шаблоны joomla

Матни равон
"Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол мегирем"
Print
PDF

Таджикистан попал в тройку самых безопасных стран мира по версии Института Гэллапа

There are no translations available.

Американская исследовательская организация назвала Афганистан самой небезопасной страной в мире в 2018 году.

 

Институт Гэллапа 7 ноября опубликовал свой новый отчет по исследованию, основанного на результатах опроса 152 000 людей из 142 стран и регионов мира.

В каждой стране было опрошено более 1000 человек на тему того, насколько ее жители доверяют полицейским органам и чувствуют себя в безопасности в ночное время, а также о том, подвергались ли они нападению или краже за последние 12 месяцев.

По результатам данного опроса, Афганистан набрал всего лишь 38 голосов и оказался на последнем месте в рейтинге после Венесуэлы.

Согласно этому исследованию, 50% опрошенных афганцев пожаловались на то, что в 2018 году у них украли деньги или машину, и ещё 29% сказали, что подверглись нападению.

Руководство Института отмечает, что в каждой стране было опрошено около 1000 людей старше 14 лет. В некоторых случаях опрос был проведён в форме интервью «лицом к лицу», а в некоторых случаях по телефону.

Также согласно отчету, первые три строчки в рейтинге самых безопасных стран мира занимают Сингапур - 97 голосов, Таджикистан – 94 голоса, Объединенные Арабские Эмираты - 93 голоса.

Саджджод НУРИСТОНИ

Dialog.TJ

Print
PDF

Сафари созандаи Раҳбар ва бадхоҳии душманон

There are no translations available.

 

Сафарҳои Пешвои миллат ҳамеша бо ҳадафи созандагию бунёдкорӣ ва гулгулшукуфии Ватани ҷоноҷонамон равона шуда, сермаҳсулу пур аз дастовардҳоянд.


Ин сафарҳо ҷиҳати табодули таҷриба, сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа саҳмгузор буда, барои боз ҳам дар арсаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву молиявӣ ба пешрафт мувоҷеҳ шудани кишвар имкони воқеӣ фароҳам меоваранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон тайи 27 соли роҳбарии Пешвои миллат шоҳиди он гардидаанд, ки ин сафарҳо робитаю муносибатҳоро ба кишварҳои дуру  наздик таҳким бахшида, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намудаанд, бо шарофати ҳамин сафарҳост, ки сармоягузории бемайлон ба ҳамаи соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ сол ба сол афзуда, иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳу сифати зиндаги шарафмандонаи сокинони муазами кишвар дар ҳоли ташаккул қарор дорад.

 

Сафари навбати Пешвои миллат ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар шароите сурат гирифта истодааст, ки халқи азизамон ҷиҳати тадбиқи ҳадафи чоруми саноатикунони бо суръати кишвар тамоми имконоти хешро сафарбар намуда, онро дар ҳоли амаликунонӣ қарор доранд. Мусалам аст, ки дар ҷаҳони имрӯз саноат асоси истеҳсолоти ҳар кишварро ташкил карда, нишондиҳандаҳои пешрафти саноат дар маҷмуъ нишондиҳандаҳои иқтисоди кишварҳоро ташкил медиҳад, ҷиҳати расидан ба ин ҳадаф ду омили асоси; яке сармоягузорӣ ва дигаре ворид намудани технологияи навин мебошад, ки тавонад корхонаҳои саноатии кишварро дар баробари корхонаҳои дигари ҳамсон ба рақобатпазирӣ тобовар намоянд. Барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо ва муаррифӣ имкониятҳои иқтисодӣ ва захираҳои дастнахурдаи кишвар, махсусан дар зимни сафарҳои кории Пешвои миллат шароити мусоид ба миён меояд. Дар сафари навбатии ба вуқуъ пайваста, ки дар кишварҳои Швейтсария ва Фаронса сурат гирифт дар баробари мулоқот бо  лидерҳои сиёсии ин кишварҳо, инчунин Президенти кишвар бо доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом доданд ва имкониятҳои кишварро муарифӣ намуданд. Зимни муарифӣ раҳбарияти олии кишвар таваҷҷуҳи бевосита ба самтҳои саноатикунони кишвар сармоягузорӣ ба ин бахш ва ба навъҳои гуногуни сайёҳӣ, имкониятҳои саёҳии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Албатта ҳар сафар бо бастани шартномаҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа сурат мегирад, ки натиҷаҳои онҳо пас аз гузашти вақт барои пешрафти кишвар самараи нек ба бор хоҳанд овард. Сафари навбати Президенти кишвар, ки ба давлатҳои Аврупоӣ нигаронида шудааст, метавонад дар ояндаи наздик барои кишварамон паёмадҳои некеро дошта бошад, зеро кишварҳои Арупои аз лиҳози иқтисодиву сиёсӣ ба гуруҳи давлатҳои пешқадам ва таъсиргузори сайёра ба ҳисоб рафта, дар тасмимгириҳои муҳими ҷаҳони даст доранд.

