Ҳар куҷое бошем, ба ёди Ватан бошем,
БИЁ ТО ДАСТИ ҲАМ ГИРЕМ!
Паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19 масъалаи доғест, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳлука овардааст. Мутаассифона, ин вабои аср ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ роҳ ёфта, ҷони садҳо ҳамватанонамонро ба хатар гузоштааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасеро роҳандозӣ намуда, ин масъалаи муҳимро пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.
Чораҳои муассир
Имрӯз низ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 дар шаҳри Истиқлол бо дастгирии Раиси шаҳр 1000 пар дастпӯшакҳо, 2700 адад ниқобҳои бисёркарата антисептикҳои панҷлитра ва дигар маводҳои безараргардонӣ харидорӣ карда шуда,ба сохторҳои дахлдори соҳаи тандурустӣ дастрас карда шуд. Лозим ба қайд аст, ки чунин иқдомҳо имрӯзҳо дар шаҳр амалӣ шуда истода, барои пешгирии ин бемории сироятӣ мусоидат хоҳад кард.
Маросими гулчанбаргузорӣ
Бахшида ба 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба имрӯз дар назди Муҷассамаи "Шаҳидон"-и Ҷанги Бузурги Ватании шаҳри Истиқлол ба хотири бузургдошти гузаштагон, ки бар муқобили душман дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ва ҷиҳати ба дастовардани Ғалаба бар фашизм ҷонбозиҳо кардаанд маросими гулчанбаргузорӣ ташкил гардид.






















