шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ба ифтихори ҷашни 80-солагии таъсисёбии шаҳраки Табошар ва 25-солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол

(0 votes, average 0 out of 5)

Аз таърихи дастаи номдори “Курама”

Футбол (аз англисӣ: Football, «тӯби поӣ») — навъи варзиши даставист, ки ҳадафаш ба миқдори бештар ба дарвозаи ҳариф ворид сохтани тӯб мебошад, Дар айни замон аз ҳама маъмултарин намуди варзиш дар рӯи олам аст.

Бозиҳои ба монанди футбол дар байни халқҳои гуногун аз қадим мавҷуд буданд, вале аввалин қоидаҳои ин навъи варзиш соли 1848 навишта шудаанд. Соли расмии бавуҷудоии футбол соли 1863 дониста шудааст. Дар ин сол Федератсияи футболи Англия таъсис ёфтааст ва қоидаҳои ба қоидаҳои ҷорӣ наздик тасдиқ шудаанд. Чуноне ки малум аст футбол аввалин бор дар Англия таъсис ёфтааст.

Дар шаҳри Истиқлол низ замоне дастаи футболе таҳти унвони “Курама” амал мекардааст, ки шуҳрати беандоза дар миқёси кишвар ва хориҷи он дошта, имрӯз низ бозингарони ҳамонвақтаи ин даста гирандагони ҷоизаҳои умумиҷаҳонии футбол мебошанд.

Бино ба маълумотҳои мавҷуда дастаи мазкур соли 1952 таъсис дода шуда, иштирокчии чемпионати кишвар ва барандаи ҷому дигар туҳфаҳои сатҳи баланд маҳсуб меёбад. “Курама” соли 1959 чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол гардида, солҳои 1954, 1964 ва соли 1978 гирандаи “Ҷом”-и Тоҷикистон ва финалисти шашкаратаи мусобиқаҳои футболи ҷумҳуриявӣ будааст. Ҳамзамон аз соли 1953-2003 барандаи чандинкаратаи ҷомҳои футболи вилоятӣ ва чемпиони вилояти Суғд оид ба футбол гардидааст.

Дастаи футболи “Курама” ҳамчунин дар солҳои 1981-90 иштирокчии мусобиқаи футбол дар Осиёи Миёна дар шаҳри Тошканд ва дигар шаҳрҳои бузург мебошад, ки дар ин мусобиқаҳо фаъолона ширкат варзидааст.

Яке аз аввалин бозингарони дастаи “Курама” Э.Гесс будааст, ки беҳтарин бозингар дар лигаи якуми чемпионати ИҶШС дар ҳайати дастаи “Помир” маҳсуб ёфтааст. Соли 1979 Э.Гесс ба ҳайати командаи футболи “Спартак”-и шаҳри Маскав дохил шуда то соли 1983 бозӣ кардааст. Дар ин давра ӯ соҳиби ду нишони биринҷӣ, 2 нуқра гардида, соли 1979 чемпиони ИҶШС гардидааст.

Дигар аз парвардаҳои дастаи “Курама” Фатихов Н ва А. Никифоров дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон соли 1983 чемпиони ИҶШС байни устодҳои ҷавон дар мусобиқаи “гузаргоҳ” гардидаанд.

Ҳамзамон дигар аз парвардаҳои дастаи футболи “Курама” В.Максимов соли 1997 “Ҷом”-и Ҷумҳурии Ӯзбекистонро аз худ кард ва А.Ибрагимов ва К.Павловский чемпионҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳайати дастаи “Дустлик” дар соли 2000 гардидаанд. К.Павловский ҳамчунин соли 2004 чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати дастаи “Регар” маҳсуб ёфтааст.

Хушбахтона дастаи футболи “Курама” бо дастаҳои машҳур ва чемпиони ИҶШС аз қабили “Помир”-и Душанбе, “Пахтакор”-и Тошканд, “Уралмаш”-и Свердловск, “Кузбас”-и Кемерово, “Звезда”-и Перм, “Гостелло”-и Уфа, “Газовик”-и Оренбург, “Уралетс”-и Тагили Поён, “Восток”-и Каменогорск ва дигар дастаҳо бозӣ кардааст.

Қайд кардан зарур аст, ки соли 1976 дастаи ҷавонони шаҳри Табошар таҳти унвони “Шафақ” чемпиони мусобиқаҳои футболи кишварамон Тоҷикистон гардида, дар чемпионати ИҶШС сеюм ҷойро ишғол намудааст.

Соли 2003 дар шаҳри Табошар дастаи духтаронаи футбол бо номи “Курама” (мураббӣ Б.Абдуахатов ва Ш.Сатторов) низ ташкил гардида, дар солҳои 2004-2009 гирандаи туҳфаҳои якчанд мусобиқаҳои вилоятӣ маҳсуб ёфтаанд. Соли 2007 яке аз бозингарони фаъоли ин даста М.Сатторова футболисти беҳтарини вилояти Суғд ба ҳисоб гирифта шуд. Дар солҳои 2007-08 бозингарони дастаи “Курама” М.Сатторова, М.Абдиева ва Н.Артикова дар ҳайати дастаи мунтахаби духтаронаи ҷумҳуриявӣ низ дохил гардида, бозӣ кардаанд.

Дар умум футбол дар шаҳри Истиқлол низ замоне рушд кардааст ва имрӯзҳо низ рушд дорад ва итминон дорем, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дастаи мунтахаби шаҳр анъанаи неки аз “Курама” боқимондаро давом медиҳад.

Мавод барои тарҷума ва пешниҳод ба хонандагони рӯзнома ва дӯстдорони футбол аз ҷониби мураббии дастаи “Металлург” Ш. Сатторов пешниҳод карда шуд- М.Ниёзов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1298
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1992
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта7787
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ4488
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4072342

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.