шаблоны joomla

Матни равон
"1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
"Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳисоботи раиси шаҳри Истиқлол оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр барои ёздаҳ моҳи соли 2018

(0 votes, average 0 out of 5)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол давоми ёздаҳ моҳи соли 2018 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст.

Барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва пайванди онҳо ба самтҳои фаъолият Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, татбиқи амалии сиёсати пешгирифта ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои санадҳои меъёриюҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мо дар ин давра маҳсуб ёфтаанд.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2018 дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии шаҳр таъмин гардад.

Вобаста ба иҷрои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарорҳои раиси шаҳри Истиқлол аз 20-уми марти соли 2018, таҳти №55 “Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз санаи 4-уми апрели соли равон “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расида,аз рӯи «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол оид ба корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Истиқлол корҳои бунёдкориву ободонӣ бомаром идома доранд.

 

Тибқи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ин ҷашни бузург 28 банди он иҷро гардидааст, ки таъмири иншооти соҳаи маорифу фарҳанг, варзишӣ, ҷиҳозонидани лабораторияҳо барои муассисаҳои таълимӣ, мумфаршгардонии роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъмири биноҳои маъмурии корхонаву муассисаҳо, соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқ ва бонкҳо ба роҳ монда шуд.

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол маҳсуб меёбад.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 719 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст, ки вобаста ба масъалаҳои замин ва баҳси он 128адад, ҷудо намудани манзил 403 адад, таъмири манзил ва таъмин шудан бо масолеҳи сохтмонӣ 27 адад, кӯмаки моддӣ 79 адад, гирифтани Сертификати замин 2 адад, сафари Ҳаҷ 4 адад, таъмин шудан ба оби нӯшокӣ ва полезӣ 6 адад ва масъалаҳои дигар 67 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 341 адад қонеъ гардонида шуда, 166 адад фаҳмонида дода шуд ва 151 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон рад карда шуд.

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, тибқи нақшаи корӣ мунтазам оиди татбиқи Қонуни мазкур корҳои фаъмонидадиҳӣ ва санҷишҳо дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳрӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳамаи корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ риояи Қонуни мазкур ва муқаррароти имлои забони тоҷикӣ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шудааст.

То имрӯз номи 34 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр бо риояи меъёри забони тоҷикӣ иваз карда шуданд.

Дар панҷ муассисаҳои таълимашон ғайритоҷикӣ 53 адад синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ бо фарогирии 987 нафар хонандагон кушода шуд, ки баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат менамояд. Ҳолати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Риояи қатъии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 144 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 133 адад тӯйи домодиву арусӣ, 9 ададмаъракаҳои чил, 2 адад сол баргузор гардиданд. Барои баргузории ҳамаи маъракаҳо 528 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Дар ин маъракаҳо забҳи чорвои калон ба роҳ монда нашуда, танҳо 8 адад чорвои хурд забҳ гардид.

Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети маҳаллӣ нақшаи қисми даромади буҷет ба санаи 1 декабри соли 2018 106,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 8 миллиону 729,5 ҳазор сомонӣ ба буҷет 9 миллиону 298,9 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Қисми даромад аз рӯи 6 намуди андозҳо зиёда аз 100 фоиз иҷро гардида, аз ҳамин ҷиҳат ба буҷети маҳаллӣ иловатан 569,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки барои корҳои ободониву созандагӣ ва рушди маҳал масраф мегардад.

Ба санаи 1-уми декабри соли 2018 бақияпулиҳои андози солҳои пешина ба маблағи 874,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз ба маблағи 75,5 ҳазор сомонӣ кам гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, аз рӯи нақша 12 миллиону 752,6 ҳазор сомонӣ буда, ба маблағи 11 миллиону 602,6 ҳазор сомонӣ, ё ин ки баробари 91 фоиз нисбат ба нақша иҷро гардида, қарз аз пардохтҳои бандҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар шаҳр вуҷуд надорад.

Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Дар шаҳр шумораи соҳибкорони хурду миёна 203 нафар (занон зиёда аз 30 фоиз) буда, аз ин шумора 46 нафар соҳибкорон дар асоси “Шаҳодатнома” ва 157 нафар дар асоси патент фаъолият мебаранд.

