шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Паёми табрикии раиси шаҳри Истиқлол Худойназар Амонзода ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Бо эҳсоси шукронаву хушнудӣ аз рӯзгори ободу озоди сокинони кишвари азизамон Тоҷикистон ва фазои орому осоиштаи мамлакатамон ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни 21-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик мегӯям.

Лозим ба қайд аст, ки ин Рӯзи сарнавиштсоз барои тоҷику тоҷикистонӣ чун Рӯзи умед ба ояндаи бузурги кишвар дар хотираи мардуми мо бо хатҳои заррин нақш бастааст, зеро баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар мамлакатамон раванди бунёди ҷомеаи мутамаддин ва оғози марҳилаҳои бузурги ободониву созандагӣ бо маром шурӯъ гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш доир ба Ваҳдати миллӣ чунин баён намуданд: “Мардуми шарифи кишвар ду даҳсола аст, ки дар фазои сулҳу осоиш ва ваҳдату ягонагӣ зиндагӣ мекунанд. Ваҳдати ҷомеа имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон дар роҳи эъмори давлати муосири демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қадамҳои устувор гузорад ва дар кӯтоҳтарин муддат натиҷаҳои назаррасро соҳиб гардад.”

 

 

Дар ҳақиқат, ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки бо ҷаҳду талошҳои Сарвари азизи мамлакат ва фарзандони содиқи кишвар рӯи кор омад, дар фазои сиёсиву иҷтимоии ҷаҳонӣ ҳамчун таҷрибаи нодир эътироф шудааст, зеро муттаҳиду сарҷамъ намудани мардум дар фазои сангину даҳшатовари он замон ниҳоят душвор буд.

 

Баъди ба даст овардани ваҳдати миллӣ давлату Ҳукумати кишварамон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги муттаҳидиву сулҳро ҳамчун унсури бунёдии сиёсати худ қарор дода, муносибатро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон барқарор кард ва имрӯз Тоҷикистон дар арсаи умумиҷаҳонӣ чун як давлати ташаббускор ҷиҳати ҳалли муаммоҳои глобалӣ шинохта шудааст.

Имрӯзҳо хушбахтона дар фазои кишварамон суботи комил ва оромиву осудагӣ ҳукмфармост ва мо бо сарварӣ ва таҳти сиёсати ватанпарварона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ноил гардидем, хусусан дар шаҳри Истиқлол бунёд гардидани корхонаи азими металлургӣ аз ин дастовардҳо шаҳодат медиҳад.

Ба ҳамин хотир, мо бояд ҷиҳати тарғиби андешаи муттаҳидсоз, фарҳанги сулҳ ва умуман ба хотири ҳифзу густариши арзишҳои неки миллӣ, ташаккули маънавиёти ҷомеа ба таври ҳамешагӣ чораҳои муассир андешем ва бахусус ҷавононро дар роҳи худогоҳиву меҳанпарастӣ тарбия намоем.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки барои ҳифзи истиқлолияту озодӣ, ҳимояи манфиатҳои миллату давлати соҳибихтиёрамон Тоҷикистони азиз ва бахусус ҷиҳати тарғиб ва арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ ва ғояи ҳамешагии созанда ба таври ҳамешагӣ корбарӣ намоем. Асосгузори сулҳу ваҳдатимиллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон чунинбаён намудаанд, ки “ Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад.”

Итминони комил дорам, ки сокинони шаҳри Истиқлол минбаъд низ бо шукронаи истиқлолияту озодӣ ва сулҳу оромӣ бо сари баланд зисту фаъолият намуда, дар пешбурд ва рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр саҳми босазои худро мегузоранд.

Бо ин эътимоди шоиста ҳамаи шумо, ҳамшаҳриёни азизро, бори дигар ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ табрик мегӯям ва орзу менамоям, ки дар хонадони ҳар яки шумо чароғи муқаддаси сулҳу оромӣ ҳамеша фурӯзон бошад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1048
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2104
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ37118
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4065603

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.