Наҳзат ҳеҷ гоҳ ҷониби осудагии мардум набуд
Аз аввали ба даст овардани истиқлолият душманони миллату давлати мо, бахусус наҳзатиҳо дар робита бо дӯстони хориҷиашон тавонистанд ҷанги шаҳрвандиро ташкил намоянд, ки мутаассифона ин амалҳо зери шиори ташкили давлати исломӣ сурат мегирифт, вале рафтори наҳзатиҳо ба ягон адёну фарҳанг дуруст намеомад. Мулоимхунукона ҳар ҷо гумоштагони наҳзатӣ аз дину диёнат ба мардум ҷор мезаданд,вале паси парда нақшаи қаллобиву одамкуширо мекашиданд, ки оқибат дар ҷанги бародаркуш зиёда аз 100 ҳазор нафар қурбон шуданд. Пояи давлати нави тоҷикон дар аввали солҳои озодӣ бо ин харобиҳо суст шудан мегирифт, вале наҳзатиҳо аз ин аҳвол боз ҳам қувват мегирифтанд. Гумон мекарданд, ки дар рӯзи сиёҳи мардуми тоҷик ғалаба хоҳанд кард, вале Кирдугор раҳм болои ин мардуми ҷангзада намуд ва фарзандони фарзонааш инони давлатдориро ба даст гирифта, аз пайи суботи комил азият мекашиданд. Бузургон низ мефармоянд, ки нияти нек ва ҳаракат аз пайи ободии рӯзгори инсон ахиран ба субот хоҳад расид. Ва ба даст омадани ваҳдати миллӣ ҷузъе аз он нияту амалҳои нек маҳсуб меёбад.
Як мисоли аҷиб вале нанговар. Дар фарҳанги мардуми мо нисбати омӯзгор, ҳамчун нафари шоиста эътиқот ва эҳтиром аз замонҳои қадим то имрӯз омада расидааст. Амирушшуаро Рӯдакӣ беҳуда нагуфтааст, ки агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, шавад тира аз бехирад рӯзгор. Пас куҷост маърифати наҳзатиҳо, ки рафти ҷанги хонумонсӯз, ки нони муаллимро ҳаром ва номҳои миллие чун Ҷамшед, Рустам, Фаридун ва ғайраро исмҳои кофирӣ эълон намуданд? Махсусан дар ноҳияи Вахш таҳти фатвои наҳзатиҳо хонаи устод ё муаллими мактабро оташ заданд. Чунин амалҳо садҳо шумораи дигар аст. Хулоса аъзоёни ҳизби террористии наҳзат ҳар амали ба нафъашон бударо ҷонибдорӣ мекарданд (агар чӣ муқобили ислому мусалмонон ва расму русуми шариат бошад), зеро маблағ мегирифтанд ва ҳар амале, ки ба манфиати эшон набуд, онро нодида мегирифтанд. Пас оё бо чунин рафторашон наҳзатиҳоро метавон ҳаммиллат ё ҳаммеҳан гуфт? Ҳаргиз не.
Бо ин ҳама рафторҳои разилона боз “фаъолон”-и наҳзат худро “тарафи дигари сулҳ” меномиданд, ки комилан нодуст аст. Зеро Созишномаи истиқрори сулҳ бо Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионии кишвар ба имзо расид, на бо наҳзат! Инро мардум гувоҳанд.
Имрӯзҳо бошад аъзоёни ҳизби экстремистии наҳзат дар кишварҳои хориҷа ба найрангбозиҳои нав шурӯъ кардаанд ва ин пиндорҳои эшон итминон дорем, ки ба гӯши касе намефорад, зеро сокинони ҷаҳон аз террористу экстремист ва тундгарову ифротиҳо безоранд.
Беҳрӯзи Некхоҳ