шаблоны joomla

Матни равон
"1300 рӯзи ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
"Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Печать
PDF

Ҳисоботи раиси шаҳри Истиқлол оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2019

(0 votes, average 0 out of 5)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол давоми нимсолаи аввали соли 2019 дар ҷодаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани самти иқтисодиву иҷтимоии тамоми соҳоти мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, сатҳи зиндагии сокинон ва ҷиҳати идома додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ кӯшиш намуда истодааст.

Барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва пайванди онҳо ба самтҳои фаъолият Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурда, татбиқи амалии сиёсати пешгирифта ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ аз ҳадафҳои асосии фаъолияти мо дар ин давра маҳсуб ёфтаанд.

Ҳамзамон баъди аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷиҳати тарғиби касбу ҳунаромӯзӣ, ҷалби ҷавонон ва махсусан бонувони хонашин ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва барои дастгирии табақаи ҳунарманди ҷомеа кӯшиш ба харҷ намуда истодааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон дар натиҷаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда муяссар гардид, ки рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоии шаҳр таъмин гардад.

 

1. Маълумот оид ба таъминоти расмиёти ҳуқуқӣ ва шумораи Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр

 

Давоми марҳилаи ҳисоботӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол ҷиҳати иҷрои Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдор қабул намуда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор дод. Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси вилояти Суғд, қарор ва амрҳои раиси шаҳр бобати масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ба тавсиб расида, дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар боло зикргашта, шуъбаю бахшҳо, воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассиса ва ташкилотҳо фаъолияти худро ба роҳ монданд.

Ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” қарори раиси шаҳр аз 2-юми январи соли 2019, таҳти №27 “Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ зикр гардидаанд” ба тавсиб расида, нақшаи чорабиниҳои қарори мазкур иборат аз 26 банд таҳия гардидааст ва рафти амалишавии он дар шаҳр зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст.

Инчунин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳо ва нақшаи чорабиниҳо, ки аз сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар бармеоянд нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, ахбороти иҷрои онҳо мунтазам ба мақомотҳои болоӣ пешниҳод карда мешаванд.

Вобаста ба иҷрои иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 «Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарорҳои раиси шаҳри Истиқлол аз 20-уми марти соли 2018, таҳти №55 “Дар бораи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва аз санаи 4-уми апрели соли равон “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расида, аз рӯи «Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол оид ба корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар шаҳри Истиқлол корҳои бунёдкориву ободонӣ бомаром идома доранд.

2. Маълумот оиди ба ҷараёни иҷрои тадбирҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳаллӣ бо роҳи таъмини волоияти қонун

Аз 35 нафар вакилони интихобшуда 32 нафар вакилон аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, 2 нафар аъзои Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва як нафар ғайриҳизбӣ мебошанд. Ҳамчунин аз шумораи умумии вакилон 8 нафарашонро занон ва 4 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол маҳсуб меёбад.

Дар давоми давраи ҳисоботӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 483 адад муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардидааст, ки вобаста ба масъалаҳои баҳси манзил 206 адад, таъмири манзил ва таъмин шудан бо масолеҳи сохтмонӣ 32 адад, кӯмаки моддӣ 66 адад, гирифтани Сертификати замин 4 адад, вобаста ба замин ва баҳси он 107 адад, кӯмаки молиявӣ 1 адад, вобаста ба сохтмон 1 адад, таъмин шудан бо ҷойи кор 5 адад, таъмири роҳ 1 адад, оид ба нафақа 3 адад, сафари Ҳаҷ 8 адад, таъмин шудан ба оби нӯшокӣ ва полезӣ 5 адад ва масъалаҳои дигар 44 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 170 адад қонеъ гардонида шуда, 130 адад фаҳмонида дода шуд ва 70 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон рад карда шуд. Ҳамзамон 88 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Ҷиҳати татбиқи Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд барои солҳои 2016-2020 қарори раиси шаҳр аз санаи 30-юми декабри соли 2014,№153 “Дар бораи таҳияи Барномаи миёнамӯҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2016-2020” ба тавсиб расида, ҳадафҳои асосии он, ки аз мунтазам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр, аз он ҷумла паст кардани сатҳи фавти модару кӯдак, зиёд намудани фарогирии хонандагон ба таълим, баланд бардоштани сифати таълим, таъмин намудани баробарҳуқуқии гендерӣ дар соҳаи идоракунӣ ва шуғл ва баланд бардоштани суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ дар шаҳр мебошанд.

Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияи шаҳрӣ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъсис дода шуда, тибқи нақшаи корӣ мунтазам оиди татбиқи Қонуни мазкур корҳои фаъмонидадиҳӣ ва санҷишҳо дар корхонаву муассиса ва ташкилотҳои шаҳрӣ гузаронида мешавад.

Дар ҳамаи корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ риояи Қонуни мазкур ва муқаррароти имлои забони тоҷикӣ ба таври ҳатмӣ ба роҳ монда шудааст.

То имрӯз номи 34 кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр бо риояи меъёри забони тоҷикӣ иваз карда шуданд.

Дар панҷ муассисаҳои таълимашон ғайритоҷикӣ 53 адад синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ бо фарогирии 987 нафар хонандагон кушода шуд, ки баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусоидат менамояд. Ҳолати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зери назорати қатъӣ қарор дорад.

Лозим ба қайд аст, ки бо мақсади тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва имлои забони тоҷикӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иловатан 40 адад китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва 150 адад китоби “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ” харидорӣ карда шуда, ба шуъбаву бахшҳои мақомоти маҳаллӣ ва корхонаву муассисаҳои шаҳр дастрас карда шуд.

Баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” дар ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр ва кумитаи маҳаллаҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалӣ гардонидани Қонуни мазкур ташкил карда шуда, айни замон комиссияҳо фаъолияти худро тибқи низомнома ва нақшаи корӣ ба роҳ мондааст. Иҷрои ин санади меъёриву ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани масъулияти волидайн ва муассисаҳои таълимӣ дар таълим ва тарбияи ноболиғон мусоидат намуда истодааст.

Риояи қатъии муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст.

Дар давоми давраи ҳисоботӣ 53 маротиба вохӯрию сӯҳбатҳо оид ба танзими баргузории тӯю маъракаҳо, пешгирии ифротгарии динӣ, терроризим, худкушӣ, татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, зарари никоҳи хешу таборӣ, пешгирии шомилшавии мардум ба ҷараёнҳои ифротӣ гузаронида шуд. Дар ин вохӯриҳо гурӯҳи тарғиботчиён дар ҳайати масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, табибон ва имомхатибони масҷидҳо ва адибони шаҳр иштирок намуда, доир ба масъалаҳои дар боло зикргардида суханронӣ ва баромадҳо карданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 24 адад маъракаҳо ба қайд гирифта шуданд, ки аз онҳо 23 адад тӯйи домодиву арусӣ, 1 адад маъракаҳои чил баргузор гардиданд. Барои баргузории ҳамаи маъракаҳо 74 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст. Дар ин маъракаҳо забҳи чорвои калон ва чорвои хурд ба роҳ монда нашудааст.

Гарчанде, ки корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидадиҳӣ дар шаҳр бобати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор шуда бошанд, ҳам имрӯзҳо баъзе шаҳрвандон дидаю дониста талаботҳои Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқиро вайрон менамоянд. Дар ин давра аз ҷониби масъулини Комиссияи доимии шаҳр нисбати 1 нафар сокини шаҳр барои дағалона вайрон намудани моддаи 11 ва 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқи моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд ба ӯ 20 нишондиҳанда ба маблағи 1100 сомонӣ ҷарима таъйин карда шуд.

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 10 июли соли 2017 №344 “Дар бораи Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет” сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва почтаи электронӣ таъсис дода шудааст ва айни замон чораҳо бобати амалисозии унсурҳои “Ҳукумати электронӣ” андешида шуда истодааст.

Дар шароити кунунӣ истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ дар фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои беҳтар намудани фазои корӣ мусоидат намуда истодааст.

Лозим ба қайд аст, ки бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва дар ин замина ҷиҳати ҷобаҷогузории кадрҳо ва ба кор қабул намудани довталабон барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ тариқи озмун чораҳои муассир андешида шудааст. Давоми давраи ҳисоботӣ 1 маротиба озмун ташкил гардида, 9 нафар ба мансабҳои хизмати давлатӣ ба кор қабул гардиданд.

Ҳамзамон бо мақсади татбиқи Кодекси одоби хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Комиссияи одоби хизматчиии давлатӣ таъсис дода шуда, дар ду моҳ як маротиба ҷаласаи Комиссияи мазкур баргузор гардид ва фаъолияти мунтазами хизматчиёни давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 –юми августи соли 2013,№1504, “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” қарори раиси шаҳр аз санаи 10.04.2015,№62 “Дар бораи татбиқи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” дар шаҳри Истиқлол” ба тавсиб расида, дар асоси он Низомнома, нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шуда, ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар шаҳр таъсис дода шудааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида корбариҳо дар самти пешгирии амалҳои коррупсионӣ, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи фаъолнокии шаҳрвандон дар ҷараёни мубориза ва муқовимат бо коррупсия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон дар ин давра ду маротиба вохӯрии намояндагии Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бар зиддии коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо аҳолӣ ва роҳбарону кормандони корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ ташкил карда шудааст.

3. Маълумот оид ба иҷрои даромад ва хароҷоти буҷет

Аз аввали соли 2019 қисми даромади буҷети давлатӣ (бе ҳисоби андози иҷтимоӣ) аз рӯи нақша 6 миллиону 578 ҳазор сомонӣ ба буҷет 6 миллиону 836,2 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки 103,9 фоизро ташкил медиҳад.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳо ҷиҳати боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети маҳаллӣ нақшаи қисми даромади буҷет ба санаи 1 июли соли 2019 104,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 5 миллиону 55,9 ҳазор сомонӣ ба буҷет 5 миллиону 282,1 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд. Қисми даромад аз рӯи 7 намуди андозҳо зиёда аз 100 фоиз иҷро гардида, аз ҳамин ҷиҳат ба буҷети маҳаллӣ иловатан 226,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки барои корҳои ободониву созандагӣ ва рушди маҳал масраф мегардад.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андози иҷтимоӣ ба 96,9 фоиз иҷро гардид, ҳамчунин нақшаи ғайрибуҷетӣ 2069,3 ҳазор сомонӣ буда, ба буҷет 2 миллиону 133,2 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ба ҳолати 1-уми июли соли 2019, 103,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ба санаи 1-уми январи соли 2019 бақияпулиҳои андози солҳои пешина ба маблағи 859,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки то имрӯз ба маблағи 41,5 ҳазор сомонӣ кам гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ бошад, аз рӯи нақша 7 миллиону 302,2 ҳазор сомонӣ буда, ба маблағи 7миллиону 294,8 ҳазор сомонӣ, ё ин ки баробари 99,9 фоиз нисбат ба нақша иҷро гардида. Аз он бахшҳои ҳифзи ҳуқуқ, суғуртаи иҷтимоӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ба 100 фоиз, бахшҳои идоракунии ҳокимияти давлатӣ, маориф ва тандурустӣ ба 99,9 фоиз, бахши фарҳанг ба 99,8 ва бахши кишоварзӣ 99,6 фоиз иҷро карда шуд. Қарз аз пардохтҳои бандҳои ҳимояшавандаи хароҷот дар шаҳр вуҷуд надорад.

