Дипломатияи комёби тоҷик
Фиристода бояд, ки доно бувад,
Ба гуфтан далеру тавоно бувад.
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвардаи даврони Истиқлолият аст. Аз тамоми давраҳои буҳрони давлат гузашта, дипломатияи тоҷик ифодагари манфиатҳои миллӣ ва посухгӯи замон гаштааст. Сафари ахири Пешвои миллат ба кишварҳои калидӣ ва тасмимгирандаи сатҳи ҷаҳонии Аврупо аз он далолат мекунад, ки сиёсати хориҷии Тоҷикистон бо фатҳ кардани уфуқҳои ҳудуди кишварҳои наздик ва аъзои ИДМ, дипломатияи самти аврупоиро ба арши аъло фаро мегирад. Пазируфтани ин амр барои бегонагон муҳол аст, ки 30 сол пеш Тоҷикистон ҳамагӣ 7 дипломат дошт, ки онҳо бо корҳои дуюмдараҷаи ташрифотӣ машғул буданд ва асосан дар қабули гусели меҳмонони хориҷӣ, ки тавассути шаҳри Душанбе ба Москва мерафтанд, саҳмгир буданд. Рушду нумӯи дипломатияи тоҷик танҳо дар замони Истиклолият он ҳам бо заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати роҳбарӣ ва кории Вазорат ба вуқӯъ пайваст. Асосгузори дипломатияи навини тоҷик –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки санги таҳдоби Вазорати корҳои хориҷиро гузошт ва 29-уми сентябрро Рӯзи дипломатия эълон намуд. Ба асли мавзӯъ агар баргардем, аз пешрафти бесобиқаи дипломатияи тоҷик ҳама хушнуданд, ба истиснои аъзои раҳбарии ҳизби мамнӯи наҳзат, ки дар хориҷи кишвар бо такя ба ҷаҳлу таассуби фарогири асримиёнагӣ, таблиғотро бар зидди дипломатияи фаъол ва устувори ҶТ ба роҳ мондааст. Наҳзатиҳои ҳеҷкораи ҳамадон намедонанд, ки сохторҳои дипломатӣ ва масоили сиёсати улвии хориҷӣ ба ҳамаи миллат марбутанд ва барои ҳифзи тамомияти арзӣ, якпорчагии ҳудудӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони дар хориҷа буда равона шудаанд. Ҳамин наҳзатиҳо чун кундзеҳн ва чалласавод мебошанд, намефаҳманд, ки муассисаҳои дипломатӣ ва консулӣ дар хизмати онҳоянд ва ҳамкорӣ бо онҳо барои сиёсиюни оворагард як амри зарурист.
Дар Европа мактабҳои зиёди дипломатӣ ва лоиҳаҳои гуногуни геополитикӣ зуҳур кардаанд ва марҳилаи пайдоиш, инкишоф ва суқутро паймудаанд. Дар раъси яке аз ин мактабҳо - Николо Макиавелли, сиёсатмадори асри 15 ва 16-уми Европа меистад, ки дар китоби машҳураш «Давлатмард» роҳҳои сиёсати амалиро таҳлил ва баррасӣ кардааст. Мавқеи ӯ дар шиори «Барои расидан ба ҳадаф ҳамаи воситаҳо хубанд» сару садоҳоро на танҳо дар афкори оммаи аврупоӣ, балки ҷаҳонӣ ҳам ба вуҷуд овард ва то ҳол ҳамчун нишонаи бадтарини татбиқи сиёсат ва давлатсозӣ шинохта мешавад. Тарафдори ин сиёсат ҳоло наҳзат аст.
Аврупо бояд тавозунро дар барқарор кардани муносибатҳои дуҷониба бо ниҳодҳои расмӣ ва созмонҳои мухолифини Осиёи Марказӣ иҷро мекард. Вале таҳлилҳо нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд ва пуштибонии моливу маънавӣ аз ташкилотҳои ифротӣ, ки ба ҳар баҳона дар Европа қарор доранд, ҷузъи фаъолияти ҳозираи дипломатии Аврупо -ро ташкил мекунад. Ин дипломатия бар суннати қадимии аврупоӣ такя накарда, бо минбар додан ба ташкилотҳои ифротӣ маҳдуд мешавад, ки дар ин робита, сифат ва кайфияти робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро бо ниҳодҳои давлатӣ, ҳамчун ягона ифодагари қонунӣ ва табии халқ латма мезанад. Дар дурнамои наздик, ин омил ба болоравии сатҳи ифротият ва таассуб дар ҷомеаи ғарбӣ ва дар марҳилаи ниҳоӣ барои шаклгирии афкори оммаи зиддимиллӣ, мусоидат хоҳад кард. Дар ин ҳолат назорат ва хунсо кардани таҳдиду хатарҳои бавуҷудомада, ки ношӣ аз эътиқоди ҷангии наҳзатианд дар оянда, номумкин хохад шуд.
