Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи мақомоти марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 19.02.2021. /АМИТ «Ховар»/. 18 феврали соли ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо ҳайати баландпояи хадамотҳои марзбонӣ ва кор бо муҳоҷирини Иттиҳоди Аврупо: Анджей Якубшек — директори раёсати кор бо шаҳрвандони хориҷии мақомоти марзбонии Полша, Лоте Лавиня ван дер Маде — мудири бахш оиди ба бозпасгардонӣ ва Эдита Скибинска — масъули аршади тамос оид ба бозпасгардонӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, баргузор гардид.
АЗ ИЗҲОРОТИ АҲМАДЗИЁ СИРОҶ НАҲЗАТ БА ДАҲШАТ ОМАД
Аз як изҳороти ҷониби Афғонистон саркардаи наҳзати террористӣ ба даҳшат омад ва аз ноилоҷӣ як баёнияи дуруғинеро паҳн кард, ки касе ба он бовар надорад. Гап сари он аст, ки раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон, Аҳмадзиё Сироҷ, дар суханрониаш вобаста ба натоиҷи "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" ҳақиқатеро гуфт, ки он ҳоли саркардаи наҳзат ва ҳаммаслакони уро бад кард кард.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дабири кулли СААД мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми феврали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».





















