шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Иштироки Раиси вилоят дар маҷлиси фаъолони шаҳри Истиқлол

(0 votes, average 0 out of 5)

24 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи бинои Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни таҳлили вазъи соҳаҳои гуногуни шаҳр иттилоъ дод, ки нақшаи воридоти андоз ба буҷети давлатии шаҳр (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) дар 7 моҳи соли 2018-ум 108,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 7 миллиону 576,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки аз нақша 566,1 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба 7 моҳи соли 2017-ум 1 миллиону 856,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109,4 фоиз иҷро гардида, 6 миллиону 99,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз нақша 522,7 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба 7 моҳи соли 2017 1 миллиону 165,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Новобаста аз он, ки нақшаи воридоти андозҳо ба буҷет сари вақт таъмин шудааст, иҷрои сифатноки он пурра амалӣ нагардида, нақшаи 2 намуди андоз иҷро нашуд ва дар натиҷа ба буҷет 848,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Давоми 7 моҳи соли ҷорӣ саноатчиёни шаҳр ба маблағи умумии 19,2 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карданд, ки бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 миллион сомонӣ зиёд буда, 128,8 фоизро ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки дар баробари дастовардҳо дар соҳаи саноати шаҳр як қатор мушкилоти ҷиддӣ ҷой доранд, ки бе рафъи онҳо рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоиро таъмин намудан душвор мебошад. Дар ин росто бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва шарикони рушд ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳр мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид. Зарур дониста шуд, ки барои истифодаи самараноки майдонҳои истеҳсолӣ, бинову иншоот ва дигар иқтидорҳои бекорхобидаи корхонаҳо маблағгузориҳои мақсаднок равона карда шуда, ба ин васила диверсификатсияи истеҳсолот таъмин карда шавад.

Раиси вилоят ҳамчунин ба масъулин дастур дод, ки барои таъмини рушди минбаъда бо назардошти имкониятҳои воқеӣ дар шаҳри Истиқлол теъдоди корхонаҳои хурду миёна зиёд карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар назди роҳбарияти шаҳр ҷиҳати бунёд ва барқарор намудани мактабу кўдакистонҳо, коргоҳҳои дўзандагӣ, майдончаҳои варзишӣ, қасрҳои фарҳанг, бунгоҳҳои тиббӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, сартарошхона, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо ва дигар иншооти фароғатӣ, захираи ангишт барои зимистонгузаронӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, роҳ надодан ба шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурўҳҳои ифротӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки мардуми сарбаланди шаҳри Истиқлол бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегиранд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз876
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2553
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта876
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35890
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064375

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.