Аврупоиҳо бо тавсияи чанд нафар маъмур ва коршиноси худ, ки аз Точикистон хабар надоранд ва ё ки сатҳӣ ба масъалаҳои дипломатӣ бархӯрд мекунанд, ба ниҳодҳои ҳукуматӣ муносибати дугона ва ё дар баъзе мавридҳо хасмона дорад. Кор то ҷое расидааст, ки ниҳодҳои расмии давлатиро монда, мавқеи онҳоро дар масъалаҳои рӯзмарраи ҷомеа ба инобат нагирифта, бе андозаи муайян мафтуни аъзоёни фирории ҲНИ дар Европа шудаанд. Касе ба мавқеи ниҳодҳои дипломатии тоҷик гӯш намедиҳад, ки аъзоёни наҳзат бо ангезаву сабабҳои иқтисодӣ, яъне молу бозорёбӣ ба Европа ҳиҷрат кардаанд ва ҳамчун субъекти баҳсу мунозираи сиёсӣ аслан дар афкори оммаи дохилиҷумҳурӣ шинохта ва пазируфта намешаванд. Ҳизбе ки пойгоҳи иҷтимоӣ надорад, ғояи динӣ ва мақоми волои Худоро ба инҳисори ҳизбӣ гирифта, мусулмон будан ва набуданро бо доштани билети партиявӣ марбут донистааст, наметавонад, баёнгари манфиати умуихалқӣ дошта бошад. Ин созмонест ки дар асоси тахайюли бофтаву сохтаи як хонавода таъсис ёфта, он ҳам аз нуқтаи назари эътиқодӣ заиф ва парешон фаъолияти зиддимиллиро пеш бурда истодааст. Муомила бо рӯҳонияти таассубзада ва ақибгаро хавфу хатари ҷиддиро барои давлатсозӣ эҷод мекунад. Афроди наҳзатӣ бинобар пойбандӣ ба ҷаҳлу таассуб ва якҷониба андешидан, дар таркиби давлат ба ҳайси сутуни 5-ум ҳамеша хизмат кардаанд. Андешаҳои нодурусти баъзе аз ташкилоти байналмилалӣ воқеиятро баён намекунанд, зеро ҳамаи омилҳои рушдро дар муносибати кишварҳо ба назар нагирифтаанд. Дидгоҳи якҷониба ва яксӯбинонаи дипломатияи Аврупо нисбат ба созмонҳои эътирофшудаи ифротӣ-даҳшатафкан таҷдиди назар мехоҳад.
Рашид Султонзода, таҳлилгари масоили дипломатия.
Давлатҳои Аврупо ҳамчун шарики боэътимоди Тоҷикистон
Аз рӯи хабарҳои дастрасшуда сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Аврупо дар назар аст, ки бо таклифи сарварони чанд давлати Аврупоӣ сурат гирифта, як қатор созишномаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ба имзо мерасад ва боиси ифтихори мардуми кишвар мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Кабирию Иқболифлоси ватанфурӯшу хиёнаткор бо дигар наҳзатиҳои террорист дар сомонаҳои ифротии “ислоҳ.нет”, “паём.нет”, “озодандешон” мунтазам матлабҳоеро ба нашр мерасониданд, ки сарвари Тоҷикистонро ба Аврупо даъват намекунанд, акун сафар оғоз ёфт, наҳзатиҳои террорист мисли “маймуни кунсухта” аз тарс ба таҳлука афтодаанд. Акнун муносибати аврупоиҳо нисбат ба наҳзатиҳои террорист тағйир хоҳад ёфт ва “хоҷагони хориҷӣ” бо ду дасти адаб онҳоро ба Тоҷикистон месупоранд, то ки барои ҷиноятҳои содир кардаашон дар назди халқ ҷавоб гуянд. Чунки дар соли равон дар ҷараёни ҷаласаи САҲА дар Варшава симои аслии ифротӣ-террористии наҳазатиҳои хунхор аз ҷониби ҳайати расмии Ҳукумати кишвар дар назди аврупоиҳо пурра ошкор карда шуд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯз ин Кабирию, Иқболифлосу дигар наҳзатиҳо заифу нотавонанд, мисли шағол танҳо ҷоғ мезананду халос, аз дасти ин разилон ба ғайр аз иғвогарию дасисабозӣ дигар коре намеояд. Боз ин сагони дайду мардумро насиҳат мекунанд роҳ нишон медиҳанд, худро тоҷик мегиранд. Марг ба чунин наҳзатиҳои беномус, аблаҳ бетамиз, ифлос. Мардуми кишвар ба Кабирию Иқболифлос ва дигар наҳзатиҳои чоплусу ватанфурӯш нафрат доранд, онҳо душмани миллати тоҷик ҳастанд. Ҳарчанд онҳо худро «моњи беайб» нишон диҳанд ҳамон қадар нафрати мардум нисбаташон зиёдтар гашта истодааст.
