шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Табрики Раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода бахшида ба Иди сайиди Фитр

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳамасола дар кишвари азизамон- Тоҷикистон баъди поён расидани моҳи шарифи Рамазон Иди сайиди Фитр таҷлил карда мешавад ва соли равон санаи 15-уми июн таҷлили ин ид рост омад. Аз ин рӯ, ба ин муносибат Шуморо ба Иди сайиди Фитр табрику муборакбод менамоям ва бароятон тансиҳативу хонаободӣ таманно дорам. Лозим ба қайд аст, ки Иди Рамазон чун дигар идҳои милливу давлатӣ ҳамасола таҷлил мегардад. Фарҳангу расму оини мо моҳи Рамазонро чун моҳи тоату ибодат, моҳи сахову хайр ва моҳи бахшиданиҳо қабул кардааст. Дигар ин ки дар ин моҳ бузургон гуфтаанд, ки бояд кинаву кудурат байни инсонҳо пош хӯрад ва барпо гардидани оштиву рафоқат байни одамони чандин вақт ба ҳам наомада боз яке аз фазилатҳои ин моҳи муборак мебошад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриашон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки санаи 12-уми майи соли равон бахшида ба фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор гардида буд чунин қайд намуда буданд: “Мардуми мо дар доираи аҳкоми шариат фаризаву воҷиботи диниро озодона адо мекунанд ва арзишҳои инсондӯстонаву хайрхоҳонаи онро гиромӣ медоранд. Дар баробари ин, моҳи шарифи Рамазон ба сифати яке аз рукнҳои дини мубини ислом имтиҳони нафсу ҷисми саркаши инсонӣ буда, одамонро ба сабру таҳаммул, эҳтироми якдигар, раҳму шафқат ва кумак намудан ба эҳтиёҷмандону камбизоатон ҳидоят месозад.” Хушбахтона дар ин моҳи шариф аз ҷониби шахсони саховатпеша дар шаҳри Истиқлол низ дастгириҳо бо равнақи том ба роҳ монда шуд ва қайд менамоем, ки ин амалҳои нек дар ҳақиқат чунин инсонҳоро байни мардум соҳибэҳтиром мегардонад.

 

Бояд қайд кард, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон Тоҷикистон ба муқаддасоти фарҳанги динӣ диққати ҳаматарафа дода мешавад. Имрӯз беш аз муассисаҳои таълимӣ фаъолият намудани масҷидҳо, сафарбар намудани зиёратмандони хонаи Худо зиёдтар аз кишварҳои ҳамсоя, ташкили донишгоҳи исломӣ ва ғайра аз ин ғамхориҳо дарак медиҳад. Мехоҳам бароятон қайд намоям, ки дар даврони Шӯравӣ танҳо аз шаҳрамон ҳамагӣ 1 ё 2 нафар ба зиёрати Хонаи Худо рафта будаанду халос. Аммо баъди ба даст овардани Истиқлолият то имрӯз зиёда аз 70 нафар сокинони шаҳр зиёрати ин мавзеи муқаддасро намудаанд.

 

Лозим ба қайд аст, ки чунин арҷгузорӣ ба фарҳанги динӣ дар шароити суботу оромӣ ва сулҳу амният ба роҳ монда мешавад. Вобаста ба ин, шукронаи истиқлолияту ваҳдати миллиро ҳар як нафар шаҳрванд бояд ба ҷо орад, зеро тинҷиву оромӣ ва сулҳу субот ибодати мардумро возеҳтару равшантар мегардонад. Дар осудагӣ инсон метавонад рукнҳои бандагии хешро ба ҷо оварад. Рӯ меоварем ба баъзе мамлакатҳои исломӣ, ки дар онҷо аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷангу ҷадал, фитнаву дасиса ва зулму асорат болои мардум пиёда карда шудааст. Аксаран хонаҳои худро тарк намуда, ба марзи дигар кишварҳо раҳсипоранд, яъне дар умум ҳуқуқи зиндагии шоистаи онҳо поймол гардида, айни замон эшон на ибодаташонро медонанду на фаъолияташонро, фақат онҳо дар пайи зинда мондан мебошанду халос. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид низ чунин баён кардаанд, ки “Онҳое, ки исломро ба василаи мубориза барои қудрат табдил медиҳанд ва даъвои ҳукумати ба ном исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро бо ғаразҳои нопок омехта мегардонанд ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст медиҳанд.” Дар ин раванд ҳар як нафар сокини фаъол бояд ҷиҳати пешгирии шомил гардидани сокинон, алалхусус ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав кӯшиш ба харҷ намояд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ ва ифтихори миллӣ тарбия намоем, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ созем ва барои омӯзиши илму дониш, касбу ҳунарҳои замонавӣ ва эҳтирому риояи қонуният ташвиқ намоем.

Маротибаи дигар низ мехоҳам қайд намоям, ки аҳли сокинони шаҳр дар баробари пос доштани арзишҳои динӣ, озодӣ ва сулҳу оромӣ, ки неъмати бебаҳои зиндагӣ маҳсуб меёбанд, муҳаббат ба Ватанро низ дар маркази таваҷҷуҳи хеш қарор диҳанд, зеро аз соҳибватанӣ дида бузургтар муқаддасоте нест.

Дар ин рӯзи нек бори дигар Шумо ҳамшаҳриёни азизро ба Иди мубораки Рамазон табрику таҳният намуда, бароятон аз даргоҳи Худованди Карим хотири ҷамъу рӯзгори осуда ва иқболи неку дастурхони пурфайзро таманно дорам.

Ид муборак, ҳамшаҳриёни арҷманд!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1623
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1483
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1623
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ8181
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4076035

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.