шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Гузориш аз ҷараёни чорабинии шаҳрӣ бахшида ба таҷлили 27-умин солгарди Истиқлолияти миллӣ

(0 votes, average 0 out of 5)

Санаи 7 сентябри соли равон дар радифи дигар шаҳру ноҳияҳои кишварамон дар шаҳри Истиқлол низ чорабинии шаҳрӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи Исмоили Сомонӣ гузаронида шуда, сокинони шаҳр бо як болидарӯҳии хос ба ин ҷашни идона ташриф оварданд. Дар чорабинӣ барои табрикоти бошандагони шаҳри Истиқлол намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода ташриф оварданд.

 

Сараввал раиси шаҳри Истиқлол муҳтарам Худойназар Амонзода сокинони шаҳр ва меҳмонони ҳузурдоштаро бахшида ба таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон муборакбод намуда, дар рафти суханронӣ бобати дастовардҳои замони истиқлолият, ободкориву созандагӣ ва пешравиҳои кишварамон алалхусус дар шаҳри Исиқлол андешаҳои худро баён дошт. Номбурда қайд намуд, ки сокинони шарафманди шаҳри Истиқлол солгарди Истиқлолияти давлатиро дар рӯзҳое таҷлил менамоянд, ки аз мақоми шаҳрро гирифтани Истиқлол (собиқ шаҳраки Табошар) 25 сол сипарӣ шуда ва ташкилёбии шаҳраки Табошарро 80 сол пур мешавад ва ба ҳам тавъам омадан ва дар як рӯз таҷлил намудани ҷашнҳои Истиқлолияти миллӣ, 80- солагии ташкилёбии шаҳраки Табошар ва 25 солагии мақоми шаҳрро гирифтани шаҳри Истиқлол фоли нек аст.

 

Раиси шаҳр Худойназар Амонзода иброз дошт, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истиқлол бештар равона гардида, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр пешравиҳои назаррас сол аз сол ба вуқуъ мепайвандад. Раиси шаҳр иловатан дар баромади худ ёдовар шуд, ки : «Дар даврони Шӯравӣ дар корхонаҳои шаҳр зиёда аз 40 халқу миллатҳо дӯстона зисту фаъолият мекарданд ва имрӯзҳо низ дар шаҳри Истиқлол ин анъанаи нек идома дорад ва маҳз таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истиқлол чун дигар шаҳру навоҳии кишвар ба сифати аъло нигаронида шудааст.

Таъкид бояд намоям, ки ба хотири рушди иқтидори саноатии шаҳр ва дубора эҳё намудани шаъну эътибор ва шӯҳрати пешинаи шаҳри Истиқлол Минтақаи саноатии Тоҷикистону Хитой дар шаҳр фаъолияти хешро оғоз кард ва корхонаи азими металлургӣ бунёд гардида, имрӯзҳо зиёда аз 400 нафар мутахассисони маҳаллӣ дар ин корхона бо ҷойи кор доимӣ таъмин карда шуданд. Ва дар оянда дар ин Минтақа боз 5 корхонаи саноатии дигар бо ташкили зиёда аз 2 ҳазор ҷойи корӣ бунёд мегардад. Дар маҷмуъ гуфта метавон, ки шаҳри Истиқлол оянда ба яке аз шаҳрҳои бузурги саноатии кишвар табдил хоҳад ёфт. Ин ҳама пешравиҳо меваи даврони Истиқлолият мебошад.”

Сипас дар навбати худ Файзуллозода Заробиддин Қудрат табрикоти хешро бахшида ба ҷашни солгарди Истиқлолият ба самъи ҳозирин расонид, инчунин намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода табрики Раиси вилоятро бахшида ба ин ҷашнвораҳо қироат кард.

Лозим ба қайд аст, ки дар арафаи ҷашнвораҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шахсони барӯманд ва фаъолони корхонаву ташкилотҳо ҳамеша қадрдонӣ карда мешаванд. Чун анъанаи ҳарвақта бахшида ба таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар ин рӯз аз тарафи Раиси шаҳр Худойназар Амонзода як қатор фаъолон бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Туҳфаҳо аз ҷониби раиси шаҳр ва меҳмонон ба туҳфагирандагон супорида шуд.

Пас аз сухани табрикотӣ ва маросими туҳфасупорӣ баҳри фароғати сокинон аз тарафи бахши фарҳанги шаҳр барои сокинон ва меҳмонон барномаи консертии идона пешниҳод гардонида шуд. Дар консерти идона ҳунармандони номдори вилоят низ иштирок варзида, ба чорабинӣ ҳусни нав зам намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни чорабинӣ тариқи экран наворҳо аз дастовардҳои замони истиқлолият намоиш дода шуда, чорабинӣ бо як намуди хоси идона, шукуҳу шаҳомати воло ва бо мушакпарронӣ ва кафкӯбиҳои сокинону меҳмонон анҷом пазируфт.

Ш.Исозода

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз960
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2553
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта960
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35974
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064459

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.