Бо дастгирии лоиҳаи инвеститсионии «Озуқаворӣ барои маориф» аз аввали татбиқ то айни замон зиёда аз 134,9 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ карда шуда, дар давоми давраи ҳисоботӣ 12,4 ҳазор доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Инвестори ин лоиҳа ташкилоти байналхалқии БОҶ ТММ мебошад.

Аз аввали татбиқи лоиҳаи инвеститсионии «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимолии Тоҷикистон» дар шаҳри Истиқлол, ки дар се марҳила пешбинӣ шудаааст то ҳол 1 миллиону 700 ҳазор доллари ИМА маблағ ҷудо карда шудааст. Инвестори лоиҳаи мазкур Бонки Аврупоии “Таҷдид ва Рушд”буда, аз аввали сол 584 ҳазору 800 доллари амрикоӣ аз худ карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба шаҳр сармоягузорони хориҷӣ ба маблағи 586 ҳазору 600 доллари ИМА маблағгузорӣ намуданд.

Ҳамзамон сармояи дохилӣ ба маблағи 4 миллиону 391,3 ҳазор сомонӣ барои харидории мебел ва таҷҳизотҳои ёрирасон, бунёди нуқтаҳои хизматрасонӣ, сохтмони бинои хусусӣ дар шаҳр ворид гардидааст.

Давоми давраи ҳисоботӣ соҳибкорони маҳаллӣ дар умум барои беҳтар намудани фаъолият дар самти соҳибкории хурду миёна 66 нафар (аз онҳо 24 нафар зан) дар маҷмуъ ба маблағи 626 ҳазору 500 сомонӣ аз бонкҳои дар шаҳр мавҷудбуда қарз гирифтаанд. Ғайр аз ин, аз ҷониби бахши шуғли аҳолӣ ба 16 нафар соҳибкорон, аз онҷумла 9 нафар занон ба маблағи 42,7 ҳазор сомонӣ қарзҳои бефоиз дода шуд.

Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат ва энергетика

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бошад дар ин давра дар шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ зиёда аз 30 миллиону 69,2 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 111,3 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ (4 адад) ба маблағи 21 миллиону 539 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро нисбати ҳамин давраи соли 2017 ба 106,1 фоиз баланд бардоштанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 5 миллиону 345,2 ҳазор сомонӣ аз тарафи сектори хусусӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 136,2 маротиба зиёдтар мебошад.

Ба санаи 1 декабри соли равон 3 миллиону 185 ҳазор сомонӣ барои хизматрасонии характери саноатидошта, яъне барои обу ташноб ва барқ пардохт карда шудааст.

Дар ин давра ҳолати ҷамъоварии маблағҳои истифодаи ҳаққи об 480 ҳазору 500 (81,1 фоиз) сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 321,1 ҳазор сомонӣ (65,6 фоиз) аз ҷониби аҳолӣ пардохт гардидааст.

Ҳамзамон аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳр пардохти истифодаи қувваи барқ 93 фоизро ташкил дода, аз тарафи аҳолӣ бошад 105,9 фоиз пардохт гардидааст.

Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои аҳолӣ 1 миллиону 380,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 110,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра 26 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар шаҳр ташкил гардид, ки аз тарафи кишоварзони ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ маҳсулотҳои ниёзи мардум бо нархҳои нисбатан арзон дастраси сокинон гардонида шуд.

Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2014 таҳти №682 нақшаи генералии шаҳри Истиқлол тасдиқ гардида, дар доираи он давоми давраи сипаригардида қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҷудо карда шудааст. Дар маҳалҳои аҳолинишин бошад 22 адад хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 3865 метри мураббаъ сохта шудаанд.

Дар давоми сол фондҳои асосӣ ба маблағи 3 миллиону 405 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуд.

Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар шаҳр роҳҳои маҳаллӣ 64 км-ро ташкил дода, дар тавозуни КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ аз буҷети вилоятӣ ва маҳаллӣ, соҳибкорон дар шаҳр ҳамагӣ ба масоҳати 9,4 километр роҳҳо ба маблағи 1 миллиону 28 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим карда шудаанд.

