шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Коррупсия - зуҳуроти номатлуб

(0 votes, average 0 out of 5)

Коррупсия зуҳуроте номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад. Ин зуҳурот решаҳои хеле қадимӣ дошта, мутаассифона, имрӯз мисли экстремизм ва терроризм ба проблемаи глобалӣ табдил ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 3-юми июли соли равон дар золи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр вохӯрии намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳайати роҳбарият ва кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р. суханронӣ намуда, ташкили чунин чорабиниҳоро саривақтӣ эълон намуд ва меҳмононро ба нишастагон муаррифӣ кард.

 

Дар ин чорабинӣ намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зарифӣ Дилшод баромад карда, бобати тақвияти шаффофияти раванди идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои пешгирикунанда дар соҳаи хизмати давлатӣ, муқаррар кардани ҷавобгарӣ барои содир намудани тамоми шаклҳои рафтори коррупсионӣ ва ошкору пешгирӣ намудани чунин амалҳо, ҳамзамон доир ба муайян гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд, махсусан дар соҳаи маорифу тандурустӣ, идоракунии давлатии хизмати давлатӣ, дар бахшҳои замину сохтмон ва дигар соҳаҳо суханронӣ кард.

 

Ҳамчунин Зарифӣ Д. доир ба зарари амалҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои манфии он дар рафти таълим ва тарбияи наврасону ҷавонон ва фаъолият дар ин ё он соҳа баромад карда, аз нишастагон даъват ба амал овард, ки ба ин амали нангин даст назананд ва барои пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар ҳамкорӣ бошанд.

Таъкид гардид, ки дар кишварамон-Тоҷикистон чораҳои муассир барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ андешида шудааст ва сохторҳои дахлдори давлатӣ дар мубориза бо амалҳои коррупсионӣ беш аз пеш кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Дар охир суолу ҷавоб байни нишастагон ва намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир ба масъалаҳои рӯзмарра ташкил гардид.

Мухбири “НИ”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз711
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта711
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36781
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4065266

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.