оморӣ 245 сомон ташкил медиҳад.

Талаботи нафақа бошад, дар давраи ҳисоботӣ 847,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки он пурра пардохт гардидааст.

7. Рушди соҳаи маориф

Дар ҳудуди шаҳр 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 литсейи касбӣ-техникӣ фаъолият дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2517 нафар хонандагон таълим мегиранд, ки аз онҳо 1254 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар маркази таҳсилоти иловагӣ 431 нафар хонандагон ба 16 маҳфилҳои гуногун ҷалб гаштаанд.

Дар ин муассисаҳои таълимӣ 222 нафар омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва мураббияҳо ба наврасону кӯдакон таълим медиҳанд.

Дар шаҳр кӯдакони аз таҳсил дур монда вуҷуд надорад. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр норасогии кадрҳои омӯзгорӣ вуҷуд надорад.

Ҳамаи муассисаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, иҷроиши барномаҳои соҳавӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро гардида, ба 6 нафар хонанда 1 компютер рост меояд.

Давоми давраи ҳисоботӣ аз 131 нафар хатмкунанда 66 нафар ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестӣ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар нуқтаҳои бақайдгирии ММТ супориданд.

Дар ҳафт маҳфили маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр 89 нафар хонандагони боистеъдод фаро гирифта шуданд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон ва беҳтар гардонидани шароити зиндагонии онҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дода мешаванд. Ва ҳамзамон дар чорабиниҳои ҷашнӣ омӯзгорони ҷавон ҳавасманд карда мешаванд.

Ҳамаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сару либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошанд. Дар соҳаи маориф ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ назорат пурзӯр карда шудааст.

Дар даври вилоятии озмуни “Ҳафтсин ва ҳафтшин”, “Маликаи наврӯзӣ”, дастаи хонанадагони шаҳри Истиқлол ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардиданд.

Дар озмуни вилоятии “Расми беҳтарин” дар мавзуӣ “Тоҷикистон-сарчашмаи обҳои зулол” хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ширкат варзида сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ хонандаи МТМУ№1 Алиева Парвина аз фанни забон ва адабиёти рус ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид.

Барои таҷҳизонидани се кабинетҳои фаннӣ (физика, химия, биология) аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизу курсӣ ва маводҳои лабораторӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин 950 адад мизу курсӣ барои нишасти омӯзгорону хонандагон дастрас гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи дониши хонандагони макотиби шаҳр ба ҳисоби миёна 3,4 балро ташкил дод.

Тибқи нақша ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр аз аттестатсия ва аккредитатсия гузашта, фаъолияти худро тибқи Оиннома ва нақшаи кории худ ба роҳ монда истодаанд. Дар ин давра 6 нафар омӯзгорони мактабҳои шаҳр ба курсҳои такмили ихтисос фиристонида шуда, донишу малакаи худро баланд гардониданд. Ҳамзамон 39 нафар омӯзгорони фанҳои табии-риёзӣ дар моҳи январ аз курсҳои таълими босалоҳият гузаштанд.

Баҳри иҷрои Барномаи ташаккули муассисаҳои томактабӣ дар бинои кӯдакистони №8-и шаҳр корҳои таъмирӣ рафта исдодааст, ки дар соли 2018 фаъолияти хешро оғоз хоҳад кард. Дар ин кӯдакистон 300 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дар соли 2018 сохтмони мактаби намуди нав дар маҳаллаи Меҳнатободи шаҳр ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон бо қарори раиси шаҳр қитъаи замин барои бунёди мактаби мазкур ҷудо гардидааст.

9. Самти тандурустӣ ва тарзи ҳаёти солим

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятнок диққати махсус медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба густариши минбаъдаи ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.

Хизматрасонии тиббию санитариро ба аҳолии шаҳр беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳрӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мерасонанд. Хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитариро ба аҳолии шаҳр маркази саломатӣ ва маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мерасонад. маркази саломатӣ барои қабули 750 бемор дар як баст пешбинӣ карда шудааст. Дар назди маркази саломатӣ як нуқтаи тиббӣ дар маҳаллаи Табошари кӯҳна, шӯъбаи дандонпизишкӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ, ҳуҷраҳои солимии репродуктивӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар ҳуҷраҳои мутобиқшуда фаъолият мебаранд.

Дар ин давра боми бинои марази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ шиферпӯш карда шуд.

