шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Баргузории Рӯзи қабули шаҳрвандон дар шаҳри Истиқлол

(0 votes, average 0 out of 5)

24 августи соли 2018 дар маҷлисгоҳи бинои Қасри фарҳанги шаҳри Истиқлол қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо сокинони шаҳри Истиқлол иброз дошт, ки роҳбарияти вилоят ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва арзу шикояти сокинон сари вақт омӯхта шуда, мушкилоти иҷтимоӣ бартараф карда мешавад. Таъкид гардид, ки дар асоси нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят то имрӯз дар аксари шаҳру ноҳияҳо рӯзҳои қабули шаҳрвандон доир шуд ва сокинон мушкилоти худро мустақиман ба роҳбарияти вилоят расониданд.

 

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон 22 нафар сокинони маҳаллаҳои шаҳри Истиқлол бо масоили марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъмири роҳҳо ва дарёфти кӯмакҳои моддӣ ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода ҳар як муроҷиати сокинонро баррасӣ намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилот масъулини ниҳодҳои марбутаро вазифадор намуд.

 

Сипас, Раиси вилоят чанде аз собиқадорони соҳаҳои мухталифро аёдат намуд ва ба онҳо кӯмакҳои молиявӣ расонид. Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми мулоқот бо собиқадорон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ аз заҳмату фидокориҳои пешқадамону собиқадорони меҳнат қадршиносӣ менамояд. Зеро замҳатҳои пирони нурониву соҳибтаҷриба дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ хеле назаррас мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз33
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта33
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36103
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064588

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.