шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Маҷлиси вакилони халқи шаҳр баргузор шуд

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 19-уми июни соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол (даъвати панҷум) баргузор гардид.

Дар иҷлосия Раиси шаҳр Худойназар Амонзода, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода Суҳроб роҳбарони сохторҳои қудратӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳо иштирок доштанд.

Мувофиқи рӯзнома дар иҷлосия шаш масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бобати масъалаи якуми рӯзнома, тибқи пешниҳоди Комиссияи шаҳрии интихобот ваколати вакилии номзадҳо Шамсиддинов С.Н. ва Мадумарова Л.Ғ. дар ҳавзаҳои интихоботии Курама №4 ва Сино №27, ки ба ивази вакилони хориҷшуда дар интихобот ширкат намуданд аз ҷониби вакилон тасдиқ гардид.

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома муовини якуми раиси шаҳр А.Шарифзода оид ба рафти иҷрои«Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, таҳти №776 тасдиқ ёфтааст баромад намуд. Ҳамзамон ду нафар вакилон оид ба масъалаи мазкур ба музокира баромаданд.

Баъди музокираҳо раиси шаҳр вакилон ва фаъолонро бобати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷиҳати ташкили корҳои фаҳмонидадиҳӣ оид ба пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ байни аҳолии шаҳр вазифадор кард.

Доир ба масъалаи сеюми рӯзнома вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳр Зокиров И.Ҳ. аз фаъолияти комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳисобот дод.

Ҳамчунин аз ҷониби вакилон лоиҳаи буҷети иловагии шаҳри Истиқлол барои соли 2018 тасдиқ карда шуд.

Пас аз он ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол аз ҳавзаи интихоботии №34 Ёқубов Бахтиёр Шавкатович оид ба ваколати вакилиаш шунида шуд.

Якчанд қарору амрҳои раиси шаҳр ва масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия пурра аз ҷониби вакилон тасдиқ гардиданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рустамзода С. баромад намуда, оид ба масъалаи терроризму экстремизм, пешгирии ин амалҳои номатлуб ва дигар муаммоҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ фикру мулоҳизаҳои хешро баён кард.

Дар охир раиси шаҳр Худойназар Амонзода доир ба ташкили корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии кишвар, ташкили корҳои ободонӣ ва фаъолияти бомасъулиятона барои пешбурд ва рушди соҳаои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр фаъолонро муваззаф намуд.

Ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва фаъолон дастур дода шуд, ки ҷиҳати таҷлили 80-солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол омодагии ҳаматарафа бинанд то ин ҷашнвора дар сатҳи баланд баргузор гардад.

Мухбири “НИ”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1094
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1885
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9468
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ6169
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4074023

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.