Ҳамзамон бинои шуъбаи таваллудхона бо маблағгузории буҷаи маҳаллӣ бо харҷи 140 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 53 нафар кӯдаки зиндатаввалуд ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017 15 адад кам мебошад. Нишондиҳандаи таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ 3,2 мебошад, ки нисбати соли 2017 ба 0,9 нишондиҳанда кам шудааст. Дар ин давра ҳодисаи фавти кӯдаки то 1-сола ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо сабабҳои беморӣ ва дигар ҳодисаҳо 18 нафар (соли 2017- 7 нафар) аз қайди ҳаёт гузаштанд. Нишондиҳандаи фавт ба 1000 аҳолӣ 1,1 мебошад. Ҳамин тариқ афзоиши табиӣ аҳолӣ дар ин давра ба 2,1 баробар мебошад. Фавти модар ба қайд гирифта нашудааст.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 31 нафар духтурон ва 102 нафар ҳамшираҳои тиб фаъолият мебаранд. Таъминоти аҳолӣ ба 10000 нафар аҳолӣ бо духтурон ба 17 ва бо ҳамшираҳои тиб ба 61,4 баробар мебошад. Муассисаҳои соҳа ба духтурони тибби оилавӣ, сироятшинос, рентгенолог, нарколог, духтур-озмоишгар, ҷарроҳ, стоматолог ва равоншинос ниёз доранд.

Аз моҳи майи соли равон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, № 90 «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», қарори Раиси вилояти Суғд аз 17.03.2017 сол, №128 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 дар вилояти Суғд», қарори Раиси шаҳр аз 11.04.2017 сол, №89 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 дар шаҳри Истиқлол” муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ ворид карда шуд.

Баҳри иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2016, №690 «Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №374 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» корҳои муайян ба сомн расонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 21 нафар ниқоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд. Тибқи фармоиши мазкур ниқоҳшавандагон аз флюрографияи қафаси сина, таҳлили хуну пешоб, таҳлили хун барои RW, ВНМО, гепатитҳо бо тестҳои оҷилӣ ва аз муоинаи табиби оилавӣ мегузаранд. Ҳангоми гузаронидани муоина бемориҳои музмин ва бо роҳи ҷинсӣ гузаранда дарёфт карда нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳуҷраи солимии репродуктивӣ 139 (соли 2017- 104) ҳомиладорон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 131 (2017- 99) нафарашон то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ аввалин маротиба ташриф овардааанд, ки 94 (2017-95) фисадро ташкил менамояд. 51 ҳомиладорон дар мӯҳлат ва 2 нафарашон исқоти ҳамл карданд. Аз шумораи умумии ҳомиладорон 134 (2017- 91) нафарашон таҳлили RW 96 % (2017-87,5%), 137 нафарашон як маротиба 99 % ва 51нафарашон ду маротиба таҳлили СПИД-ро гузаштанд. Таҳлилҳо ба тариқи ройгон гузаронида шудааст. Тестҳои оҷилӣ аз тарафи МСРВ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Маркази саломатӣ харидорӣ карда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр бемориҳои махсусан хавфноки сироятии домана, исҳоли хунин, вараҷа, сухтанӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин давра 3 ҳодисаи беморшавии зардпарвини «А», 2 ҳодисаи захмбардорӣ аз ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст.

10. Соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, таҳти №155 “Дар бораи Барномаи милли тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қарори раиси шаҳр аз санаи 3-юми марти соли 2017 таҳти №55 “Дар бораи Барномаи милли тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ба тавсиб расид, ки тибқи он корбарӣ мунтазам идома дорад.

Шумораи маъюбон дар шаҳр 259 нафар буда, аз ин шумора маъюбони то синни 18 сола 32 нафар мебошанд, ки ин теъдод 27 нафарашон гурӯҳи маъюби 1, 146 нафар маъюбӣ гурӯҳи 2 ва 54 нафар маъюби гурӯҳи 3 мебошанд.

Дар шаҳр шумораи оилаҳои камбизоат ва дар ҳолати зиндагии душвор қарордошта 178 нафар мебошанд.

Дар шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафаи идҳои милливу касбӣ ва санаҳои таърихӣ аз шароити зисту зиндагонии собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони яккаву танҳо, барҷомондагон, кӯҳансолон ва маъюбон дидан намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад.