Соли равон дар шаҳр масъалаи таъмини хизматрасонии мусофиркашонӣ дар хат-сайри Хуҷанд-Истиқлол беҳтар гардонида шуда, айни замон микроавтобусҳо фаъолият доранд.

Айни замон дар ҳудуди шаҳр 10 адад микроавтобусҳо ва як адад автобус ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Рӯзномаву маҷалла, телевизион ва радио яке аз воситаҳое мебошад, ки дар тарғиби сиёсати давлат мусоидат менамояд. Бо мақсади тарғибу ташвиқи васеи сиёсати дохиливу хориҷии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Суғд аз 23-юми августи соли равон, №363 “Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилояти ва маҳаллӣ барои соли 2019” қарори раиси шаҳр аз 28-уми августи соли равон, таҳти №184“Дар бораи муташаккилона гузаронидани маъракаи қабули обуна ба рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилояти ва маҳаллӣ барои соли 2019” ба тавсиб расида, айни замон маъракаи обуна бо маром идома дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” ҳафтае як маротиба ба нашр расид, ки дар он маводу мақолаҳо оиди масъалаҳои рӯзмарра, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии мамлакат ва чорабиниҳои ҷашниву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ рӯи чоп омаданд.

Масъалаи пахши барномаҳои телевизион ва радио дар шаҳр қаноатбахш буда, мардум аз пахши барномаи телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон” 100 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 100 фоиз, “Сафина” 100 фоиз ва телевизиони вилояти Суғд ҳамагӣ 100 фоиз ва барномаҳои якуми радио 80 фоиз, барномаҳои сеюми радио 50 фоиз, барномаҳои радиои «Фарҳанг» 50 фоиз, барномаҳои радиои Суғд 100 фоиз истифода мебаранд.

Дар шаҳри Истиқлол хизматрасонии алоқа аз тарафи ҶСК “Тоҷиктелеком”, ки дар ҳудуди шаҳр минтақаи истифодабарӣ доранд ба роҳ монда мешавад. Ғайр аз ин хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби ширкатҳои “Тсел”, “Мегафон”, “Биллайн” ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.

Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул

Дастгирии мақсадноки аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Масъалаи мубрами рӯз ин вуҷуд доштани ҷойҳои холии корӣ, нарасидани мутахассисон ва бекорӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 278 нафар аз ҷумла 145 нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Шумораи расман ҳамчун бекор ба қайд гирифташуда дар шаҳр 109 нафарро (53 нафар занҳо) ташкил медиҳанд.

Музди миёнаи меҳнат дар шаҳр айни замон 897 сомониро ташкил дод.

Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф)

Дар ҳудуди шаҳр 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 литсейи касбии техникӣ фаъолият дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2596 нафар хонандагон таълим мегиранд, ки аз онҳо 1259 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар маркази таҳсилоти иловагӣ 431 нафар хонандагон ба 17 маҳфилҳои гуногун ҷалб гаштаанд.

Дар ин муассисаҳои таълимӣ 207 нафар омӯзгорон, устоҳои таълимӣ ва мураббияҳо ба наврасону кӯдакон таълим медиҳанд.

Дар шаҳр ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил фарогирифта шуданд. Муассисаҳои таълимии шаҳр пурра ба омӯзгорон таъмин мебошанд.

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро гардида, ба 6 нафар хонанда 1 компютер рост меояд.

Давоми давраи ҳисоботӣ 103 нафар дар маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 91 нафар дар имтиҳонҳо иштирок намуда, 64 нафар дохил гардиданд. Ҳамчунин 10 нафар тариқи Квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии кишвар ва 6 нафар тибқи квота ба муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия дохил гардиданд. Дар маҷмуъ 87,7 фоизи хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар дохил гардиданд.

Дар 8 маҳфили маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр 106 нафар хонандагони боистеъдод фаро гирифта шуданд.

Ҳамаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сару либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошанд. Дар соҳаи маориф ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ назорат пурзӯр карда шудааст.

Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ хонандаи МТМУ№1 Алиева Парвина аз фанни забон ва адабиёти рус ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид. Ҳамзамон ду хонанда аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва 6 дар озмуни байналмилалӣ аз фаннии математика ширкат варзида сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Ҳамчунин хонанадаи мактаби таҳсилоти миёнаи умкумии №6 Давлатов Муҳаммадшо дар озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони наврасу ҷавон” ширкат варзида, аз ҷониби Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Барои таҷҳизонидани се кабинетҳои фаннӣ (физика, химия, биология) аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маводҳои лабораторӣ дастрас карда шуд. Ҳамчунин 950 адад мизу курсӣ барои нишасти омӯзгорону хонандагон дастрас гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи дониши хонандагони макотиби шаҳр ба ҳисоби миёна 3,4 балро ташкил дод.

Дар давраи вилоятии озмуни “Беҳтарин маркази таҳсилоти иловагӣ”, ки моҳи сентябри соли равон баргузор гардид, маркази таҳсилоти иловагии шаҳр ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Ҳамзамон 39 нафар омӯзгорони фанҳои табии-риёзӣ дар моҳи январ аз курсҳои таълими босалоҳият гузаштанд. Ҳамчунин 19 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз курси Лоиҳаи “Ҳамроҳ бихонем” гузаштанд. Инчунин 31 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр аз курсҳои такмили ихтисоси вилоятиву ҷумҳуриявӣ гузаштанд, ки ин 115 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Баҳри иҷрои Барномаи ташаккули муассисаҳои томактабӣ дар бинои кӯдакистони №8-и шаҳр корҳои таъмирӣ рафта истодааст, ки дар ин кӯдакистон 300 нафар кӯдакон ба тарбия фаро гирифта хоҳанд шуд. Дар кӯчаи Лоҳутии шаҳр як адад бинои собиқ кӯдакистон барои фарогирии 100 нафар кӯдак аз таъмир бароварда шудааст. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят собиқ кӯдакистон, ки дар кӯчаи Бинокор воқеъ аст аз таъмири куллӣ бароварда мешавад, ки метавонад 250 нафар кӯдаконро ба тарбия фаро гирад.

Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятнок диққати махсус медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба густариши минбаъдаи ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.

Дар ин давра боми бинои маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳр бо маблағи 60 ҳазор сомонӣ шиферпӯш карда шуда, бинои шуъбаи таваллудхона бо маблағгузории буҷҷаи маҳаллӣ бо харҷи 140 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 271 нафар кӯдаки зиндатаввалуд шуда ба қайд гирифта шуд, аз он 83 нафар аз дигар шаҳру ноҳияҳо (нисбати соли гузашта 16 нафар зиёд) мебошад Нишондиҳандаи таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ 12 мебошад, ки нисбати соли 2017 ба 1 нишондиҳанда кам шудааст. Дар ин давра 2 ҳодисаи фавти кӯдаки то 1-сола ба қайд гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо сабабҳои беморӣ ва дигар ҳодисаҳо 62 нафар (соли 2017- 65 нафар) аз қайди ҳаёт гузаштанд. Нишондиҳандаи фавт ба 1000 аҳолӣ 2,9 мебошад. Ҳамин тариқ афзоиши табиӣ аҳолӣ дар ин давра ба 4,7 баробар мебошад. Фавти модар ба қайд гирифта нашудааст.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 28 нафар духтурон ва 95 нафар ҳамшираҳои тиб фаъолият мебаранд. Таъминоти аҳолӣ ба 10000 нафар аҳолӣ бо духтурон ба 17 ва бо ҳамшираҳои тиб ба 57 баробар мебошад. Муассисаҳои соҳа ба духтурони тибби оилавӣ, сироятшинос, рентгенолог, нарколог, духтур-озмоишгар, ҷарроҳ, стоматолог ва равоншинос ниёз доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ 249 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд. Тибқи фармоиши мазкур ниқоҳшавандагон аз флюрографияи қафаси сина, таҳлили хуну пешоб, таҳлили хун барои RW, ВНМО, гепатитҳо бо тестҳои оҷилӣ ва аз муоинаи табиби оилавӣ мегузаранд. Ҳангоми гузаронидани муоина 6 бемориҳои музмин ва бо роҳи ҷинсӣ гузаранда дарёфт карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳуҷраи солимии репродуктивӣ 420 (соли 2017- 387) ҳомиладорон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 397 (2017- 372) нафарашон то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ аввалин маротиба ташриф овардааанд, ки 95 (2017-96) фисадро ташкил менамояд. 279 ҳомиладорон дар мӯҳлат ва 10 нафарашон исқоти ҳамл карданд. Аз шумораи умумии ҳомиладорон 416 (2017-359) нафарашон таҳлили RW 99 % (2017-93%), 420 нафарашон як маротиба 100 % ва 228нафарашон ду маротиба таҳлили СПИД-ро гузаштанд. Таҳлилҳо ба тариқи ройгон гузаронида шудааст. Тестҳои оҷилӣ аз тарафи МСРВ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Маркази саломатӣ харидорӣ карда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр бемориҳои махсусан хавфноки сироятии домана, исҳоли хунин, вараҷа, сухтанӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин давра 5 ҳодисаи беморшавии зардпарвини «А», 16 ҳодисаи захмбардорӣ аз ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст.

Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, таҳти №155 “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қарори раиси шаҳр аз санаи 3-юми марти соли 2017 таҳти №55 “Дар бораи Барномаи милли тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ба тавсиб расид, ки тибқи он корбарӣ мунтазам идома дорад.

Дар шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол 1097 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд. Андозаи нафақаи миёна аз рӯи ҳисоботи оморӣ 287,5 сомон ташкил медиҳад.

Талаботи нафақа бошад, дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиону 171 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад, ки он пурра пардохт гардидааст.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон, ки санаи 12-уми майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоташон бо аҳли намояндагони ҷомеа баён намуда буданд, аз ҷониби як нафар соҳибкор ба зиёда аз 130 нафар кӯдакони ятим ба ҳар як нафар аз 200 то 500 сомонӣ дар умум ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ туҳфаи пулӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон ба 155 нафар наврасон дар аввали соли хониши нав аз ҷониби як нафар соҳибкор сару либоси мактабӣ тақдим карда шуд.

Дар умум давоми давраи ҳисоботӣ оилаҳое, ки фарзанд ва ё саробонашонро дар барқароркунии сохти конститутсионӣ гум кардаанд, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони гурӯҳи 1, маъюбони то синни ҳаждаҳсола, собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва камбизоаттарин, оилаҳои ду ва зиёда маъюбдошта ва дигар шахсони эҳтиёҷманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассиса ва шахсони алоҳида 982 нафар аёдат карда шуда, ба ҳар яке кӯмаки моддӣ ба тариқи маводи хӯрока ва кӯмакпулӣ ба маблағи 126 ҳазору 802 сомонӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин ба 67 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи 9 ҳазору 290 сомонӣ кӯмаки яквақтаина дода шуд.

Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ҷодаи фарҳанг низ барои ҳарчӣ бештар фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати бофароғати меҳнаткашон, такмилу густариш додани чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи санъаткорону ҳунармандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ корҳои мушаххас ва назаррас ба сомон расонида шуд. Дар шаҳр Қасри фарҳанг, мактаби мусиқии бачагона, осорхона ва китобхонаи оммавӣ фаъолият мебаранд.

Дар ин давра Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии кӯдакон, Рӯзи ваҳдати миллӣ, Рӯзи варзишгарон, Рӯзи кормандони соҳаи тиб, Рӯзи дониш, Рӯзи Истиқлолият, Рӯзи забони тоҷикӣ ва Рӯзи омӯзгорон, Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ таҷлил гардиданд. Ҳамчунин бахшида ба ифтитоҳи чархи якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоиҳои идона бо иштироки кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Фонди китобхонаи оммавӣ 30 ҳазору 718 китобро дар бар мегирад, ки 300 нусха китобҳо аз таъмир бароварда шуданд, инчунин китобхона бо интернет пайваст карда шудааст.Ҳамчунин бинои китобхонаи оммавии шаҳр бо маблағи 16 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуд.

Лозим ба қайд аст, ки соли равон китобхонаи шаҳрӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Чароғи ҳидоят” ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар ин давра таъмири дохили бинои Қасри фарҳанги шаҳр ба маблағи 146 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

Ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ аз ҷониби аҳолӣ 436,3 ҳазор сомонӣ ё 67,2 фоиз ва корхонаву ташкилотҳо ба маблағи 70 ҳазору 200 сомонӣ ё 28,7 фоиз ҷамъоварӣ гардидааст.

