шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Маҷлиси фаврии назди прокурори шаҳр доир шуд

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 10-уми августи соли равон дар толори Прокуратураи шаҳрӣ ҷаласаи фаврии назди прокурори шаҳр ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р., кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, масъулини корхонаву муассиса ва ташкилотҳо, раисони кумитаи маҳаллаҳо ва дигар соҳаҳои дахлдор ширкат доштанд.

Бобати масъалаи якуми рӯзнома муфаттиши прокуратураи шаҳр Отабеков О.Б. баромад намуда, аз натиҷаи санҷиши иҷрои қонунгузорӣ доир ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар сохторҳои дахлдори давлатӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда буд суханронӣ намуд. Зимни баромади хеш Отабеков О. доир ба камбудиҳои ошкоршуда дар самти муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гуфта гузашт.

 

Баъди баромади Отабеков О.Б., прокурори шаҳр Абдуқодирзода Ф.К. ба иштирокчиёни ҷаласа дастур дод, ки минбаъд ҳар як масъул ё роҳбари корхонаву муассиса ва ташкилотҳо ва дигар соҳаҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои мунтазам ва саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, баррасии муроҷиатҳо ва қонеъ гардонидани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон чораҳои муассир андешанд.

Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол Усмонзода А.К. оид ба иҷрои қонунгузорӣ дар самти пешгирӣ ва қайди ҷиноятҳо, рафти корҳо дар самти кушодашавии ҷиноятҳо баромад намуд. Қайд карда шуд, ки дар масъалаи дар боло зикргардида  кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр аз тамоми имконитяҳои мавҷуда истифода бурда, минбаъд барои пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо тибқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Баъди баромади Усмонзода А.К., прокурори шаҳр Абдуқодирзода Ф.К. кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳрро муваззаф гардонид то интизоми ба қайд гирифтани ҷиноятҳоро аз рӯи талаботҳои қонунгузории соҳа ба таври дақиқ ба роҳ монда, дар мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии даст задани шаҳрвандон ба амалҳои номатлуб ва ошкор намудани ҷиноятҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намоянд.

Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки ҳар як фаъоли шаҳрро зарур аст то дар тарғиби сиёсати давлатӣ дар самти ҳаёти солим, баррасии муроҷиати шаҳрвандон ва андешидани чораҳо дар самти риояи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ чораҳои муассир андешад.

Дар охир муовини раиси шаҳр Комилзода Н.Р. аз масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ дархост кард то дар иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хеш бомасъулият бошанд ва дар иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ бо масъулияти баланд фаъолият намоянд.

М.Ниёзов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз505
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта505
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36575
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4065060

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.