Дар давоми давраи ҳисоботӣ оилаҳое, ки фарзанд ва ё саробонашонро дар барқароркунии сохти конститутсионӣ гум кардаанд, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони гурӯҳи 1, маъюбони то синни ҳаждаҳсола, собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва камбизоаттарин, оилаҳои ду ва зиёда маъюбдошта ва дигар шахсони эҳтиёҷманд, ҳамагӣ 100 нафар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассиса ва шахсони алоҳида аёдат карда шуда, ба ҳар яке кӯмаки моддӣ ба тариқи маводи хӯрока ва кӯмакпулӣ ба маблағи 27 ҳазору 500 сомонӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин ба 26 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи 3 ҳазор сомонӣ кӯмаки яквақтаина дода шуд.

11. Маълумот оиди вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ҷодаи фарҳанг низ барои ҳарчӣ бештар фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати бофароғати меҳнаткашон, такмилу густариш додани чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи санъаткорону ҳунармандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ корҳои мушаххас ва назаррас ба сомон расонида шуд. Дар шаҳр Қасри фарҳанг, мактаби мусиқии бачагона, осорхона ва китобхонаи оммавӣ фаъолият мебаранд.

Дар ин давра Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ таҷлил гардиданд.

Фонди китобхонаи оммавӣ 30 ҳазору 630 китобро дар бар мегирад, ки 270 нусха китобҳо аз таъмир бароварда шуданд, инчунин китобхона бо интернет пайваст карда шудааст.Ҳамчунин бинои китобхонаи оммавии шаҳр бо маблағи 16 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Дар ин давра барои таъмири дохили бинои Қасри фарҳанги шаҳр 146 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои бунёдӣ идома доранд.

Телевизион ва радио яке аз воситаҳое мебошанд, ки дар тарғибу ташвиқи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар нақши арзанда доранд.

Масъалаи пахши барномаҳои телевизион ва радио дар шаҳр қаноатбахш буда, мардум аз пахши барномаи телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон” 100 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 100 фоиз, “Сафина” 100 фоиз ва телевизиони вилояти Суғд ҳамагӣ 100 фоиз ва барномаҳои якуми радио 80 фоиз, барномаҳои сеюми радио 50 фоиз, барномаҳои радиои «Фарҳанг» 50 фоиз, барномаҳои радиои Суғд 100 фоиз истифода мебаранд.

Рӯзномаву маҷалла яке аз воситаҳое мебошад, ки дар тарғиби сиёсати давлат мусоидат менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” ҳар ҳафта як маротиба ба нашр расид, ки дар он маводу мақолаҳо оиди масъалаҳои рӯзмарра, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии мамлакат ва чорабиниҳои ҷашниву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ рӯи чоп омаданд.

12. Таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

Баҳри таъминоти аҳолии шаҳр бо оби нӯшокӣ дар пойгоҳи обкашии №5, воқеъ дар маҳаллаи якуми шаҳр ду ҳавзи ғунҷоишаш 1000 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамзамон хати марказии обтаъминкунӣ дар маҳаллаи якуми шаҳр аз нав шинонида шуда, дар масофаи 7 км қубурҳо аз нав насб карда шуданд. Ҳамчунин дар хонаҳои баландошёнаи маҳаллаи мазкур хати нави об аз нав насб гардида, айни замон ҳуҷраҳои сокинон бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд. Айни замон шаҳр бо оби нушокӣ таъмин гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади расонидани хизматҳои коммуналӣ аз ҷониби КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” корҳои назаррас ба роҳ монда шуд. Ҳамаи кӯчаҳои асосии шаҳр чароғон карда шуда, бо чароғакҳои гуногуни ороишӣ оро дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 15 шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 7 ҳазору 400 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Баҳри ободиву тозагии шаҳр 3 ҳазор метри кубӣ партовҳо бароварда шуд.

Дар ин давра ба масоҳати 60 метри мураббаъ боми хонаҳои истиқоматии баландошёна шиферпӯш карда шуда, ба масофаи 65 метр қубурҳои ташноби биноҳои истиқоматӣ иваз карда шуд.

Ҳамзамон якчанд бинои хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ таъмир гардида, рангу бор карда шуданд.

