шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳафт огоҳии мақомот ба ҳафт “саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ” дар ВМКБ

(0 votes, average 0 out of 5)

 

Нисбати 7 сокини шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, ки аз онҳо саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ном бурда мешавад, протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуда, огоҳӣ дода шудааст

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Раёсати  Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ, Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ ва Прокуратураи вилоят “саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятиро ба Прократураи вилоят даъват карда ба онҳо огоҳии расмӣ дода шуд” ,хабар медиҳад агентии “Ховар”.

 

Нисбати 7 сокини шаҳру навоҳии вилояти Бадахшон, ки аз онҳо саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ ном бурда мешавад, протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шудааст, ки онҳо имзо гузоштаанд.

Ҳамин тавр, протокол нисбати Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозорович тартиб дода шуда, “аз онҳо қотеъона талаб карда шудааст, ки ба амалҳои ҷинояткорона қатъан хотима бахшанд. Махсусан минбаъд ба содир намудани ҷиноятҳои зерин роҳ надиҳанд:

— ташкилу роҳбарии гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, иттиҳоди ҷиноятӣ;

— даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади содир намудани бетартибиҳои оммавӣ, ғасби биною иншооти давлатӣ;

— қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк;

— таҳқири намояндаи ҳокимият;

— авбошӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳу аслиҳа;

— гузаронидани ҷамъомадҳои афроди ҷиноятпеша (сходка);

— роҳ надодан ба содир кардани ҳаракатҳои ғайриқонунӣ бар зидди амнияти давлату ҷомеа.

Номбурдагон ӯҳдадор шуданд, ки дар сурати риоя накардани талаботҳои дар огоҳии расмӣ зикршуда ва содир намудани кирдорҳои дар боло баёнгардида омодаанд, дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб диҳанд.

Нусхаи протокол дар расонаҳои расмии Тоҷикистон мунташир шудааст.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20181025/1027231366/aft-ogoii-maomot-ba–aft-sarkardagoni-guroi-ino-dar-VMKB.html

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1532
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1992
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9077
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10889
mod_vvisit_counterҲамин моҳ4722
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта39369
mod_vvisit_counterҲамагӣ4072576

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.