шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Мардум гувоҳанд

(0 votes, average 0 out of 5)

Мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки ҳанӯз дар солҳои навадуми асри гузашта наҳзатиҳо чӣ кор карданд? Яъне мо хун мехурдему онон таблзанӣ. Бо якчанд сокинони вилояти Хатлон, ки шоҳиди ин ҷангҳои таҳмилӣ буданд, ҳамсӯҳбат шудем, гуфтанд, ки ин афроди ҳанноту найрангбоз ва авомфиреб баъди оғози ҷанг мардуми оддиро, ки вақте бо содиқии хеш ба сафи ҳизби коммунист дохил шудаанд, кофир гӯён то ҳатто парронданд, ки ҳамсӯҳбати мо баъди хӯрдани тири ин нохалафон бо сабаби умри дароз зинда мондааст. Қайд карданд, ки ононро мешинохтем ва яку якбора иваз шудаву “зоҳиду мулло” шуданд. Дар ин маврид байти устод Соиб ба хотирам меояд:

Душмани хонагӣ аз хасми бурунӣ батар аст,

Бештар шикваи Юсуф зи бародар бошад.

Аммо дар ин маъракаҳои ғализ ва хуношомиҳо ҳизби наҳзатро кӣ ва кадом давлат дастгирӣ мекардааст ахиран маълум гардид. То ҳатто қайд карданд, ки дар бархе аз масҷидҳои ноҳияи Панҷ суруди миллии Эрон монда мешуд. Ин чӣ маънӣ дорад? Эронситойӣ ё шиъагароӣ. Гузаштагони тоҷикон, ки ҳама аҳли суннат ва ҷамоат, пайравони Имоми Аъзам буданд, бояд тибқи фармудаи оғоҳои бузург мазҳаби шиъаро қабул мекарданд. Оғоҷунҳо диданд, ки аҳли хираду равшанфикрони мо бар андешаи дуруст ҳастанд, яъне ин ҳама “дархостҳо”-ро қабул надоранд оҳиста - оҳиста якчанд нафарашонро нобуд карданд, вале гумон доштанд,ки бо куштори ин нафарон инон ба дасташон меояд, аммо чун аз ин амалҳои ғайриахлоқию ғайриинсонии онҳо халқи тоҷик зуд огоҳ гардид, ба истилоҳ тирашон хок хурд ва ба мақсад нарасиданд.

Мисоли равшан. Дар даврони ҳукумати Шӯрои яке буд колхозчии сусткор, мулоимхунук... ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ аъзои наҳзат, таблиғотчии ғояҳои дурӯғин, “ваъзгӯй”. Аз хотир баровард, ки охир мардум ӯро медонанд, ки ӯ кӣ буд?

Кабириву ҳамақидаҳояш пас аз ошкор шудани тамоми сиру асрорашон онҳо дар байни мардуми кишвар дигар мақоме, ки гӯё буд, аз даст дода, шармандавор фирор карданд. Имрӯз онон дар Аврупо ҳар ҷо ҷавони бесаводро ёфтанд боз “насиҳат” карда истодаанд. Ин гумроҳон намедонанд, ки ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбарашон қурбон мекунанд. Вале нуктаи охир ҳамон аст, ки тамоми амалҳои даҳшатбору хиёнаткоронаю аҷнабигароёнаи наҳзатиҳо аз хотираи миллат ҳеҷ фаромӯш намегардад. Мутаассифона ин “зоҳидон” боз ваъзгӯйӣ доранд:

Бархе аз зоҳидони гумраҳро,

Бипарастанд-ш тундхӯйӣ кунад.

Он қадар меравад ба худбинӣ,

Ки ҳадиссозу лофгӯйӣ кунад.

Ар чунин ҳол бардавом бувад,

Аз диёнат канораҷӯйӣ кунад.

Панду андарз-ш аз маонӣ дур,

Ҳикмате не, газофгӯйӣ кунад.

Бо такаббур, ки одати мо нест,

Ҷилваҳо бо табоҳхӯйӣ кунад.

Беҳрӯзи Некхоҳ

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1057
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта6356
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта27194
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта25484
mod_vvisit_counterҲамин моҳ58794
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта48106
mod_vvisit_counterҲамагӣ4174754

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.