Маълумот оид батаъмини устувори экологӣ ва рушди устувор

Баҳри пешгирӣ ва бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода «Нақшаи чорабиниҳои асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар соли 2018» таҳия гардидааст.

Дар давоми моҳҳои сипаригардида дар ҳудуди шаҳр ягон ҳодисаҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аҳолии шаҳр барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор саъю талоши зиёд ба харҷ дода, корҳои ободониву созандагиро боз ҳам пурзӯр намуданд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 6490 бех ниҳолҳои ҳамешасабз, 1800 бех сафедор шинонида шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ 39 шанбегиҳои умумишаҳрӣ гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 16 ҳазору 300 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.

Дар шаҳр 28 адад нуқтаҳои партовҳои маишӣ мавҷуд буда, ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй мебошанд. Баҳри ободиву тозагии шаҳр 15 ҳазор метри кубӣ партовҳо бароварда шуд.

Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Шумораи умумии ҷавонон дар шаҳр 5 ҳазору 711 нафарро ташкил медиҳад.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватанпарастӣ, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушди иҷтимоии ҷавонон, рушди саломатии ҷавонон аз ҳадафҳои асосии мақомот дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад.

Бо мақсади дастгирии ҷавонону наврасони ятим ва дар рафти Ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Пешвои миллат-ғамхори ятимон” вохӯрии раиси шаҳр бо 14 нафар ятимон баргузор шуда ба ҳар як нафар ба маблағи 100 сомонӣ эҳдо карда шуд.

Ҳамзамон бо мақсади дастгирии ҷавонони фаъол ва илмомӯз вохӯрии раиси шаҳр бо донишҷӯён – сокинони шаҳр, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дар шаҳри Душанбе таҳсил доранд баргузор гардида, ба ҳар яки онон ба маблағи 100 сомонӣ тақдим вабарои онҳо дастурхони идона ташкил карда шуд.

Ҳамзамон дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба 35 нафар гирандагони Стипендияи раиси шаҳр ба маблағи 360 сомонӣ тақдим карда шуд.

Чанде пеш вохӯрии Раиси шаҳр бо донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Коллеҷҳои ҳудуди вилоят баргузор гардида, ба 20 нафар донишҷӯён туҳфапулӣ тақдим карда шуд.

Варзишгарони шаҳрамон дар давраи ҳисоботӣ дар 6 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 10 мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 26 ҷойи якум, 40 ҷойи дуюм ва 45 ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон дар мусобиқаи байналмилалӣ 3 нафар варзишгарон иштирок намуда, сазовори ҷойҳои 2 ҷойи дуюм гардиданд. Ҳамзамон тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр давоми соли равон бояд 10 адад майдончаҳои варзишӣ бунёд гардад. Айни замон 7 адад майдончаҳои варзишӣ ва майдони бозии кӯдакон сохта ба истифода дода шуд.

Барои рушди иҷтимоӣ, саломатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ташкили чорабиниҳои гуногун барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим дар ин давра аз буҷаи маҳаллӣ 73 ҳазору 400 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд. Аз ҷониби сарпарастон ва соҳибкорон то ин давра 25 ҳазор сомонӣ маблағ барои пешбурди соҳаи варзиш ҷалб гардиданд.

Маълумот оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ

Шаҳри Истиқлол аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ дар доманакӯҳҳои Курама ҷойгир буда, дар фасли баҳор диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд. Моҳҳои апрел-май шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои гирду атроф барои сайри лола меоянд ва баҳри истироҳати бофароғат дар табиат шароит муҳайё карда шудааст. Инчунин истироҳатгоҳи «Уқобак», ки дорои 9 га масоҳат мебошад дар ҷойи хушманзара воқеъ аст ва барои истироҳаткунандагон омода шуда, дорои 25 хонаҳои дуошёнаи тариқи аврупоӣ сохта шудааст, мебошад.

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маркази таҳсилоти иловагии шаҳр 2 маҳфили “Сайёҳони наврас” ташкил гардидааст. Ҳамзамон дар рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” саҳифаи “Як лаҳза саёҳат” ташкил карда шуда, ҳафтае як маротиба доир ба мавзеъҳои сайёҳии дохилӣ ва хориҷии кишвар маводҳо рӯи чоп меоянд.

Баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр Барномаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Истиқлол таҳия гардида, корбарӣ дар оянда тақвият дода мешавад.

Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ

Дар ин давра дар вазифаҳои роҳбарикунанда 38 нафар занҳо фаъолият намуда, дар интихоботи гузашта 8 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардиданд.

Аз 66 нафар хизматчиёни давлатӣ 24 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки 37 фоизро ташкил медиҳад ва аз ҷумла 9 нафар занон дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ фаъолият доранд. Инчунин 5 нафар дар захираи кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро тибқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ба роҳ монда, ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

Бахшида ба Рӯзи Модар ба 200 нафар занони фаъол аз корхонаву муассисаҳои шаҳр туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Бо мақсади ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ин давра ду чорабиниҳо таҳти унвони “Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Атласу адраси Суғд-2018” ташкил ва гузаронида шуда, ба ширкаткунандагони фаъол туҳфаҳо тақдиронида шуд.

Лозим ба қайд аст, ки як нафар бонӯи ҳунарманд аз шаҳр бо пешниҳоди лоиҳаи гилембофӣ сазовори Гранди Раиси вилоят гардида, инчунин як нафар дар Фестивал-озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ дар самти ресандагӣ ширкат намуда соҳиби 2 ҳазор сомонӣ гардид.

Дар доираи 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат дар оила тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр семинар-тренинги ҷумҳуриявӣ, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо бо сокинон доир карда шуд.

Маълумот оид ба ҳолати кор дар самти иттиҳодияҳои динӣ

Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 1 масҷиди ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта амал мекунад, ки онҳо аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, назорати фаъолияти онҳо дар мадди аввали назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Дар давраи ҳисоботӣ ягон нафар истиқоматкунандагони шаҳр дар хориҷи кишвар дар муассисаҳои динӣ набуда, пайравони мазҳабу ҷараёнҳои бегона ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон ҳолатҳои ба масҷид рафтани ноболиғон ба назар намерасад ва барои нарафтани онҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Имомони масҷидҳои шаҳр пайваста дар вақтҳои намозгузорӣ доир ба ваҳдату ягонагӣ ва дастгирии ятимону бепарастор ва оилаҳои камбизоат суханронӣ намуда, намозгузоронро бобати гуфтаҳои боло ҳидоят менамоянд.

Маълумот оид ба рушди соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ

Хизматрасонии молиявӣ ба аҳолии шаҳр аз ҷониби Филлиалҳои БДА “Амонатбонк”, ҶСП “Бонки байналмиллали Тоҷикистон” ва марказҳои хизматрасонии бонки “Эсхата” ва “Имонинтерншнл”пешниҳод карда мешаванд. Дар давоми нимсолаи аввали соли 2018 интиқоли пулӣ ба воситаи ин бонкҳо маблағи 33 миллиону 702 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ аз рӯи ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар давраи ҳисоботии соли 2018 12,3 миллион сомонӣ аст, ки нисбат ба соли гузашта 99,6 фоиз мебошад.

Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ ва коррупсия

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Дар ин давра дар маҷлисҳои машваратии назди раиси шаҳр бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъалаҳои гуногуни мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пардохти андоз, ӯҳдадории умумии ҳарбӣ, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷомеа аз қабили терроризм, ифротгароии динӣ, худкушӣ ва ғайраҳо муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар миқёси шаҳр миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 52 ададро ташкил медиҳад.

Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни аҳолӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи чунин корҳо буд, ки шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо дар давраи ҳисоботӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Баҳри пешгирии содиршавии ҷиноят ва қонунвайронкуниҳо аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ҳисоботӣ дар ташкилоту корхонаҳо муассисаҳои таълимӣ ва дар маҳалҳо бо аҳолӣ пай дар пай вохӯриҳо баргузор карда шуданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дар оянда низ ҷиҳати рушди соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Раиси шаҳр                   Худойназар Амонзода

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз938
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2077
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта3015
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15350
mod_vvisit_counterҲамин моҳ14018
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта59623
mod_vvisit_counterҲамагӣ513823

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.