шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 22-юми июни соли равон дар маҷлисгоҳи прокуратураи шаҳр Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр доир ба масъалаи доғи рӯз, яъне ба худкушӣ даст задани сокинон ва дигар муаммоҳо баргузор гардид. Дар кори Шӯро муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р, Прокурори шаҳр Абдуқодирзода Ф.К., сардори шуъбаи дар шаҳри Истиқлол будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд Валиев Ҳ. Э., сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Усмонзода А.К. ширкат доштанд. Ҳамчунин роҳбарони корхонаву муассисаҳо, фаъолон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, имомхатиби масҷиди ҷомеъ, нозирони минтақавии милитсия дар Шӯро иштирок намуданд.

Сараввал тибқи нақшаи кории Шӯро муфаттиши прокуратураи шаҳр Отабеков О.Б. доир ба ҳолатҳои содиршавии худкушӣ ва сӯиқасд ба он дар давраи солҳои 2016, 2017 ва нимсолаи аввали соли 2018 дар шаҳр, ки аз ҷониби прокуратураи шаҳр мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудааст баромад кард. Муайян карда шудааст, ки давоми ин солҳо 7 нафар сокинони шаҳр даст ба ин амали номатлуб задаанд. Ва дар ин раванд рафти баромад қайд карда шуд, ки аҳли фаъоли ҷомеаро зарур аст, оид ба пешгирии даст задани шаҳвандон ба худкушӣ ва дигар амалҳои номатлуб корҳои фаҳмонидадиҳиро бештар миёни аҳли ҷомеа ба роҳ монанд.

Тибқи дархости прокурори шаҳр ҳамчунин имомхатиби масҷиди ҷомеъ, мудири шуъбаи маорифи шаҳр А.Мазамбекова, мудири бахши фарҳанг Н.Маҷидов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Н.Умарова ба маърӯза баромада доир ба рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” ташкили корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба пешгирии ин ҳодисаи номатлуб, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ суханронӣ намуданд.

Баъди баромади маърӯзачиён прокурори шаҳр, раиси Шӯрои ҳамоҳангзозии мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ Абдуқодирзода Ф.К., роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи маҳаллаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро оид ба корбарии ҷиддӣ дар самти пешгирии амалҳои номатлуб, хусусан худкушӣ ва сӯиқасд ба он, ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҷудошавии оилаҳо, пешгирии нашъамандӣ, ҷоннок намудани фаъолияти рӯҳшиносон дар мактабҳо ва дигар масъалаҳо муваззаф намуда қайд кард, ки дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр бояд ин масъалаҳо ҳалли худро ёбанд.

Ҳамзамон Абдуқодирзода Ф.К. оиди дар рӯҳияи ҷавонон тарбия намудани ҳисси меҳанпарастӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллию давлатӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва фаъолонро даъват кард.

Инчунин муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р. баромад намуда қайд карданд, ки дар кишвари маҳбубамон Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити зисту фаъолияти сокинони беҳтар гардида, шаҳрвандон дар фазои орому осуда умр ба сар мебаранд ва ба ҳамин хотир бояд дар зеҳни ҷавонон мову Шумо ифтихори миллӣ, эҳтиром нисбат ба муқаддасоти давлатӣ ва худшиносиро ҷой диҳем ва нагузорем, ки онон ба амалҳои номатлуб даст зананд.

Дар охир прокурори шаҳр Абдуқодирзода Ф.К. таъкид кард, ки дар масъалаи татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим байни аҳли ҷомеа ҳар яки моро зарур аст, ки бомасъулият бошем ва бетарафиро зоҳир нанамоем.

Мухбири “НИ”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1163
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1885
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта10593
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ6238
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4074092

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.