Аз тарафи Хоҷагии манзилию коммуналӣ дар давраи ҳисоботӣ хизматрасонии пулакӣ ба маблағи 415 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуда, ҷамъоварии маблағ 55 фоизро ташкил дод. Аз он ҷумла, аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 55,2 ҳазор сомонӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки 69 фоиз мебошад.

Бо мақсади беҳтар гардонидани шароити фароғати сокинон дар маҳаллаи якуми шаҳр гулгашт сохта шуда истодааст.

13.Таъмини устувории экологӣ ва рушди устувор

Баҳри пешгирӣ ва бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода «Нақшаи чорабиниҳои асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар соли 2018» таҳия гардидааст.

Дар давоми моҳҳои сипаригардида дар ҳудуди шаҳр ягон ҳодисаҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта нашудааст.

Дар миқёси шаҳр 11 адад паноҳгоҳ, 3 адад паноҳгоҳи зиддирадиатсионӣ вуҷуд доранд, ки 6 адади он таъмир карда шудааст.

Ҳамзамон барои рафъи ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шудааст.

Барои беҳтаргардонии фаъолияти Сидод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Истиқлол таҷҳизоти тақвияти алоқаи мобилӣ харидорӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аҳолии шаҳр барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор саъю талоши зиёд ба харҷ дода, корҳои ободониву созандагиро боз ҳам пурзӯр намуданд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 6490 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, 1800 бех сафедор ва 5000 (панҷ ҳазор) бех гулҳои гуногун шинонида шуданд.

14.Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватанпарастӣ, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушди иҷтимоии ҷавонон, рушди саломатии ҷавонон аз ҳадафҳои асосии мақомот дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад.

Варзишгарони шаҳрамон дар давраи ҳисоботӣ дар 6 мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 26 ҷойи якум, 23 ҷойи дуюм ва 12 ҷойи сеюм гардиданд.

Бо мақсади рушди соҳаи футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳр Федератсияи футбол ташкил гардид ва айни замон дастаи мунтахаби шаҳр бо номи “Металлург” барои иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ омодагӣ дида истодааст.

Ҳамзамон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми соли равон бояд 10 адад майдончаҳои варзишӣ бунёд гардад. Айни замон ду адад майдончаҳои варзишӣ ва майдони бозии кӯдакон сохта ба истифода дода шуд.

Барои рушди иҷтимоӣ, саломатии ҷавонон ва тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастӣ, ташкили чорабиниҳои гуногун барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим дар ин давра аз буҷаи маҳаллӣ 23 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Аз ҷониби сарпарастон ва соҳибкорон то ин давра 5 ҳазор сомонӣ маблағ барои пешбурди соҳаи варзиш ҷалб гардиданд.

15.Рушди соҳаи сайёҳӣ

Шаҳри Истиқлол аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ дар доманакӯҳҳои Қурама ҷойгир буда, дар фасли баҳор диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Моҳҳои апрел-май шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф барои сайри лола меоянд ва баҳри истироҳати бофароғат дар табиат шароит муҳайё карда шудааст. Инчунин истироҳатгоҳи «Уқобак», ки дорои 9 га месоҳат мебошад дар ҷойи хушманзара воқеъ буда, барои истироҳаткунандагон омода шуда, дорои 25 адад хонаҳои дуошёнаи тариқи аврупоӣ сохта шудааст.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази таҳсилоти иловагии шаҳр 2 маҳфили “Сайёҳони наврас” ташкил гардидааст. Ҳамзамон дар рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” саҳифаи “Як лаҳза саёҳат” ташкил карда шуда, ҳафтае як маротиба доир ба мавзеъҳои сайёҳии дохилӣ ва хориҷии кишвар маводҳо рӯи чоп меоянд.

16.Масъалаҳои баробарии гендерӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро тибқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ба роҳ монда, ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

Бахшида ба Рӯзи Модар ба 200 нафар занони фаъол аз корхонаву муассисаҳои шаҳр туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки бахши кор бо занон ва оила ин пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷомеа, алалхусус байни занону духтарон мебошад. Дар ин самт 15 вохӯрию мулоқот байни аҳолӣ ташкил ва доир карда шуда, байни занони миллатҳои гуногуни шаҳр оиди мустаҳкам намудани дӯстӣ ва гиромидошти урфу одатҳо, риояи либоси миллӣ ва расму оинҳои миллатҳои гуногун гузаронида шуд.

