шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Табрики Раиси шаҳр Худойназар Амонзода ба муносибати Иди Қурбон

(0 votes, average 0 out of 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳамаи шумо ва тамоми мардуми саодатманди шаҳрро ба муносибати Иди Қурбон самимона табрик гуфта, ба ҳамагон тансиҳативу хонаободӣ, саодатмандӣ, кушоиши кор ва комёбиҳои беназир ба нафъи миллату Ватанро орзу менамоям.

Неъмати истиқлолият ва сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки халқи азизи кишварамон иди Қурбонро чун дигар иду ҷашнҳои милливу давлатӣ дар фазои комили сулҳу осоиш ва ваҳдати миллӣ ҷашн мегиранд.

 

Фарҳанги пурғановати дини мубини Ислом, ки ҳамдилию ҳамбастагӣ, муттаҳид зиндагӣ кардан ва аз ихтилофу парокандагӣ даст кашиданро тарғибу ташвиқ менамояд, чун воситаи асосии тарбияи аҳли ҷомеа дар кишвари соҳибистиқлоли мо пурсамар истифода бурда мешавад.

 

Яке аз амалҳои хайр, ки маҳз дар арафаи Иди Қурбон анҷом дода мешавад ин дастгирии ятимону маъюбон, оилаҳои бесаробону камбизоат ва дигар ниёзмандон ба шумор меравад. Бояд ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа аз ҷониби нафарони саховатпеша чунин иқдомот ба роҳ монда шавад.

Ба шарофатии Истиқлолият дар ин рӯзҳои муборак ҳар сол ҳазорҳо шаҳрвандони кишвар адои ҳаҷ менамоянд. Бояд зикр кард, ки имсол низ 7 нафар ҳоҷиёни шаҳри мо низ барои адои рукни панҷуми Ислом ба Маккаи мукаррама сафар карда, маросими ҳаҷро адо намуда истодаанд.

Итминони комил дорем, ки онҳо баъди адои маросими ҳаҷ бо дилу нияти пок ба Ватан баргашта, дар корҳои ободониву бунёдкории диёрамон, инчунин тарғиби одобу ахлоқи ҳамида ва рафтору кирдори шоиста, махсусан дар байни ҷавонон, нақши арзанда мегузоранд.

Тибқи анъанаҳои гузаштагонамон дар арафаи иду ҷашнҳо мардум ба тоза намудани хонаву манзил ва кӯчаву маҳаллаҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, аз ин рӯ ташкили чунин иқдомҳо пеш аз ҳама барои тозагиву ободонии шаҳр мусоидат менамояд.

Боварии комил дорам, ки мардуми шаҳр дар кори хайри созандагиву бунёдкорӣ, болоравии сатҳи зиндагии мардум ва дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас фаъолона ширкат меварзанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз583
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта583
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36653
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4065138

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.