Сафари Президенти Тоҷикистон ба Аврупо, ин шинохти кишварҳои аврупоӣ аз давлати тоҷикон, дастгирии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат, ҳамчун шарики боэътимод мебошад. Акнун дигар дасисабозию иғвогариҳои душманони миллат-наҳзатиҳои хунхорро ба муқобили меҳану миллати тоҷик қабул надоранд. Умедворем, ки сафари сарвари давлат ба Аврупо натиҷаҳои босамар барои мардуми тоҷик медиҳад. Бо умеди ғалаба ба бадхоҳони миллат, Тоҷикистон ба пеш!!!
Сармасти Валӣ
Бегонапарастони наҳзатиӣ дар Фаронаса
Рӯзи гузашта Паём нет хабар додаааст, ки як гурӯҳ аз роҳбарон ва тарафдорони мухолифини тоҷик дар шаҳри Порис, пойтахти Фаронса дар назди дафтари МЕДЕФ – Анҷумани соҳибкорони Фаронса, алайҳи сафари президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷаммӯи эътирозӣ доир кардаанд. Қайд мегардад, ки ин нафарон дар даст шиору овезаҳо надоштанд ва танҳо дар назди камераҳо сухангӯи намуданд.
Акнун мебинем, ки ин роҳбарон ва тарафдорони бо ном мухолифини тоҷҷик аслан киҳо ҳастанд: Бобоҷон Қаюмзод, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темур Варқӣ, Шоҳнаим Каримӣ, Илҳомҷон Ёқубзода. Шояд инҳо барои наҳзатиҳо роҳбар, қадрдон ва ё соҳиби иззату обру бошанд, аммо шахсан барои ман ин як тоифаи хоинони миллати тоҷиканд ва халлос. Инҳо афроде ҳастанд, ки ватану миллат надоранд. Аз сар то по дар вуҷудашон дурӯғ ва дар қалбашон торикиву хиёнат аст.
Баъдан инҳо бо раисашон Кабирӣ ҳамон пасмондаҳои наҳзатӣ, яъне мусор ҳастанд. Бовар дорам агар собиқ наҳзатиҳо аз хок сар мебароварданду аҳволи ин “ҳамақидаҳояшон”, меросхӯрҳояшонро медиданд аз шарм боз сар зери хок мекарданд. Зеро дар инҳо ягон заррае аз дин ва имон боқӣ намондааст. Наҳзатиҳои собиқ ҳадди ақал аз Худо метарсиданд. Онҳо пас аз муноқишаҳои дохилӣ хатоҳояшонро фаҳмиданд, аҳамияти ватандорӣ, ҳамгироӣ ва ваҳдату ягонагӣ, тинҷиву осоиштагиро сидқанд дарк намуданд, сулҳ карданд. Онҳо ҳеҷ вақт Аврупову Амрикоро надида буданд ва фикр ҳам намекарданд. Аммо насли навини наҳзат бо роҳбарии Кабирӣ ва он чор буздили ватанфурӯше, ки нисбаташон дар боло ишора намудем, акнун ҷойи гарми худро ёфтанд. Шояд мегуянд, ки “Худо дод, ё насиб ҳамин будааст”.
Худ қазоват кунед, ки Паём нет мегӯяд, “таҷаммӯи эътирозии мухолифин”. Ин чунин аст, ки 4-5 нафар буздили хоин бо мақсади намоишҳои эътирозӣ омаданд, аммо дар даст плакатҳо надоштанд ва танҳо дар назди камераҳо алайҳи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон сухан гуфтанд. Пас ин чӣ гуна таҷаммуъи эътирозӣ буд? Магар ҳамин гуна корро дар ҷойи зисташон мекарданд намешуд, ки ин қадар сарсону саргардон шуда ба Порис омадаанд. Яъне онҳо дар як ҷои бехавф дар рӯбаруи камера сухан мегуфтанд ва сабти онро аз тариқи сомонаҳояшон чун ҳарвақта намоиш медоданд. Бале намешуд, зеро онҳо супориши хоҷагонашонро иҷро кардаанд ва барои ин амалашон шояд мукофотҳо онҳоро интизор буд. Ва дар сурати дигар агар дар даст шиорҳо ҳам медоштанд ва шумораи онҳо бештар ҳам мешуд ва бигузор, ки мардуми он кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳи зиёд ҳам мекарданд, пас чӣ? Магар ин шармандагӣ нест? Ин панҷ нафар дар асл, кистанд ва барои Тоҷикистон, ватану миллат ба ғайр аз ҷангандозӣ дигар чӣ кори хайреро анҷом додаанд. Бисёр ҳам олӣ мешуд, ки мақомоти низомии Фаронса дасту пойҳои ин хоинонро баста ба Тоҷикистон месупурданд ва онҳо дар назди қонунҳои Тоҷикистон ҷавоб мегуфтанд.
Тоҷикистон ба пеш!
Нест бод хоинони миллати тоҷик!
Сафар Абдулло, донишҷӯ.





