4. Маълумот оид ба таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ (бандҳои 18,20 паём)

Дар шаҳр шумораи соҳибкорони воқеӣ 232 нафар (занон зиёда аз 32,7 фоиз) буда, аз ин шумора 46 нафар соҳибкорон дар асоси “Шаҳодатнома” ва 186 нафар дар асоси патент фаъолият мебаранд.

Барои соли 2019 дар шаҳр 8 лоиҳаи инвеститсионӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки айни замон 7 адад чунин лоиҳаҳо фаъолият намуда истодаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 5 ҳазор доллари амрикоӣ сармояи хориҷӣ ва 2 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сармояи дохилӣ ҷалб карда шудааст.

Бо мақсади беҳтар гардидани фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ дар маҷмуъ ба маблағи 556,5 ҳазор сомонӣ аз бонкҳои дар шаҳр мавҷудбуда 64 нафар соҳибкорон қарз гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2018 35,6 фоиз зиёд гардид.

5. Маълумот оид ба рушди соҳаи саноат

Сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саноатчиён диққати асосиро барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби мутахассисон ба кор, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби бештари сармоягузорӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи иқтидорҳои бозистода равона намуданд.

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ бошад дар ин давра дар шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ зиёда аз 16 миллиону 468 ҳазор сомонӣ расида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 115 фоизро ташкил дод. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ (4 адад) ба маблағи 11 миллиону 311,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, афзоиши ҳаҷми истеҳсолотро нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба 118,1 фоиз баланд бардоштанд. Дар шаҳр корхонаҳои аз фаъолият бозмонда мавҷуд намебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 2 коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ бо таъмини 10 ҷойи кор таъсис дода шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 3 миллиону 192,4 ҳазор сомонӣ аз тарафи сектори хусусӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 114,5 маротиба зиёдтар мебошад.

6. Маълумот оид ба рушди энергетика (банди 10 паём)

Ҳаҷми барқи қабулшуда 8583,6 ҳазор кВт/соат буда, аз он 7239,9 ҳазор кВт/соат фоиданок истифода шуда, фоизи талафоти барқ 84,3 мебошад.

Ба санаи 1 июли соли 2019 дар шаҳр 2 ҳазору 355 адад ҳисобкунакҳои электронӣ насб карда шудааст, ки нисбати соли 2018 101 адад зиёд мебошад.

Идораи шабакаҳои барқ баҳри интиқоли бемайлони қувваи барқ, пардохти маблағи ҳаққи истифодаи он кӯшиш ба харҷ дод. Баҳри баланд бардоштани нишондиҳандаҳо ҷиҳати пардохти ҳаққи истифодаи қувваи барқ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ситоди доимоамалкунанда ташкил гардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳр пардохти истифодаи қувваи барқ 93,1 фоизро ташкил дода, аз тарафи аҳолӣ бошад 103,4 фоиз пардохт гардидааст. Бақияи қарзи истифодаи барқ ба санаи 1 июли соли 2019 1 миллиону 321,4 ҳазор сомониро ташкил дод.

7. Маълумот оид ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат (банди 3,10 паём)

Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол заминҳои кишоварзӣ мавҷуд намебошанд. Гарчанде соҳаи кишоварзӣ дар шаҳр вуҷуд надошта бошад ҳам, бобати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои шаҳр корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни сокинони шаҳр ба роҳ монда шуданд. Дар шаҳр хоҷагии деҳқонӣ ва фермерӣ вуҷуд надорад. Айни замон шахсоне, ки қитъаи замини наздиҳавлигӣ доранд бо истеҳсол ва қисман фурӯши маҳсулоти хоҷагии деҳқонӣ машғуланд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 521,8 ҳазор сомонӣ, ки нисбат ба ин давраи соли 2018 103,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 4 маротиба ярмаркаи фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ дар шаҳр ташкил гардид, ки аз тарафи кишоварзони ноҳияҳои Ашту Мастчоҳ маҳсулотҳои ниёзи мардум бо нархҳои нисбатан арзон дастраси сокинон гардонида шуд.

8. Маълумот оид ба рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми октябри соли 2014 таҳти №682 нақшаи генералии шаҳри Истиқлол тасдиқ гардида, дар доираи он давоми давраи сипаригардида қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҷудо карда шудааст. Дар маҳалҳои аҳолинишин бошад 13 адад хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 2008 метри мураббаъ сохта шудаанд.

Бо мақсади дастгирии оилаҳои шаҳри Истиқлол, ки ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд бо қарори раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 109 нафар шаҳрвандон бо қитъаи замини назди ҳавлигӣ аз шаҳраки Сайҳун таъмин карда шуд.

Дар давоми сол фондҳои асосӣ ба маблағи 1934 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол иборат аз 100 банд доир ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ ва сохтмонӣ барои солҳои 2018-2021 таҳия гардида, мувофиқи он корбарӣ дар самти бунёд ва таъмири иншоотҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, ва анҷом додани корҳои дигари созандагӣ, аз ҷумла боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгаштҳо, толору майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон, таъсиси марказҳои хизматрасонӣ идома дорад.

9. Маълумот оид ба рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар шаҳр роҳҳои маҳаллӣ 64 км-ро ташкил дода, дар тавозуни КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” қарор дорад. Дар давраи ҳисоботӣ аз 6 км, ки ба нақша гирифта шуда буд ҳамагӣ ба масоҳати 5,4 километр (90 фоиз) роҳҳо ба маблағи 115 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим карда шудаанд.

Аз аввали соли 2019 ҳаҷми боркашонӣ дар шаҳр 11,2 ҳазор тоннаро ташкид дод, ки нисбат соли гузашта 105,4 фоиз мебошад.

