шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Арҷгузорӣ ба фарҳанги динӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Дар кишвари азизамон Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба фарҳанги динии мардуми кишвар, алалхусус ба дини мубини Ислом таваҷҷуҳи махсус равона шудааст. Барои исботи ин гуфтаҳо мехоҳем якчанд мисол орем. Тибқи иттилои сарчашмаҳои муътамад айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 4000 иттиҳодияҳои динӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 3931 - тои онро иттиҳодияи динии исломӣ ташкил медиҳад.

Дар замони 72 соли салтанати Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 адад масҷиди ҷомеъ фаъолият мекард, иддаи ночизи шаҳрвандони кишвар берун аз Тоҷикистон ба таълими динӣ фаро гирифта шуда, ҳамагӣ ҳудуди 30 нафар озими хонаи Худо гардида буданд. Дар муддати 26 соли истиқлолияти давлатӣ бештар аз 230 ҳазор шаҳрвандон тариқи расмӣ хонаи Худоро зиёрат кардаанд, дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон зиёда аз 1500 донишҷӯ таҳсил менамоянд ва бар замми ин, то кунун зиёда аз 8 ҳазор шаҳрвандон дар дохил ва хориҷи кишвар таълими динӣ гирифтаанд. Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рӯи теъдоди масҷидҳо вобаста ба шумораи аҳолӣ ба мақоми аввал баромадааст. Дар Тоҷикистон барои 1800 - 1900 нафар кушодани як иттиҳодияи динӣ, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои ҳамсоя ва дигар кишварҳои мутараққӣ 3000 – 3500 аст, аз дар сатҳи зарурӣ таъмин будани ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии эътиқод ва мавҷуд набудани мушкилот дар бақайдгирии иттиҳодияҳои динӣ гувоҳӣ медиҳад.

 

Бо мақсади таъмин намудани аҳолӣ бо маводи сарчашмавӣ ва илмии исломӣ аз соли 2000 инҷониб дар ҷумҳурӣ зиёда аз 20 китобу рисолаҳои динӣ, аз ҷумла Тарҷумаи Қуръони Карим, «Тафсири Табарӣ» (дар 2 ҷилд), «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Кимиёи саодат» ва «Эҳёи улуми дин»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Маснавии маънавӣ», «Шамоили набавӣ» тарҷума ва нашр карда шудаанд. Дар ин росто ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани ҳар як хонадон ақаллан бо як китоби Қуръони Карим бо тарҷума ба забони тоҷикӣ қобили тазаккур мебошад.

 

Иқдоми муҳиме, чун дар сатҳи конститутсионӣ таъмин гаштани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон, эълон шудани Соли бузургдошти пешвои мазҳабии мардуми тоҷик Имоми Аъзам (р), ба забони муосири тоҷикӣ тарҷума ва нашр гаштани Қуръони Карим, таъсиси Донишкадаи исломии Тоҷикистон, таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии қориёни Қуръон, ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ҷорӣ шудани фанни таълимии «Таърихи дин» ва монанди инҳо далели равшани таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дин ва арзишҳои динӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии фарҳангу ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Ё ин ки санаи 30-юми майи соли равон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, ки дар як баст метавонад 1500 донишҷӯйро фаро гирад санги асос гузоштанд.Барои бунёди ин муассиса аз ҷониби Ҳукумати мамлакат 136 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Мисолҳо хело зиёданд. Дар ин миён қайд намудан зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ин дастовардҳоро донад. Бояд тазаккур дод, ки яке аз талаботҳои гурӯҳҳои террористӣ шӯронидани мардум бар зидди сиёсати давлат аст ва саволе ба миён меояд, ки пас худи ин харобкорон ба фарҳанги динии хеш чӣ кор карданд, ба ҷуз фитнагариву иғвоангезӣ! Ҳизби террористии наҳзат умре ҷаласаҳои худро дар зери хаймаҳо чун “бечора” мегузаронд. Медонед барои чӣ, барои рӯёнидани маблағҳо аз сарпарастонаш. Наҳзатиҳо намедонистанд, ки ин дастгириҳо оянда ҷавоби бузургро мехоҳад, ҷавобе, ки инсон нахоҳад бахшид.

Ба ҷавонон имрӯз бояд фаҳмонем, ки ҳизби террористии наҳзат, равияҳои дигари ғайриқонунӣ ва экстремистӣ ба дини ислом аслан эҳтиром надоранд. Магар одамкушиву зулму ғорат мусалмонист? Ҳаргиз не! Ҷавонон бояд донанд, ки шомилшавии онон ба гурӯҳҳои тундрав ба фоидаи молиявии аҷнабиён аст. Ин мардумфиребон на парвои ҷавон, на парвои ҳаёти ӯ ва на парвои дини ислом доранд, мақсадашон маблағёбӣ ҳасту халос.

 

Ш.Шамсиддинов,

Мутахассиси пешбари бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои

миллии МИҲД-и шаҳр.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1049
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1235
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2284
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ38354
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4066839

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.