шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

(5 votes, average 3.60 out of 5)

Истиқлолият муҳимтарин дастовард барои халқи шарафманди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ба ҳамагон маълум аст, ки соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ дар кишварамон заминаи воқеӣ барои обод гаштани ватанамон гузоштааст. Лекин муттаассифона дар аввалҳои соҳибихтиёрӣ тоҷикистониён шаҳди ширини соҳибистиқлолиро ҳанӯз начашидаву мубталои найранги аҷнабиён гашта ва ба чоҳи зулмот афтода буданд. Қувваҳои бегона то ҳадде тавонистанд алангаи кинаю адоватро байни мардум пиёда намуданд. Ҷанги шаҳрвандӣ тамоми соҳоти хоҷагии халқро хароб намуда иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварамонро бо танназул рӯ ба рӯ карда буд, ҳазорон нафар гурезаву оилаҳо бесаробон монданд. Оқибати ҷангу ин бесарусомониҳо ба ҷуз фасоду ғоратгарӣ дигар ҳосиле наёвард, ки ин мақсади душманони миллати мо буд. Ҳатто меъёрҳои конститутсионӣ поймол гардида буданд ва ҷинояткорӣ ба рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Он рӯзҳои аз сари мо гузаштаро метавон ба имрӯза ҳолатҳои мамолики Шарқ ва Ҷумҳурии Украина ташбеҳ дод. Дар ин ҷангҳои бародаркушӣ ҳамеша сараввал мардум гумроҳ гардонида шуда, марзу бум хароб мегардад, сипас солҳои тулонӣ лозим аст, ки ин кишвар ба худ ояд. Маҳз дар ҷанги шаҳрвандии мо баъзе аз шаҳрвандони мо, ки ватанашонро бо пулу мол иваз карда буданд, бевиҷдонона фурӯхтанд ва барои сар задани оташи ҷанг дар хонадони мо мусоидат намуданд. Ва ин хиёнаткоронро ҳеҷ гоҳ ҳозира ва минбаъда насли мо намебахшад.

 

Барои аз байн набурдани давлати соҳибистиқлоли навини тоҷикон аз ҷониби ватандӯстон, аз ҷумла собиқ Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ба давлат баргардорнидани гурезагон аз дигар давлатҳои дунё, хусусан аз Давлати Исломии Афғонистон кӯшишу талошҳои зиёд карда шуда, бо мухолифин ба сари мизи гуфту шунид нишаста, ҳаллу фасли ояндаи давлат ва аз байн набурдани давлати соҳибистиқлоли навини тоҷикон ҳадафи ягонаи давлату ҳукумат гардида буд.

 

Қайд менамоям, ки чун мо як маротиба дар чоҳи чунин бесарусомонӣ афтода будем ва минбаъд набояд зиракии сиёсиро аз даст диҳем ва нагузорем, ки садои гиряе дар хонадони миллати мо ба гӯш расад. Бояд байни сокинон, алахусус ҷавонон оиди муқаддас донистани муқаддасоти миллию давлатӣ корҳои тарғиботиро фарохтар ба роҳ монд, зеро дар шароити кунунӣ тарғиби дастовардҳои даврони истиқлолияту ваҳдати миллӣ саривақтист.

Имрӯз бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварамон рӯ ба тарақкӣ ва рушди ҳамаҷониба ниҳодааст. Дар ҳама соҳаҳо пешравии куллӣ ба назар мерасад, хусусан дар тамоми сохторҳои қудратии кишвар низ ба куллӣ пешравиҳо ва сифати фаъолият мушоҳида мегардад ва имрӯза сохторҳои қудратии мо баҳри ҳимояи марзу буми кишвар бо нерӯи бузург омода ҳастанд. Мақомоти прокуратура низ дар баробари дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар таҳкими истиқлолият ва сулҳу суботи Ватан нақши амиқ дорад, инчунин дар самти татбиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки ба танзим дароваранда ва сарчашмаи пешравиҳо дар кишвар ҳастанд мақомоти прокуратура аз тамоми имконот истифода бурда истодааст.

Аз ҷумла, дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, яке аз аввалин қурбониёни мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии соҳибистиқлол Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шодравон Нурулло Ҳувайдуллоев ва дигарон буданд, ки то ин дам руҳи ин шахсони азиз ба мақомот шод мебошанд. Ҳаёт ва фаъолияти ин абармардон барои ҳамаи мо- идомадиҳандагони роҳи онон яъне кормандони прокуратура намунаи ибрат аст.

Итминони комил дорам халқи бофарҳанги мо Пешвои муаззами миллати худро, ки меҳвари асосии фаъолияташ меҳанрпарвариву инсондӯстист эҳтиром кардаву дӯст медоранд ва сиёсати хирадмандонаю ватандӯстонаи Сарвари давлатро бо дилу ҷон пайгирӣ менамоянд.

Дар тақвияти гуфтаҳои боло гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз Тоҷикистонро дар фазои сиёсати умумиҷаҳонӣ ҳамчун давлати ободу рӯ ба тараққӣ эътироф мекунанд ва ин албатта ҷойи шукргузорист. Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дилхоҳ ормонҳои худ расида истодаем. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳ бояд аз бегонапарастиву ҷаҳолат канораҷӯй бошад ва ин неъмати бебаҳоро яъне Истиқлолияти марзу буми худро дӯст дорад, Ватанашро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, муқаддасоти миллию давлатиро ҳифз намояд. Зеро ин рисолати фарзандӣ ва қарзи виҷдонии ҳар яки мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Имсол Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистонро, ки 27 сол пур мешавад бо таманноҳои бепоёни рӯзҳои аз ин ҳам нек ва фазои орому осоиштагии ҳамеша барои сокинони шаҳри Истиқлол ва дар симои онҳо ба кулли сокинони кишвар муборакбод менамоям. Орзуи онро дорам, ки сулҳу ободиву озодӣ дар Ватани мо ҷовидон бошад ва ҳар як сокини ин меҳани биҳиштосо худро хушбахт ҳисобад.

 

Абдуқодирзода Ф.К

Прокурори шаҳри Истиқлол,

мушовири адлияи дараҷаи 2

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз825
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2553
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта825
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ35839
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064324

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.