шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Таҷлили Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб дар шаҳр

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 17-уми августи соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳр чорабинии сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони соҳаи тиб ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он раиси шаҳр Худойназар Амонзода иштирок намуда, кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба рӯзи касбиашон табрик гуфт. Дар табрикоти хеш Худойназар Амонзода қайд кард, ки имрӯзҳо хушбахтона барои табибон тамоми шароитҳои муассир муҳайёст ва хидматрасонӣ ба мардум дар сатҳи талаботӣ қарор дорад. Танҳо ба табибон дасту дилу нияти нек метавонад роҳ ба сӯи обрӯи воло кушояд ва боиси хушнудист, ки дар соҳаи тандурустии шаҳрамон ҳастанд нафароне, ки ба саломатии мардум солиёни тулонӣ дасти кумак дароз кардаанд. Пайваста қабул ва амалӣ шудани барномаву стратегияҳо ва санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷӯҳи ҳамарӯзаи роҳбарияти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Баъди табрик аз ҷониби раиси шаҳр ба якчанд кормандони фаъоли соҳаи тандурустӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Ҳамзамон барномаи консертӣ пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.

Дар охир менеҷери КАТС Ғоибов В.Т. миннатдории аҳли кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро барои дастгириҳои ҳамаҷонибаи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ баён намуда таъкид кард, ки дар оянда низ табибон баҳри сиҳатии омма аз тамоми имконот истифода хоҳанд бурд.

Мухбири “НИ”

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз584
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта584
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36654
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4065139

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.