ИДОМАИ БАРГУЗОРИИ КУРСИ ОМУЗИШИ "ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ", ДАР ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ.
Санаи 21 ноябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истиқлол дар мавзуи "Рушди соҳаи саноат дар даврони соҳибистиқлол" Муовини раиси шаҳр Давлатбек Шуҳратзода бо шунавандагон курси Пайравони пешвои милат суҳбат намуданд.
Ҳамзамон шунавандагонро ба корхонаи металургии бурда аз наздик рафти фаъолиятро дар ин корхона шинос намуданд, ҳамчунин шунавандагон аз рафти сохтмони ду корхонае, ки корҳои сохтмони огоз гардиданд дидан карданд.
РӯЗИ АХБОРИ СИЁСӢ
Дар корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ахбори сиёсӣ бо иштироки ҳайати тарғиботчиёни вилоятӣ ва маҳаллӣ доир гардид.
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСТИҚЛОЛ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
1.Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Истиқлол – 1 ҷой,
Талаботи тахассусӣ барои довталабон:
- таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти иҷтимоии фарҳангӣ, илмҳои гуманитарӣ, психологӣ ё соҳаи идоракунии давлатӣ;
- 5 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сандаҳои меъёри ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих, фарҳанг муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии мудири шуъбаро ба танзим медарорад.
Маоши мансабӣ – 2560,25 сомонӣ, иловапулӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ аз рўи ҷадвали ягонаи тарифӣ.