10. Маълумот оид ба рушди соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Рӯзномаву маҷалла, телевизион ва радио яке аз воситаҳое мебошанд, ки дар тарғиби сиёсати давлат мусоидат менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” ҳафтае як маротиба ба нашр расид, ки дар он маводу мақолаҳо оиди масъалаҳои рӯзмарра, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии мамлакат ва чорабиниҳои ҷашниву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ рӯи чоп омаданд.

Масъалаи пахши барномаҳои телевизион ва радио дар шаҳр қаноатбахш буда, мардум аз пахши барномаи телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикистон” 100 фоиз, «Ҷаҳоннамо» 100 фоиз, “Сафина” 100 фоиз ва телевизиони вилояти Суғд 10,7 фоиз ва барномаҳои якуми радио 80 фоиз, барномаҳои сеюми радио 50 фоиз, барномаҳои радиои «Фарҳанг» 50 фоиз, барномаҳои радиои Суғд 100 фоиз истифода мебаранд.

Дар шаҳр ду нуқтаҳои телефонӣ аз ҷумла, нуқтаҳои телефонии “Тссел” ва нуқтаҳои телефонии “Тоҷиктелеком” фаъолият менамоянд.

Ба ҳолати 1-уми июли соли 2019 1080 телефонҳои корӣ ва хонагӣ мавҷуд буда, 94 адад нуқтаҳои шабакаҳои интернетӣ тариқи нуқтаҳои телефонии “Тоҷиктелеком” ва 8,3 ҳазор нафар истифодабарандагони алоқаи сотӣ ба қайд гирифта шудааст.

11. Маълумот оид ба вусъати шуғли пурмаҳсул

Дастгирии мақсадноки аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Масъалаи мубрами рӯз ин вуҷуд доштани ҷойҳои холии корӣ, нарасидани мутахассисон ва бекорӣ дар байни аҳолӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 156 нафар аз ҷумла 67 нафар занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Баҳри ҳарчи бештар фаро гирифтани сокинон бо ҷойи кори доимӣ дар се моҳи аввали соли 2019 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки аз ҷониби корхонаву муассисаҳои шаҳр дар ҳар як ярмарка зиёда аз 90 адад ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карда шуда, тавассути ярмарка 40 нафар корҷӯён бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин гаштанд.

Инчунин аз ҳисоби шаҳрвандони корҷӯянда ва бекор 80 нафар ба тариқи роҳхати бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзонӣ ба ихтисосҳои адрасбофӣ ва дӯзандагӣ ҷалб карда шуданд.

Шумораи расман ҳамчун бекор ба қайд гирифташуда дар шаҳр 122 нафарро (77 нафар занҳо) ташкил медиҳанд.

Музди миёнаи меҳнат айни замон 977,6 сомониро ташкил дода, ба ҳолати 1-уми июли соли 2019 қарзи музди маош дар шаҳр вуҷуд надорад.

Дар давраи ҳисоботӣ 742 нафар сокинони шаҳр (аз ҷумла занон 246 нафар) аз муҳоҷират баргашта, 516 нафар (аз ҷумла 161 нафар занон) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанд. 224 нафар нисбати ҳамин давра зиёд рафтанд.

Айни замон дар шаҳр 86 нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой барои фаъолият дар ҶДММ Ширкати идораи Минтақаи саноати кӯҳии “Тоҷикистону Хитой” ва 1 нафар аз Бритониёи Кабир ба ҳайси роҳбари ҶДММ “Нуқрафом” кору фаъолият доранд.

Дар ҳудуди шаҳр муҳоҷирони дохилии экологӣ ба қайд гирифта нашудааст.

12. Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (маориф)

Дар ҳудуди шаҳр 6 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи томактабӣ, 1 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 1 литсейи касбии техникӣ фаъолият дошта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 2596 нафар хонандагон таълим мегиранд, ки аз онҳо 1255 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар маркази таҳсилоти иловагӣ 419 нафар хонандагон ба 12 маҳфилҳои гуногун ҷалб гаштаанд.

Дар шаҳр айни замон 2 муассисаи таҳсилоти томактабӣ 13 нафар мураббиён ба тарбияи 301 нафар кўдак машғул мебошанд.

Дар шаҳр ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Муассисаҳои таълимии шаҳр пурра ба омӯзгорон таъмин мебошанд.

Ҳамаи муассисаҳо аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, иҷроиши барномаҳои соҳавӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.

Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро гардида, ба 6 нафар хонанда 1 компютер рост меояд. Ҳамзамон ҷиҳати иҷрои барномаи компутеркунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 23 адад компутер бо харҷи 60 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд.

Давоми давраи ҳисоботӣ 107 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд, ки 70,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ба даври ҷумҳуриявии озмуни довталабони квотаи Президентӣ 37 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр роҳхат гирифтанд, ки аз онҳо 10 нафарашон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул гардиданд.

Дар ҳафт маҳфили маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳр 106 нафар хонандагони боистеъдод фаро гирифта шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ сатҳи дониши хонандагони макотиби шаҳр ба ҳисоби миёна 3,3 балро ташкил дод.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон ва беҳтар гардонидани шароити зиндагонии онҳо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва манзилҳои истиқоматӣ дода мешаванд. Ва ҳамзамон дар чорабиниҳои ҷашнӣ омӯзгорони ҷавон ҳавасманд карда мешаванд.

Дар ин давра 17 нафар омӯзгорони мактабҳои шаҳр ба курсҳои такмили ихтисос фиристонида шуда, донишу малакаи худро баланд гардониданд, ки 94 фоизи нақшаи нимсоларо ташкил медиҳад.

