Медали нуқра муборак бошад
Лозим ба қайд аст, ки таълиму тарбияи воло ва масъулият дар болоравии сатҳи донишу маърифати хонандагон дар навбати аввал ба дӯши муассисаҳои таълимӣ бошад, ҷойи дигар назорати ҷиддӣ ва аҳамият дар масъалаи донишандӯзии хонандагон вазифаи падару модарон аст.
Ҳафтаи сипаригардида хонандаи синфи 11-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 Алиева Парвина дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ, ки дар мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд аз фанни забони русӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойи дуюм гардид ва бо медали нуқра ва Ифтихорномаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон ба ӯ ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба соҳаи маориф китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” тӯҳфа карда шуд.
ҚАРОРИ Раиси шаҳр аз 4-уми апрели соли 2018, №62 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ”, ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 қарори Раиси вилояти Суғд таҳти № 89 аз 14-уми марти соли 2018 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, нусха аз протоколи маҷлиси раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2017, №14, қарори Раиси вилояти Суғд аз 21 феврали соли 2018, №51 ва бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Аз санаи 1 марти соли 2018 дар шаҳр ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон карда шавад.
ЧОРАБИНИҲОИ МЕТОДӢ - АМАЛӢ БАРОИ РАФЪИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА
Санаи 6-уми апрели соли 2018 дар асоси нишондодҳои ташкилию методӣ оид ба масъалаҳои мудофиаи граҷданӣ, пеш-гирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳр «Рӯзи мудофиаи граҷданӣ»-и намуна-вӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи маорифи шаҳр Мазамбекова А. ва намояндагон аз дигар муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок доштанд.