шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

ИСТИҚЛОЛИЯТРО БОЯД ҲИФЗ НАМОЕМ

(0 votes, average 0 out of 5)

Шукрона менамоям, ки имсол мо дар остони 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар қарор дорем. Агар кас амиқтар ба қаъри ин солҳои сипаришуда нигарад, хуб дарк менамояд, ки аз оғози соҳибистиқлол гаштанамон то имрӯз чӣ қадар пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҷомеа рӯз аз рӯз ба вуқуъ пайваста истодаанд. Ҳарчанд ки дар аввалҳои соҳибистиқлолӣ мушкилотҳои зиёде дар раванди фаъолияти корхонаву ташкилотҳо ва дигар муассисаҳову сохторҳо мухталиф вуҷуд доштанд, лекин мардуми сарбаланди мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мушкилотҳои ҷойдоштаро бартараф намояд. Ва дар ҳақиқат имрӯз мебинем, ки дар ин муддати кутоҳ ба чӣ қадар пешравиҳо ноил гардидем.

 

Ёдовар мешавам, ки дар солҳои навадум, вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави ҷумҳуриамон доман паҳн кардаву бесарусомониҳо, ғоратгариву авбошӣ, қатл, дуздӣ ва чанди дигар амсоли ин амалҳои номатлуб аз тарафи бадхоҳони кишвар мардуми моро ба дод оварда буданд. Ва барои мубориза ба ҳамаи ин ҷинояткорон он шабу рӯзҳо барои кормандони милитсияи тоҷик давраҳои серзаҳматӣ буд. Маҳз шуҷоати мардонагӣ ва ҳисси баланди масъулияти кормандони милитсия дар таъмини ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва решакан намудани ҷинояткорӣ буд, ки имрӯз кормандони милитсия ҳамчун як ниҳоди боътимод дар ҷомеа нуфуз доранд.

 

Албатта ҳамаи ин аз дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат шаҳодат медиҳад, ки пайваста аз тарафи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ барои фароҳам овардани шароити корӣ ва қадршиносӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сол аз сол бештар мегардад. Ифтихор мекунам, ки мо дар чунин фазои сулҳу амонӣ кору фаъолият дорем ва итминон дорам, ки насли имрӯзаи кормандони милитсия ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории ҳамешагии сулҳу суббот ба таври шабонарӯзӣ омода мебошанд.

Як нуқтаро қайд менамоям, ки муттаасифона ҳанӯз ҳам бадбинони ҷомеаи озоди мо вуҷуд доранд ва то ҳол аз амалҳои разилони худ даст накашидаанд. Зуҳуроти тероризм ва гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна амалҳои терористӣ чун доғи рӯз маҳсуб меёбад ва моро зарур аст, ки якдилона ба зидди ин зуҳуроти номатлуб мубориза барем.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки асосан ҷавонон ба қувваҳои ифротгаро гаравидаанд. Онҳо зери ниқоби ислом роҳи терроризмро пеш гирифта, ҷони ҷавони худро баҳри мақсадҳои номушаххас ва нопок қурбон месозанд. Созмонҳои ифротгарои зиёде имрӯз дар қаламрави дар дохил ва хориҷ пайи ба доми фиреб кашонидани насли наврас мебошанд ва аксарияти ин ҳаракатҳо бо номи дини ислом, бо истифода аз нофаҳмиҳои ҷавонон ва заифии зеҳнии онҳо, сафи ҷавонони гумроҳшударо меафзоянд. Ин ҷавонон ба домани ин ташкилотҳо шомил гашта, бештари онҳо мутаассиб мегарданд. Таассуби динӣ то ҳадде мерасад, ки барои намояндагони ҳаракатҳои иртиҷоӣ қатлу куштор, ғоратгарӣ, дуздӣ ва ҳатто худтарконӣ амали маъмулӣ шудааст. Ҳол он, ки ин ҷавононе, ки баркасдона ё ин ки иҷборан роҳи терроризмро пеша карда буданд, метавонистанд сохибмаълумоту соҳибкасб гардида, барои халку Ватани хеш хизмат кунанд ва дастгири падару модар ва оилаву фарзандашон бошанд.

Зери мафҳуми терроризм – ба хотири амалӣ гаштани ғояҳои муайяне зӯроварӣ кардан аст ва коршиносони ҷаҳон ғояҳои терроризмро ба чанд навъ тақсим кардаанд – ба хотири идеалҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, ғояҳои миллӣ, динӣ ва ғайраҳо. Маълум нест, ки ҷавонони гумроҳшудаи мо бо кадом мақсад меҷангиданд ва худи онҳо низ бехабар мебошанд, ки роҳи пешгирифтаашон то куҷо мебарад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳолатҳои паҳншавии ғояҳои террористӣ ва аз байн бурдани мақсаду мароми нопоки ин ҳаракатҳо мо кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои қудратӣ мубориза мебарем ва аз ҳар як сокини ин кишвар, хусусан шаҳрвандони шаҳри Истиқлол низ даъват ба амал меоварем, ки дар пешгирии ин ҳодисаҳои номатлуб бетараф набошанд ва ҷони фарзандони худро дар хатар нагузоранд. Зерои истиқлолияти давлатии мо ин ормонҳои чандинсолаи мардуми мо буд, ки имрӯз хушбахтона мо дар ин даврон зиндагӣ дорем. Пас ҳамаи мо шаҳрвандонро зарур аст, ки барои устувории истиқлолияту озодӣ саҳми худро гузошта, онро чун гавҳараки чашм нигоҳбон бошем. Танҳо мо метавонем, ки кишвари худро ободтару зеботар созему дӯстона ва осуда зиндагӣ намоем.

Бори дигар бо шукргузориҳои бепоён аз ин пешравиҳо, бунёдкориҳо ва гулгулшукуфиҳои Ватани азизамон ва бо таманнои аз ин ҳам беш 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро ба кулли шаҳрвандони шаҳри Истиқлол ва дар ин баробар ба ҳамаи ҳамватанон табрику таҳният мегӯям.

 

Усмонзода А.К.

Сардори ШВКД ҶТ

дар шаҳри Истиқлол

подполковники милитсия

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз342
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1056
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта342
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта11381
mod_vvisit_counterҲамин моҳ36412
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39289
mod_vvisit_counterҲамагӣ4064897

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.