шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

Табрики раиси шаҳр бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(0 votes, average 0 out of 5)
There are no translations available.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳамасола санаи 5 октябр дар қаламрави кишварамон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Аз ин рӯ, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамаи шуморо ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, бароятон бахту иқболи накӯро таманно дорам.

Лозим ба қайд аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони давлатии кишварамон, яъне забони тоҷикӣ чун дигар муқаддасоти миллию давлатӣ эътибори махсус зоҳир карда, барои рушду пешравии забон ва дигар суннатҳои миллӣ имконоти навро фароҳам намуда истодааст. Қабули Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз иқдомҳои бузург ба хотири эҳтиром ба забони тоҷикист. Вобаста ба ин, эҳтиром ва донистани забони давлатӣ ин кушодани пайраҳа барои аз бар намудани дигар арзишҳоест, ки баҳри рушду такомули халқу миллат мусоидат менамоянд.

Сарвари маҳбуби кишварамон дар яке аз баромадҳояшон бахшида ба забони тоҷикӣ чунин фармудаанд: “Муҳаббат ба диёр ва пос доштани забони ширини тоҷикӣ моро ба сӯйи ояндаи нек раҳнамоӣ мекунад”. Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки забони давлатиро аз худ намуда, баҳри эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбати он дар ҷомеа кӯшиш намоем.

Дар шаҳри Истиқлол низ нисбат ба риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Айни замон дар 5 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки таҳсилашон бо забони русӣ ва ӯзбекӣ ба роҳ монда шудааст 53 синфҳои таълими тоҷикӣ бо фарогирии 987 нафар хонандагон фаъолият доранд.

Дар ин раванд, шуъбаи маорифи шаҳр ва дигар муассисаҳои таълимӣ, махсусан омӯзгорони фанни забони давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” , азхуднамоии забони тоҷикӣ ва имлои он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳрро зарур аст, ки раванди риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва имлои забони тоҷикиро дар ташкилоту муассиса ва корхонаҳо зери назорати қатъӣ гирад ва пайваста корҳои тарғиботию санҷиширо оид ба татбиқи Қонуни мазкур ба роҳ монад.

Бори дигар Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони шаҳр табрик менамоям.

Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд : “Бигзор забони ҷовидонаи шеъри Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ равшангари роҳи мо ба сӯйи фардои обод бошад.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз887
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1161
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8075
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта9438
mod_vvisit_counterҲамин моҳ25986
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4093840

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.