Дар ин давра дар вазифаҳои роҳбарикунанда 38 нафар занҳо фаъолият намуда, дар интихоботи гузашта 8 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардиданд.

Инчунин 5 нафар дар захираи кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.

17. Ҳолати кор дар самти дин, танзими анъана ва ҷашну маросим

Риояи қатъии муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст.

Дар давоми давраи ҳисоботӣ 20 маротиба вохӯрию сӯҳбатҳо оид ба танзими баргузории тӯю маъракаҳо, пешгирии ифротгарии динӣ, терроризим, худкушӣ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, зарари никоҳи хешу таборӣ, пешгирии шомилшавии мардум ба ҷараёнҳои ифротӣ гузаронида шуд. Дар ин вохӯриҳо гурӯҳи тарғиботчиён дар ҳайати масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, табибон ва имомхатибони масҷидҳова адибони шаҳр иштирок намуда, доир ба масъалаҳои дар боло зикргардида суханронӣ ва баромадҳо карданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 12 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 9 адад тӯйи домодиву арусӣ, маъракаҳои чил 2 адад, 1 адад сол баргузор гардиданд. Барои баргузории ҳамаи маъракаҳо 25 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Гарчанде, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳр бобати татбиқи Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуда бошанд, ҳам имрӯзҳо баъзе шаҳрвандон дидаю дониста талаботҳои Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро вайрон менамоянд. Дар ин давра 1 нафар сокини шаҳр барои дағалона вайрон намудани моддаи 11 Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби масъулини Комиссияи доимии шаҳр мутобиқи моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парванди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда шудааст.

Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 1 масҷиди ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта амал мекунад, ки онҳо аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, назорати фаъолияти онҳо дар мадди аввали назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ягон нафар истиқоматкунандагони шаҳр дар хориҷи кишвар дар муассисаҳои динӣ набуда, пайравони мазҳабу ҷараёнҳои бегона ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон ягон нафар ноболиғон дар масҷид ба намозҳо иштирок надошта, барои нарафтани онҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Имомони масҷидҳои шаҳр пайваста дар вақтҳои намозгузорӣ доир ба ваҳдату ягонагӣ ва дастгирии ятимону бепарастор ва оилаҳои камбизоат суханронӣ намуда, намозгузоронро бобати гуфтаҳои боло ҳидоят менамоянд.

18.Рушди соҳаи хизматрасонии пулакӣ

Хизматрасонии молиявӣ ба аҳолии шаҳр аз ҷониби Филлиали БДА “Амонатбонк” ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ “Эсхата” ва “Имонинтерншнл” пешниҳод карда мешаванд. Дар давоми семоҳаи соли 2018 интиқоли пулӣ ба воситаи ин бонкҳо маблағи 45 миллиону 360 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 104,3 фоиз зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ аз рӯи ҳамаи соҳаҳо дар давраи ҳисоботии соли 2018 3 миллиону 322 ҳазор аст, ки нисбат ба соли гузашта 104,0 фоиз мебошад. Ғайр аз ин ҳаҷми хизматрасонии тарабхонаҳо ва ошхонаҳо 400 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 133,3% афзоиш ёфтааст.

19. Пешгирии ҳолатҳои ҷиноятӣ ва коррупсия

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Дар ин давра дар маҷлисҳои машваратии назди раиси шаҳр бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъалаҳои гуногуни мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пардохти андоз, ӯҳдадории умумии ҳарбӣ, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷомеа аз қабили терроризм, ифротгароии динӣ, худкушӣ ва ғайраҳо муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар миқёси шаҳр миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 16 ададро ташкил медиҳад.

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» Ситоди дружиначиёни ихтиёрӣ таъсис дода шудааст, ки шумораи онҳо 42 нафарро ташкил медиҳад. Аъзоёни ин ситод дар тамоми чорабиниҳои шаҳрӣ дар қатори кормандони милитсия фаъолона навбатдорӣ намуда, барои риояи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми худро мегузоранд. Баҳри пешгирии содиршавии ҷиноят ва қонунвайронкуниҳо аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ҳисоботӣ дар ташкилоту корхонаҳо муассисаҳои таълимӣ ва дар маҳалҳо бо аҳолӣ пай дар пай вохӯриҳо баргузор карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дар оянда низ ҷиҳати рушди соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз212
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1956
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта6232
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта6874
mod_vvisit_counterҲамин моҳ22895
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4051380

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.