Фаъолияти комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дар муассисаҳои таълимӣ оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд” зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, аз ҷониби аъзоёни комиссияҳои ҷамъиятӣ ба таври ҳамешагӣ вохӯриҳо бо хонандагон ва волидайни онон ташкил гардида, дар рӯзномаи маҳаллии "Навиди Истиқлол" маводу мақолаҳо доир ба таълиму тарбияи хонандагон ва ҷалби онон ба ҳаёти солим рӯи чоп омаданд.

Ҳамаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо сару либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ таъмин мебошанд. Дар соҳаи маориф ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ назорат пурзӯр карда шудааст.

Бо мақсади боло бурдани сатҳу сифати омӯзиши илмҳои муосир ва забони хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода шудааст. Натиҷаи чунин корҳо буд, ки дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ 5 нафар хонандагони синфҳои 9-10 ҷойҳои сеюмро ишғол намуданд.

Ду хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар озмуни байналмилалӣ аз фанни математика ширкат варзида, сазовори ҷойи якум, медали тилло ва сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамзамон 3 нафар хонандаи литсейи касбии техникии шаҳр дар даври вилоятии озмуни фаннӣ байни чунин муассисаҳо ширкат варзида, сазовори ҷойи якум гардиданд ва дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, яке аз онон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра ва ду нафари дигар сазовори ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардиданд.

13. Маълумот оид ба рушди сармояи инсонӣ (тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ)

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъалаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ҳамчун самти афзалиятнок диққати махсус медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ ба густариши минбаъдаи ин соҳа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои дар амал татбиқ намудани барномаҳои милливу соҳавии қабулгардида ва ислоҳоти соҳаи тандурустӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.

Хизматрасонии тиббию санитариро ба аҳолии шаҳр беморхонаи марказии шаҳр, маркази саломатии шаҳрӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мерасонанд. Хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитариро ба аҳолии шаҳр маркази саломатӣ ва маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил мерасонад. Маркази саломатӣ барои қабули 750 бемор дар як баст пешбинӣ карда шудааст. Дар назди маркази саломатӣ як нуқтаи тиббӣ дар маҳаллаи Табошари кӯҳна, шӯъбаи дандонпизишкӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ, ҳуҷраҳои солимии репродуктивӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигар ҳуҷраҳои мутобиқшуда фаъолият мебаранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳр 110 нафар кӯдаки зиндатаввалудшуда ба қайд гирифта шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 6 адад зиёд мебошад. Нишондиҳандаи таваллуд ба 1000 нафар аҳолӣ 6,7 мебошад, ки нисбати соли 2018 ба 0,3 нишондиҳанда зиёд шудааст. Дар ин давра ҳодисаи фавти кӯдаки то 1-сола 1 нафар ба қайд гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо сабабҳои беморӣ ва дигар ҳодисаҳо 36 нафар аз қайди ҳаёт гузаштанд. Нишондиҳандаи фавт ба 1000 аҳолӣ 2,1 мебошад. Ҳамин тариқ афзоиши табии аҳолӣ дар ин давра ба 4,6 баробар мебошад. Фавти модар ба қайд гирифта нашудааст.

Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр 29 нафар духтурон ва 107 нафар ҳамшираҳои тиб фаъолият мебаранд. Таъминоти аҳолӣ ба 10000 нафар аҳолӣ бо духтурон ба 17,5 ва бо ҳамшираҳои тиб ба 65 баробар мебошад. Аз моҳи майи соли 2017 тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2017, № 90 «Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», қарори Раиси вилояти Суғд аз 17.03.2017 сол, №128 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 дар вилояти Суғд», қарори Раиси шаҳр аз 11.04.2017 сол, №89 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019 дар шаҳри Истиқлол” ба тавсиб расида, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ба Барномаи кафолатҳои давлатӣ ворид карда шуд.

Баҳри иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 сентябри соли 2016, №690 «Оид ба татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 2016, №374 «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда» корҳои муайян ба сомон расонида шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 68 нафар никоҳшавандагон аз муоинаи тиббии ройгон гузаронида шуданд. Тибқи фармоиши мазкур ниқоҳшавандагон аз флюрографияи қафаси сина, таҳлили хуну пешоб, таҳлили хун барои RW, ВНМО, гепатитҳо бо тестҳои оҷилӣ ва аз муоинаи табиби оилавӣ мегузаранд. Ҳангоми гузаронидани муоина бемориҳои сироятӣ ва бемории внмо, бемориҳои музмин ва бо роҳи ҷинсӣ гузаранда дарёфт карда нашудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳуҷраи солимии репродуктивӣ 249 (соли 2018- 234) ҳомиладорон ба қайд гирифта шуда, аз онҳо 231 (2018- 218 нафарашон то 12 ҳафтаи ҳомиладорӣ аввалин маротиба ташриф овардааанд, ки 93 (2018-93) фисадро ташкил менамояд. 109 ҳомиладорон дар мӯҳлат ва 1 нафарашон исқоти ҳамл карданд. Аз шумораи умумии ҳомиладорон 252 (2018-230) нафарашон таҳлили RW 100 % (2018-98%), 252 нафарашон як маротиба 100 % ва 127 нафарашон ду маротиба таҳлили СПИД-ро гузаштанд. Таҳлилҳо ба тариқи ройгон гузаронида шудааст. Тестҳои оҷилӣ аз тарафи МСРВ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва махсуси Маркази саломатӣ харидорӣ карда шуда истодааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бемориҳои махсусан хавфноки сироятии домана, исҳоли хунин, вараҷа, сухтанӣ ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин давра 8 ҳодисаи захмбардорӣ аз ҳайвонот ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон дар шаҳр 9 нафар беморони ВНМО таҳти назорати доимӣ қарор доранд.