Аммо ин сафар барои наҳзатиҳои террористи хиёнатпеша, ки ҳамеша аъмолашон зидди пешрафти давлату миллат нигаронида шудааст, ин дафъа низ хиёнатгарона ва нотавонбинона буд. Ин гуруҳи беҳувияти худбохта, ки муддати мадидест дар Аврупо ҳуқуқи башару озодиҳои инсонро шиор табдил додаанд ва аслан моҳияти онро аслан дарк намекунанд, хостаанд дар Фаронса  беобурӯиву пурпӯстии хешро “даъвогар”  ва “озодманиш” нишон диҳанд. Вале воқеият  на ба он тарзе, ки онҳо мехостанд сурат гирифт.  Аҷиб ин аст, ки ин террористони ҷиноятпеша, ки бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд, бо беруии тамом худро дар назди ҷомеаи байналмилалӣ бо бечоранолӣ, мазлум нишон додан гӯё мехостанд, додхоҳии хешро изҳор намоянд, вале чун дар тамоми амалкардҳояшон хусусиятҳои ифротгароиашон бармало ҳаст ва онро наметавонанд идора намоянд, боз ҳам дар Фаронса даст ба ифроткорӣ заданд ва хостанд бо муҳофизони Президент даргир шаванд, вале полиси Фаронса дар ҳол амали онҳоро, ки мухолиф ва муғойири тамоми меъёрҳо буд пешгирӣ намуданд ва онҳоро боздошт карданд. Худи ҳамин амал бозгӯкунандаи он аст, ки нафароне, ки мактабҳои экстремистиву террористиро гузаштаанд, ҳеҷ гоҳ таҳаммулпазир ва солим муносибат карда наметавонанд. Онҳо агарчи дар як ҷомеаи мутамаддин ва мардумсолор ба сар мебаранд, вале афкору ақоид ва амалкардҳояшон ҳамеша аз он андешаи ифротиву инсонбадбиниашон  сурат мегирад. Мутмаинем, дар сурати одитарин фурсат барояшон пайдошудан дубора бо ришу ҷелакҳои террористи барои диндор кардани мардумони Аврупо бо шеваҳои хашини инсонбадбини шуруъ хоҳанд кард.  Зеро андешаи ифротию хашини ин гуруҳро бо ҳеҷ чиз пушонида намешавад. Сад накунӣ, ки террорист террорист боқӣ мемонад.

 

Эҳсони Илҳом

Print
PDF

Нотавонбинӣтобакай? Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!

There are no translations available.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Фаронса муносибатҳои мутақобилаи судманд дошта, ҳамкориҳо байни ду давлат дар самтҳои гуногун хуб ба роҳ монда шудааст. Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса 3 марти соли 1992 барқарор шудаанд.


