шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

Паёми табрикии Худойназар Амонзода бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Омӯзгорони арҷманд!

Шуморо ба рӯзи касбиатон таҳният намуда, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ ва тамоми хӯшиҳои зиндагиро таманно дорам.

Чуноне ки Шумо огаҳ ҳастед дар ҳама давру замон муаллим чун шахсияти баркамоли ҷомеа шинохта шуда, эҳтироми ӯ дар дили мардум чун як нафари намунаи ибрат боқӣ мондааст.

Дар кишварамон Тоҷикистони азиз ба омӯзгорон ва умуман ба соҳаи маориф аҳамияти махсус дода шуда, ҳамасола таваҷҷӯҳ барои беҳтар гардонидани шароити таълими омӯзгорон зоҳир карда мешавад.

Дар шаҳри Истиқлол низ соли равон аз буҷаи маҳаллӣ бо харҷи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ ҷиҳати беҳтар намудани раванди таълиму тарбия маблағҳо ҷудо гардидааст. Ва ин иқдом оянда низ идома хоҳад ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба омӯзгорон чунин қайд намудаанд: “ Омӯзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад. Сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба дониш ва маҳорати касбии омӯзгор вобаста аст” . Ба ҳамин хотир қайд кардан ба маврид аст, ки дар шароити кунунӣ омӯзгоронро зарур аст, ки ба таълиму тарбияи хонандагон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд ва бахусус барои тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ ва донишандӯзии онон аз тамоми имконот истифода намоянд. Бояд муаллимон дар рӯҳияи шогирдон эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбати муқаддасоти миллию давлатиро тарбия намоянд.

Дар навбати худ соли равон заҳмати омӯзгорон буд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Лекин ба ин қаноат накарда, омӯзгоронро зарур аст, ки барои боз ҳам бештар ҷойҳои намоёнро ишғол кардани шогирдонашон дар олимпиадаҳо кӯшиш беш аз ҳарвақта диҳанд.

Тавре бояд омӯзгорони муҳтарам, фаъолият намоянд, ки хонандагон дар зиндагӣ роҳи дурусту ростро интихоб намоянд ва тафаккуру андешаи солим дошта бошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол барои дастгирии соҳаи маориф ва омӯзгорон ҳамеша омодааст ва махсусан ба омӯзгорони болаёқат ва ботаҷриба, ки шогирдони донишманду бомаърифатро тарбия намудаанд мароқ зоҳир менамояд.

Бори дигар кулли омӯзгоронро ба рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуда, бароятшон умри дарози бобаракат дар фаъолияти пурмаҳсул бурдбориҳоро таманно дорам.

Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1066
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1161
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8254
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта9438
mod_vvisit_counterҲамин моҳ26165
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4094019

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.