Мушкилоти соҳа ин нарасидани табибони тибби оилавӣ, сироятшинос, рентгенолог, нарколог, духтур-озмоишгар, ҷарроҳ, стоматолог ва равоншинос мебошад, ки корбарӣ идома дорад.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016, таҳти №155 “Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” қарори раиси шаҳр аз санаи 3-юми марти соли 2017 таҳти №55 “Дар бораи Барномаи милли тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020” ба тавсиб расид, ки тибқи он корбарӣ мунтазам идома дорад.

Шумораи маъюбон дар шаҳр 233 нафар буда, аз ин шумора маъюбони то синни 18 сола 35 нафар мебошанд.

Дар шаҳр шумораи оилаҳои камбизоат (207), ки дар онҳо 580 нафар истиқомат дорад.

Дар шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Истиқлол 1056 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд. Андозаи нафақаи миёна аз рӯи ҳисоботи оморӣ 277,1 сомониро ташкил медиҳад.

Талаботи нафақа бошад, дар давраи ҳисоботӣ 1 миллиону 842 ҳазору 282 сомониро ташкил медиҳад, ки он пурра пардохт гардидааст.

Дар шаҳр ба ҳукми анъана даромадааст, ки дар арафаи идҳои милливу касбӣ ва санаҳои таърихӣ аз шароити зисту зиндагонии собиқадорони ҷангу меҳнат, шахсони яккаву танҳо, барҷомондагон, кӯҳансолон ва маъюбон дидан намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида мешавад.

Дар умум давоми давраи ҳисоботӣ оилаҳое, ки фарзанд ва ё саробонашонро дар барқароркунии сохти конститутсионӣ гум кардаанд, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар, маъюбони гурӯҳи 1, маъюбони то синни ҳаждаҳсола, собиқадорони меҳнат, оилаҳои камбизоат ва камбизоаттарин, оилаҳои ду ва зиёда маъюбдошта ва дигар шахсони эҳтиёҷманд аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаву муассиса ва шахсони алоҳида 473 нафар аёдат карда шуда, ба ҳар яке кӯмаки моддӣ ба тариқи маводи хӯрока ва кӯмакпулӣ ба маблағи 59 ҳазору 0,61 сомонӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин ба 59 нафар шахсони эҳтиёҷманд аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба маблағи 4 ҳазору 250 сомонӣ кӯмаки яквақтаина дода шуд.

14. Маълумот оид ба вазъи соҳаи фарҳанг

Дар ҷодаи фарҳанг низ барои ҳарчӣ бештар фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати бофароғати меҳнаткашон, такмилу густариш додани чорабиниҳои оммавию сиёсӣ ва иштироки фаъолонаи санъаткорону ҳунармандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ корҳои мушаххас ва назаррас ба сомон расонида шуд. Дар шаҳр Қасри фарҳанг, мактаби мусиқии бачагона, осорхона ва китобхонаи оммавӣ фаъолият мебаранд. Ҳамчунин барои фароғати сокинон дар шаҳр боғи фароғатию фарҳангии ба номи Исмоили Сомонӣ, майдони Парчами давлатӣ, гулгашти ба номи Бобоҷон Ғафуров, майдони Нишони давлатӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар ин давра Ҷашни Сада, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Рӯзи матбуот, Рӯзи зиёиён, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи ҷавонон, Рӯзи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дигар иду ҷашнҳои миллӣ ва касбӣ дар сатҳи баланди фарҳангиву сиёсӣ таҷлил гардиданд.

Фонди китобхонаи оммавӣ 30 ҳазору 751 китобро дар бар мегирад, ки 300 нусха китобҳо аз таъмир бароварда шуданд, инчунин китобхона бо интернет пайваст карда шудааст.

Дар ин давра дар бинои мактаби мусиқии бачагонаи шаҳр системаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст карда шуд. Айни замон беруни бинои Қасри фарҳанги шаҳр бо харҷи 205 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуда истодааст.

Бо мақсади дарёфти чеҳраҳои нав ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” баргузор карда шуда, фаъолони озмун ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Мушкилоти ҷойдошта ин ниёз доштани мактаби мусиқии бачагона ба омӯзгорони мусиқии миллӣ ва дастгоҳи мусиқӣ мебошад.

15. Маълумот оид ба таъмини аҳолӣ бо оби тоза, беҳдошт ва дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ

Айни замон дар шаҳр Лоиҳаи инвеститсионии хориҷии «Баланд бардоштани системаи обтаъминкунӣ дар шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон» амал мекунад ва тибқи он бо мақсади беҳтар гардонидани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ корҳои назаррас анҷом дода шуда, айни замон хонаҳои баландошёна низ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шуданд.

Ҳамзамон сохтмони бинои нави маъмурӣ барои Идораи обу ташноби шаҳр оғоз гардида, корҳои бунёдӣ бо маром идома доранд.

Дар ин давра ҳолати ҷамъоварии маблағҳои истифодаи ҳаққи об 231,7 ҳазор (77,8 фоиз) сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 129,6 ҳазор сомонӣ (64,3 фоиз) аз ҷониби аҳолӣ пардохт гардидааст.

Ҷамъоварии маблағи ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ аз ҷониби аҳолӣ 55,5 фоиз ва корхонаву ташкилотҳо ба 113,7 фоиз ҷамъоварӣ гардидааст.

Дар шаҳр чор нуқтаи ҷамъоварии лампаҳои симобдор мавҷуд буда, давоми давраи сипаригардида ба миқдори 185 дона лампаҳои корношоям ҷамъоварӣ карда шудааст.

16. Маълумот оид ба таъмини устувори экологӣ ва рушди устувор

Баҳри пешгирӣ ва бартарафкунии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода «Нақшаи чорабиниҳои асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, огоҳонидан ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар соли 2019» таҳия гардидааст.

