шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Танҳо шукр ва боз шукр...

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳеҷ донӣ меваро таъсири ширинӣ зи чист?

Балки дар зери замин шукри лабон хобидаанд.

Соиб

Азизони дил!

Оре, ба ҳар як нафаси кашида шукр бояд гуфт, зеро ин нафас метавонад охирин бошад. Саҳаргоҳон аз хоб хеста шукр бояд гуфт, зеро аз ҷойгаҳ нахеста ҷон додан мумкин аст.

Ба ҳар як қатраи об, ба ҳар як пораи нон, ба ҳар як лаҳзаи ҳаёт шукр бояд гуфт.

Бародарони гиромӣ!

Ба ҳар як одам дар давоми миллиард солҳо як маротиба ҳаёт имконпазир мегардад. Аз ин лиҳоз ин умри кӯтоҳро тавре бояд гузаронид, ки вақти мурдан “Ҳама гирён бошанду, ту хандон”.

Таърих гувоҳ аст, ки танҳо некӣ кардан, дасти мардумро гирифтан, эшонро баландтарин неъмати дунё донистан мемонаду халос “Боқӣ ҳама ҳеҷ”.

Нависандаи бузурги рус Николай Островский мегӯяд: “Надо спешитҳ прекрасно ҷитҳ, ведҳ нелепая болезнҳ или какая-нибудҳ трагическая случайностҳ могут перерватҳ эту ҷизнҳ”.

Ҳамватанон!

Зиндагии зебо чӣ маъно дорад? Албатта савол хело вазнин аст? Банда фикр мекунад, ки зиндагонии зебо ин пеш аз ҳама саломатии бардавом аст. Сониян ободию осудагии Ватан аст. Ман, ки худ шоҳиди ҷанги бадбахти шаҳрвандӣ будам мегӯям: Ба ман бурдаи нону пиёлаи об басанда аст, фақат бигзор фазои ободу осуда бошад. Далел он аст, ки ҳама танҳо бо як кафан, агар ин кафан ҳам насиб карда бошад ба охират равонанд.

Хушбахтиро дар чӣ мебинам?

Бе шакку шубҳа хушбахтӣ ин саломатист, хушбахтӣ ин эҳтиром ба падару модар, хешовандон ва билохира ба мардум, хушбахтӣ ин сархам набудан, мӯҳтоҷ набудан, соҳиби зану фарзандони комил будан, хушбахтӣ ин ҳисса гузоштан дар обод намудани хонаи хеш, шаҳри хеш, вилояти хеш, албатта Ватани хеш. Хушбахтии аз ҳама бузург - ин хизмат ба мардум аст.

Хизмат ба мардум чист?

Аққалан дасти пиронро гирифта, аз ин тарафи роҳ ба он тарафи роҳ гузаронидан, роҳи рост нишон додан, насиҳати беғаразона кардан, сухани хуб гуфтан, тарбия кардан, ба бадӣ некӣ ҷавоб додан, имон доштан, нафсро “лаҷом задан”, дар хурсандии дигарон хурсанд будан, дар ғамашон шарик будан, нияти пок доштан, мардумро бо гуфтор, пиндору, рафтори бад наранҷонидан аст.

Ҳар кӣ бо душмани халқ равонаст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш гу гирдоб хурад.

Ҷавонони азиз!

Дилам ба ғусса гирифтор аст, ҳангоме, ки мефаҳмам касе зану фарзандро партофта, касе бо зану фарзандаш барои иштирок дар муҳорибаҳои дигар давлатҳо рафтааст. Охир дар “Қуръон” омадааст “Куштани инсон гуноҳи азимтарини кабира аст”. Ё ин ки Имоми Аъзам, ки пири мо ҳастанд, мегӯянд “Мӯрчаро зери по накун, зеро ба ӯ Худо ҷон бахшидааст”.

“Маёзор муреро, ки донакаш аст...”.

Ё касе мегӯяд: “Ин ҷавони гумраҳ барои пул шуда ба Сурия рафтааст. Охир Сурия ин осоишгоҳ нест. Баъди мурдан пул чӣ даркор аст!.

Падару модарони азиз!

Ба тарбияи фарзандон оҳистакор бошед, нагузоред, ки фарзандонатон ба корҳои беҳуда овора шаванд. Инсонро Парвардигор барои зистан офарид.

Аз ёд фаромӯш накунед, ки назди қонун ва дар назди мардум шумо ҷавобгаред! Касе, ки оромии Ватани моро халалдор мерасонад, хиёнаткор аст.

Аҳли ҷомеа!

Бетараф набошед! Бетарафии мову шуморо касе намебахшад. Аз хотир фаромӯш накунед: - Терроризм, экстримизм, фашизм дар як радиф меистанд. Дунёи имрӯза ба ин падидаҳо мубориза бурд, бурда истодааст ва мебарад.

Гуфтаҳои хешро бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба охир мерасонам: “Шукронаи ҳамин давлат кунем, шукронаи ҳамин сарзамин кунем, шукрона кунем ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем”.

Н.Ниёзов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз418
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1219
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта1637
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11772
mod_vvisit_counterҲамин моҳ10110
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4077964

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.