шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии бойгонӣ

(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳамасола дар саросари ҷаҳон, алалхусус дар Тоҷикистон санаи 9-уми июн Рӯзи умумиҷаҳонии бойгонӣ қайд карда мешавад, зеро нақши бойгонӣ дар нигоҳдошти таърих ва хусусан ҳуҷҷати фаъолияти ин ё он корманд ё корхонаву муассиса ва ташкилот басо аҳамияти бузург дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат таъкид намудаанд, ки: «ҳар лаҳзаи ҳаёт таърих аст ва он дар шаклу намудҳои мухталиф инъикос меёбад. Дар ин раванд ҳуҷҷату санадҳо ва маводи сабтӣ аз ҳамин қабиланд, ки наслҳои оянда оид ба ҷараёни зиндагии давраи муайян донишу тасаввурот пайдо мекунанд».

Воқеан ҳам ҳар як коғаз, ҳуҷҷат, расм, навори видеоӣ, садо, нақша, ҳатто пора ё ҷузъи хурди онҳо далели тасдиқсозанда ва раднашавандаи ҳақиқати таърихӣ буда, дар асоси онҳо садҳо маҷмӯаи ҳуҷҷатҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои илмӣ ба табъ расида, барномаҳои радиоию телевизионӣ таҳия мешаванд.

 

Дар бойгонии шаҳрӣ ҳуҷҷатҳое мавҷуданд, ки бозгӯйӣ сарҷамъии сокинони миллатҳои гуногуни шаҳр мебошанд. Яке аз ин ҳуҷҷатҳо қарори маҷлиси депутатҳо аз 11 марти соли 1992 таҳти №74 мебошад, ки дар он оид ба вазъу ногувор дар кишвар, яъне идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ маълумот дода шуда, қайд гардидааст, ки сокинони шаҳр, ки бисёриҳо русзабонанд ва дар ҳамин мулк зода ва ба камол расидаанд Тоҷикистонро ватани худ меҳисобанд ва ҳама сокинонро барои ба ҳам омадан даъват мекунанд. Ҳамзамон дар бойгонӣ ҳуҷҷатҳо дар бораи ташкили корхонаву муассисаҳо,ташкили корҳои ободонӣ ва дастгирии иҷтимоии мардум мавҷуданд. Дар ҳақиқат бойгонӣ ҳамчун макони бозгӯй ва ҳифзкунандаи таърихи шаҳр мебошад ва дар ин робита бояд кормандони бахши бойгонӣ бомасъулият бошанд.

 

Бояд гуфт, ки бахши бойгонии назди МИҲД-и шаҳр назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузориро дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро намуда, масъули рушди минбаъдаи такмили ин самт дар шаҳр мебошад.

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо» бояд ҳар як идораву ташкилот, новобаста аз шакли фаъолият маводи таҳиякардаи худро баъди се сол ба бойгонии давлатӣ пешниҳод кунад.

Дар шаҳри Истиқлол моҳи марти соли 2017 муассисаи байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсӣ ташкил шуда, утоқӣ корӣ бо таҷҳизотҳои фаъолият харидорӣ карда шудааст. Ҳамчунин давоми ду соли охир барои музди маоши кормандон ва раванди беҳтар гардидани фаъолият аз фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Мухбири “НИ”

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз254
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта254
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36324
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064809

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.