Дар давоми давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳр ягон ҳодисаҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта нашудааст.

Дар миқёси шаҳр 11 адад паноҳгоҳ, 3 адад паноҳгоҳи зиддирадиатсионӣ вуҷуд доранд, ки 6 адади он таъмир карда шудааст.

Барои беҳтаргардонии фаъолияти Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Истиқлол ва рафъи ҳолатҳои фавқулода 22 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ аҳолии шаҳр барои ободу зебо гардонидани гӯшаву канор саъю талоши зиёд ба харҷ дода, корҳои ободониву созандагиро боз ҳам пурзӯр намуданд.

Дар ин давра дар ҳудуди шаҳр 4000 бех дарахтони сояафкан ва ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд. Дар кӯчаҳои марказӣ, назди бинои корхонаю муассисаҳо ва боғҳои фароғатӣ гулҳои гуногун шинонида шуданд, ки ба ҳусни шаҳр таровати хоссаеро ворид намуд.

Дар шаҳр 28 адад нуқтаҳои партовҳои маишӣ мавҷуд буда, ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯй мебошанд. Баҳри ободиву тозагии шаҳр 3 ҳазору 800 метри кубӣ партовҳо бароварда шуд.

Дар ин давра ба масофаи 1,3 км қубурҳои оби нӯшокӣ таъмир ва ба масофаи 1,2 км хати нави об кашида шуд.

17. Маълумот оид ба соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш

Шумораи умумии ҷавонон дар шаҳр 5 ҳазору 711 нафарро ташкил медиҳад.

Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, тарбияи ватанпарастӣ, рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ, рушди иҷтимоии ҷавонон, рушди саломатии ҷавонон аз ҳадафҳои асосии мақомот дар соҳаи ҷавонон ва варзиш ба ҳисоб меравад.

Лозим ба қайд аст, ки даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хуб ба роҳ монда шуда, давоми якчанд соли охир нақшаи даъват дар ду давра пурра иҷро карда мешавад.

Дар ҳудуди шаҳр 69 иншооти варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 55 майдончаи варзишӣ, 10 толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 12 нафар мураббӣ ва 405 нафар машқварзон (55 нафар бонувон) фаъолият доранд.

Варзишгарони шаҳрамон дар давраи ҳисоботӣ дар 4 мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва 12 мусобиқаи вилоятӣ иштирок намуда, сазовори 153 ҷойи якум, 129 ҷойи дуюм ва 135 ҷойи сеюм гардиданд.

Барои рушди иҷтимоӣ, саломатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ташкили чорабиниҳои гуногун барои ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим дар ин давра аз буҷети маҳаллӣ ва сарпарастон 52 ҳазору 370 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Мушкилот дар соҳаи ҷавонон ва варзиш он аст, ки дар мактаби варзишӣ 12 нафар мураббӣ фаъолият мебаранд, ки аз онҳо танҳо 4 нафар дорои маълумоти олии махсуси варзишӣ мебошанд.

18. Маълумот оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ

Шаҳри Истиқлол аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ дар доманакӯҳҳои Курама ҷойгир буда, дар фасли баҳор диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамояд.

Дар давраи ҳисоботии соли равон дар шаҳр ҳамагӣ 92 сайёҳон ташриф оварданд, ки аз онҳо 12 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд.

Мушкилоти соҳаи ин мавҷуд набудани ширкатҳои сайёҳӣ дар шаҳр мебошад.

19. Маълумот оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолияти худро тибқи Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020 ба роҳ монда, ҷиҳати густариши фаъолияти бонувон, саҳми онҳо дар рушди ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи занон ва тақвияти мақому маърифати онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

Дар ин давра дар вазифаҳои роҳбарикунанда 38 нафар занҳо фаъолият намуда, дар интихоботи гузашта 8 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардида, дар соҳаи хизмати давлатӣ бошад 9 нафар кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занҳо мебошанд. Аз 66 нафар хизматчиёни давлатӣ бошад 30 нафарашонро занон ташкил медиҳад.

Бо мақсади дастгирии занону бонувони болаёқат бахшида ба Рӯзи Модар ба 200 нафар занони фаъол аз корхонаву муассисаҳои шаҳр туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки бахши кор бо занон ва оила ин пешгирии падидаҳои номатлуб байни ҷомеа, алалхусус байни занону духтарон мебошад. Дар ин самт 53 вохӯрию мулоқот байни аҳолӣ доир карда шуда, байни занони миллатҳои гуногуни шаҳр оиди мустаҳкам намудани дӯстӣ ва гиромидошти урфу одатҳо, риояи либоси миллӣ ва расму оинҳои миллатҳои гуногун гузаронида шуд.

Бо мақсади ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ ва тарзи ҳаёти солим дар ин давра озмунҳои “Чакомаи гесӯ” , “Атласу адраси Суғд-2019” ва “Кадбонуи беҳтарин” ташкил ва гузаронида шуда, ба иштирокчиёни фаъол диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон дар озмуни вилоятии “Кадбонуи беҳтарин” сокини шаҳр ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм ва туҳфапулии Раиси вилоят гардид. Ҳамзамон дар озмуни вилоятии “Атласу адраси Суғд-2019” яке аз бонувони фаъоли шаҳр ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм ва туҳфапулӣ гардид.

Инчунин 5 нафар дар захираи кадрҳои роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор доранд.

Дар соли равон дар масъалаи тарғиби тарзи ҳаёти солим корбарӣ ҷоннок карда шуд, ки дар натиҷа ҷудошавии оилаҳо нисбати соли гузашта дар як сатҳ қарор дорад.

20. Маълумот оид ба ҳолати кор дар самти иттиҳодияҳои динӣ

Дар ҳудуди шаҳри Истиқлол 1 масҷиди ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта амал мекунад, ки онҳо аз қайди давлатӣ гузаронида шуда, назорати фаъолияти онҳо дар мадди аввали назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.

Бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав пайваста корҳои фаҳмонидадиҳӣ ташкил ва гузаронида шуда истодааст. Ҳамзамон дар рӯзномаи маҳаллии “Навиди Истиқлол” ва сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр пайваста маводу мақолаҳои оид ба хатари терроризм, экстремизм, тундгароӣ ва пешгирии шомилшавии сокинон рӯи чоп омаданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ягон нафар истиқоматкунандагони шаҳр дар хориҷи кишвар дар муассисаҳои динии давлатҳои хориҷӣ набуда, пайравони мазҳабу ҷараёнҳои бегона ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон ҳолатҳои ба масҷид рафтани ноболиғон ба назар намерасад ва барои нарафтани онҳо дар якҷоягӣ бо сохторҳои дахлдор чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Имомони масҷидҳои шаҳр пайваста дар вақтҳои намозгузорӣ доир ба ваҳдату ягонагӣ ва дастгирии ятимону бепарастор ва оилаҳои камбизоат суханронӣ намуда, намозгузоронро бобати гуфтаҳои боло ҳидоят менамоянд.

Лозим ба қайд аст, ки тибқи нақша аз ҷониби фаъолони шаҳр ҷиҳати баргардонидани сокинони шаҳр, ки дар муҳорибаҳои мусаллаҳона дар кишварҳои арабӣ қарор доранд корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо хешу ақрабои онон идома ёфта истодааст.

21. Маълумот оид ба рушди соҳаи хизматрасониҳои пулакӣ

Хизматрасонии молиявӣ ба аҳолии шаҳр аз ҷониби Филлиалҳои БДА “Амонатбонк”, ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва марказҳои хизматрасонии бонки “Эсхата” ва “Имонинтерншнл” пешниҳод карда мешаванд. Ҳаҷми қарзҳои додашуда, ба аҳолӣ ба маблағи 3 милиону 640,8 ҳазор сомонӣ ба муҳлати миёна 15 моҳҳо ва фоизи миёнаи қарзҳо 29 фоиз дода шудааст.

Аз аввали соли 2019 интиқоли пулӣ ба воситаи ин бонкҳо маблағи 28,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ин давраи соли гузашта ба 1,5 маротиба зиёд мебошад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ аз рӯи ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ дар давраи ҳисоботии соли 2019 7,3 миллион сомонӣ аст, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 100,7 фоиз мебошад. Ғайр аз ин ҳаҷми хизматрасонии тарабхонаҳо ва ошхонаҳо 0,8 милион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои мукоисавӣ 122,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар шаҳри Истиқлол хизматрасонии алоқа аз тарафи ҶСК “Тоҷиктелеком”, ки дар ҳудуди шаҳр минтақаи истифодабарӣ доранд ба роҳ монда мешавад. Ғайр аз ин хизматрасонии алоқаи мобилӣ аз ҷониби ширкатҳои “Тсел”, “Мегафон”, “Биллайн” ва ғайра пешниҳод карда мешаванд.

Бо ин сабаб ҳисоби ҳаҷми хизматрасонии алоқа дар алоҳидагӣ дар шаҳр ба роҳ монда намешавад.

22. Маълумот оид ба пешгирии ҳолатҳои ҷиноятӣ

Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Дар ин давра дар маҷлисҳои машваратии назди раиси шаҳр бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъалаҳои гуногуни мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пардохти андоз, ӯҳдадории умумии ҳарбӣ, рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳодисаҳои номатлуб дар байни ҷомеа аз қабили терроризм, ифротгароии динӣ, худкушӣ ва ғайраҳо муҳокима шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ нишон медиҳад, ки дар миқёси шаҳр миқдори умумии ҷиноятҳои содиршуда (дар алоҳидагӣ намуди онҳо) дар давраи ҳисоботӣ ҳамагӣ 24 (соли 2018 35 адад) ададро ташкил дода, фоизи ошкоршавии онҳо 91,30 фоиз (соли 2018-93,94 фоиз)-ро ташкил медиҳад.

Дар ин давра 2 ҳолати худкушӣ ва суиқасд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта низ 2 ададро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби ноболиғон бошад 3 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва тундрав ба таври ҳамешагӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ байни аҳолӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ба роҳ монда шудааст. Натиҷаи чунин корҳо буд, ки шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо дар давраи ҳисоботӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Баҳри пешгирии содиршавии ҷиноят ва қонунвайронкуниҳо аз тарафи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар якҷоягӣ бо роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ дар давраи ҳисоботӣ дар ташкилоту корхонаҳо муассисаҳои таълимӣ ва дар маҳалҳо бо аҳолӣ пай дар пай вохӯриҳо баргузор карда шуданд.

23. Маълумот оид ба иҷрои вазифаҳои нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Давоми давраи ҳисоботӣ аз рӯи 14 адад нақшаи чорабиниҳо, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардидааст ва корбарӣ идома дорад. Баҳри иҷрои масъалаҳое, ки дар нақша чорабиниҳо зикр гаштаанд, чораҳои мушаххас андешида шуда, корҳои назоратӣ ба роҳ монда шуд. Дар асоси ҳамаи нақшаи чорабиниҳо, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ тартиб дода шуда, аз рӯи он корбарии ҳамаи шуъбаву бахшҳо, сохторҳо ва корхонаву муассисаҳо ба роҳ монда шуда, ахбороту маълумотнома дар мӯҳлатҳои муайяншуда омода гардида, ба мақомоти болоӣ ирсол мешаванд.

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз861
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2077
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2938
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15350
mod_vvisit_counterҲамин моҳ13941
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта59623
mod_vvisit_counterҲамагӣ513746

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.