ВОХӮРИҲО ИДОМА ДОРАНД
Имрӯз дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами дуи шаҳр вохӯрӣ бо сокинони шаҳр доир гардид.
Дар вохӯрӣ сараввал директори муассиса Аҳмадзода Шӯҳрат оид ба масъалаҳои соҳаи маориф, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак", тарбияи фарзанд ва дигар масъалаҳо баромад кард.
ИСТИҚЛОЛИЯТ- БУНЁДГУЗОРИ ДАСТОВАРДҲОИ АЗИМ ДАР КИШВАР
Санаи 5 сентябр дар толори Литсейи касбии техникии шаҳри Истиқлол конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони "Истиқлолият- бунёдгузори дастовардҳои азим дар кишвар" бахшида ба 33- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Истиқлол Ниёззода Муҳаммад, намояндаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Миркамолов Маҳкамҷон ва омӯзгорону хонандагон ширкат намуданд.
Дар конференсия директори муассиса Исфандиёр Ниёзов, Миркамолов Маҳкамҷон, Муҳаммад Ниёззода ва чанде дигарон дар мавзӯҳои ба Истиқлолияти кишвари азизамон вобаста баромад намуданд.
МИЗИ МУДАВВАР ДОИР БА ПЕШВОЗИ 33 СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Китобхонаи марказии назди бахши фарҳанги шаҳр бо иштироки намояндагони МИҲД- и шаҳр, намояндагони КДАМ ҶТ ва ШВКД ҶТ дар шаҳри Истиқлол, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳр, зиёиёну адибон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ва хонандагону омӯзгорон мизи мудаввар доир ба пешвози 33 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ намояндагон доир ба аҳамият ва самари Истиқлолияти кишвар, ватандустиву хештаншиносӣ, саҳм барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи насли наврас, пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуб дар байни ҷавонон, донишомузӣ, ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба таълиму тарбия суханронӣ намуда, фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба масъалаҳои дар боло қайдгардида иброз доштанд.





