3 ноябри соли 2001 дар шаҳри Душанбе сафоратхонаи Ҷумҳурии Фаронса кушода шуд. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Париж соли 2013 ифтитоҳ ёфт. Муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаҳои иқтисодиёт, илму техника, фарҳанг ва ҳарбӣ ҷараён доранд. 28 ноябри соли 2012 дар ш. Париж дар бинои Сенати Фаронса Ассотсиатсияи дӯстии «Фаронса-Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро собиқ Сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани ба душ дошт. Ҳамчунин дар шаҳри Парижи Фаронса Анҷумани форсизабонони ҷаҳон бо номи Рудакӣ фаъолият менамояд, ки роҳбарии онро шаҳрванди ин кишвар профессор Масъуд Миршоҳӣ ба уҳда дорад.  Қобили қайд аст, ки дар заминаи созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Фаронса (4 декабри соли 2002 дар ш. Париж имзо шуд) ҳамчунин дар ш. Душанбе Маркази фарҳангию-маорифии “Бохтар” (Centre Culturel Bactria) фаъолият менамояд, ки ҳамасола чорабиниҳои фарҳангию маорифӣ, аз ҷумла Ҳафтаи франкофония, намоиши филмҳои фаронсавӣ, намоишгоҳҳои китобу рассомон, озмунҳои забони фаронсавӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Ҳамзамон, дар Маркази фарҳангии “Бохтар” курсҳои омӯзиши забони фаронсавӣ барои хоҳишмандон амал мекунанд.

 

Барои хоҳишмандони таҳсил кардан дар Фаронса аз моҳи сентябри соли 2016 дар Маркази фарҳангии “Бохтар” (ш.Душанбе) идораи барномаи Агентии таҳсилоти олии “Campus France” кушода шудааст, ки барои дарёфти бурсияҳои таҳсилотӣ дар донишгоҳҳои фаронсавӣ кумаку роҳнамоӣ мекунад.

Сафари дар пешистодаи Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи ноябри соли 2019 низ бо мақсади тақвият ва тавсеаи  ҳамкориҳои муштарак ва манфиатбахш нақшабандӣ карда шудааст.

Тибқи бархе аз расонаҳои ҳангоматалаб, пайравони оппозитсияи тоҷик, ки дар Аврупо зиндагӣ менамоянд, иддао доранд, ки ин сафари роҳбарияти давлати мо характери инфиродӣ ва пинҳонӣ дорад. Чуноне, ки барои ман ҳамчун як шаҳрванди оддӣ маълум гардид (агар сафар махфӣ мебуд, барои мо барин шахсон дарёфти маълумот дар ин ҷода мушкил мебуд) ҳангоми ин сафар роҳбарияти давлатро як қатор сарварони муассисаву ташкилоти ватанӣ, нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Дар ин замина ба имзо расонидани якчанд созишномаву шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаву ташкилоти фаронсавӣ дар назар дошта шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки қабл аз вуқӯи сафарҳои хориҷии Президенти кишвар ҳафтаҳову моҳҳои зиёде барои мувофиқа намудани он, тартиб додани чорабиниҳои ташрифотӣ, таҳияи раводид ва таъмини амнияти меҳмонони воломақом сарф мегарданд.

З-ин сабаб даъвои беасоси нотавонбинон, ки пешравии мамлакати моро, қабл аз ҳама ватани мо ва худи онҳоро дидан намехоҳанд, бе асосу бе мантиқ аст. Агар шумо ҳисси милливу ватандӯстӣ доред, чаро дар бораи корномаҳои варзишгарону мактаббачагони Тоҷикистон ки дар арсаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтаанд, намегуеду васф намекунед, шодишарики мо нестед. Танҳо ба паст задани обрӯй ва нуфузи кишвар, халқу миллат ва давлати тоҷикон  машғулед. Маргро афзалтар донед, агар нангу номус доред!

 

Собири Камол

 

 

 

Истиқлол дар расмҳо

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

 

МИҲД шаҳри Истиклол МИҲД шаҳри Истиклол

Бахшҳои сомона

Муовинони Раис

Сомонаҳои расмӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

МИҲД вилояти Суғд
МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

Error: Any articles to show

Райъпурсӣ

Райъпурсӣ
 

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз869
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1188
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта2057
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта10086
mod_vvisit_counterҲамин моҳ48233
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта37172
mod_vvisit_counterҲамагӣ5233178

ИСТИҚЛОЛ

Powered by Joomla CMS.