шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

100 кило маводи нашъаовар ва аслиҳа: КДАМ сокини ВМКБ-ро боздошт намуд

(0 votes, average 0 out of 5)

Зимни боздошт қочоқбарони афғон муқовимати мусалалҳона нишон доданд

Кормандони КДАМ як сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа боздошт намуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба КДАМ Тоҷикистон, санаи 9 июни соли 2018, тахминан соати 21:15,  зимни амалиёти кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ  дар минтақаи наздисарҳадии деҳаи Ёмҷи Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон, сокини ҳамин деҳа — Туйбошев Шӯҳрат Мамлукович, соли таваллудаш 1990, аъзои фаъоли гурӯҳи  муташаккили ҷиноятӣ  бо 100 кг маводи мухаддири навъи ҳашиш, 3 адад яроқи оташфишон (2 адад тапончаи тамғаи «Глок» ва 1 адад тапончаи тамғаи «Беретта») ва 175 дона тирҳои мансуб ба яроқҳои номбаршуда, ки ба таври қочоқ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  дастрас намудааст, дастгир карда шуд.

Гуфта мешавад, ҳангоми амалиёт  се нафар қочоқбарони афғон муқобилияти мусаллаҳона нишон дода, тавассути дарёи Панҷ ба самти Афғонистон фирор намуданд. Дар натиҷаи оташи ҷавобии кормандони мақомоти амният яке аз қочоқбарони афғон безарар гардонида шуд.  Нисбат ба  Ш.Туйбошев  бо моддаҳои 335 қисми 1, 289 қисми 3, 195 қисми 2 ва 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Ҳангоми  нишондод Ш.Туйбошев  оид ба алоқаҳои наздики худ аз ҳисоби аъзо ва роҳбарони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва даст доштани онҳо дар ин ҷинояти вазнин маълумоти муфассал пешниҳод кард.

Зимнан зикр мегардад, ки тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар самти мазкур идома доранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1581
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1483
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1581
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10913
mod_vvisit_counterҲамин моҳ8139
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4075993

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.