Баромади Абдуқодирзода дар Истамбул
Дар Донишгоҳи Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид.
Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.
МУРОЉИАТНОМАИ Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи имомии исмоилї ба сокинони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон
Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи имомии исмоилї ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва сиёсати инсондўстонаву эътимоди баланди Роњбари давлат ба њама љараёнњои динию мазњабї ба роњ монда, ибтикороти созандагии онро пайваста пўштибонї мекунад. Мањз бо шарофати Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон пайравони тариќати исмоилї дар Тољикистон имкон пайдо карданд, ки ба дидори Рањбари руҳонии худ Волоњазрат Шоњ Карим ал-Њусайнї Оѓохони IV расанд. Эътиќоду эътимоди ин ду шахсияти бузурги таърихї ба мо, мардуми тољики исмоилмазњаб, имкон дод, ки дар муддати 27 соли соњибистиќлолї зодгоњи худ Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшонро аз он рўзњои шум ва фољиабори солҳои 90-ум оњиста-оњиста барорем ва ба ин рўзњои нек расонем.
Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ»
Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком ба табаддулоти давлатӣ»
Чунонки маълум аст, дар шаҳри Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини авали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конфронси мазкур инчунин теъдоди зиёди донишҷӯён, аспирантҳо, устодон аз факултаҳои илоҳиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва дигар бахшҳои Донишгоҳи Истанбул ширкат варзиданд. Иштирокдорони Конфронс аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия ва Турманистон иборат буданд.
Дар ҷараёни Конфронс ректори яке аз донишгоҳҳои бузуртарини Туркия- Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак дар мавриди хатари ташкилоти террористии наҳзат изҳори назар намуд. Дар аввали суханрониаш профессор Маҳмут Ак аз суханони Саидмукаррам Абдулқодирзода пурра ҷонибдорӣ намуда, миннатдориашро ҷиҳати огоҳ намудани донишҷӯён ва роҳбарияти Донишгоҳ аз амалҳои душманонаи наҳзат изҳор дошт. Инчунин профессор зикр намуд, ки ӯ низ хатмкардаи бахши илоҳиёт буда, оид ба суиистифодаи созмонҳои террористӣ аз номи Ислом пурра маълумот дорад.
Дар ин росто ректори Донишгоҳ иброз намуд, ки мутаассифона, созмонҳо ва ташкилотҳои террористии наҳзат ва ФЕТО аз номи Ислом суиистифода намуда, мехоҳанд ба мақсадҳои нопокихуд расанд.
Ҳамин тартиб, профессор Маҳмут Ак зикр намуд, ки ҳизби ба ном исломии наҳзат чеҳраи воқеияшро аллакай дар солҳои 1992-1997 нишон дода буд. Дар муддати панҷ сол теъдоди зиёди шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пайравони ин ҳизб ба қатл расиданд.
Ректори Донишгоҳи Истанбул инчунин зикр намуд, ки аъзои наҳзат бо кумаки бевоситаи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарсону саргардон карданд.
Маҳмут Ак таъкид кард, ки амалҳои душманонаи аъзои наҳзат вазъи амният ва истиқлолияти тоза бадастомадаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол бурданд. Ҳамин тартиб, ректори Донишгоҳ зикр дошт, ки Ҷумҳурии Туркия низ монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди табадуллоти нокоми давлатӣ гардидааст ва кӯшиши табаддулотеро, ки соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хоинон роҳандозӣ шудааст, ҷониби Туркия эҳсос менамояд. Дар рафти суханрониаш профессор Маҳмут Ак тазаккур дод, ки гурӯҳҳои тундгарое, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд, мехоҳанд озодии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол баранд. Аммо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки ин бофтаҳои бадхоҳони миллати тоҷик аст.
Дар фарҷоми суханрониаш ректори Донишгоҳ аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки сарҳадии тӯлоние, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавҷуд аст, на танҳо ба вазъи амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Туркия низ хатари ҷиддӣ дорад.
Дар ҳошияи Конфронси мазкур инчунин мулоқоти хоси Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористӣ (наҳзат ва созмони Фатҳуллоҳ Гюлен)-ро дар кишварҳои хеш маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад. Ректори донишгоҳи Истанбул таъкид намуд, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест.
More Articles...
- Муфтии Тоҷикистон дар меҳмонии Ҷамъияти тоҷикони Миср
- Конференсияи байналмилалии Қоҳира: Шурои уламои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсоният ва башарият хонданд
- Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳира: Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм бо Миср шарик аст.. ва бояд дасти кумаккунандаи Эрони тахрибкор ба ташкилотҳои террористӣ бурида шавад





















